Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – Қасидаи «Шикоят аз пирӣ»

Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Ин қасида аз 34 байт иборат буда, дар баҳри муҷтасси мусаммани мақсур суруда шудааст. Баҳри муҷтасси мусаммани мақсур дар ҳар мисраъ аз рукнҳои мафоилун, фаилотун, мафоилун ва фаълун иборат аст.
Аз ҷиҳати мавзўъ «Шикоят аз пирӣ» қасидаи шарҳиҳолӣ буда, шоир онро дар айёми пирӣ ва рўзҳои саõти зиндагиаш навиштааст. Дар ин қасида Рўдакӣ лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти худ, хусусан гардишҳо ва баландию пастиҳои онро ба ёд меорад. Аммо ин ба ёд овардан нақли оддии саргузашти шоир, баёни сатҳии ҳоли ў ва зикри ҳолии воқеаҳои таърихӣ набуда, дар заминаи мушоҳидаҳо, натиҷагириҳо, баёни ҳаяҷони пурзӯр, андешаҳои амиқ ва тафаккури ҷиддӣ асари асили санъат эҷод гардидааст. Шоир гузаштаи ширини афсонавӣ ва ҳозираи талхи воқеии худро ба муҳокима гузошта, аз тафовути он натиҷаи ибратбахш мегирад. Аз ин ҷиҳат онро хулосаи фалсафӣ ва ҷамъбасти иҷтимоии зиндагии дурудароз, nургардиш ва пурмазмуни устод Рўдакӣ шумурдан мумкин аст.
Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» аз ҷиҳати устухонбандӣ ва сохти композитсионӣ ба панҷ қисмат тақсим мешавад:
1. Дар чор байти аввал шоир хабар медиҳад, ки фалокате ба сараш омадааст ва аз таъсири он дандонҳояш ҳама рехтаанд. Вай қасидаро бевосита аз баёни воқеа сар мекунад. Дар ҳамин ҷо бо ташбеҳҳои олӣ васфи дандонҳои шоир ва бо ҳасрату андӯҳ фалокати расида ба қалам дода мешавад. Вале шоир таъкид менамояд, ки ин алами ҷонкоҳ аз бахти бад яъне наҳси Кайвон ва пирӣ, яъне рўзгори дароз набуда, ба қазои Яздон, яъне ба воқеаҳои рўзгор вобаста аст:

Маро бисуду фуру рехт, ҳар чӣ дандон буд,
На буд дандон, ло, бал чароғи тобон буд.
Сапеду симзада буд, дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун з-он, ҳама бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд? — Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд.
На наҳси Кайвон буду на рӯзгор дароз,
Чӣ буд? Ман-т бигўям: қазои Яздон буд.

2. Пас аз ин Рўдакӣ дар чор байти баъдина, ки як навъ руҷўи фалсафист, масъалаи ҳамеша дар ҳаракату тараққӣ будани олам, ҳеҷ гоҳ сукути мутлак надоштни он, ҳамеша аз шакле ба шакли муқобил ва аз ҳолати акси он тағьир ёфтани ҳастиро ба қалам медиҳад. Шоир дар натиҷаи амиқ омўхтани дуньёи воқeӣ ба хулосаи амиқи фалсафиe расидааст, ки олами моддӣ як хел ва як ранг наистода, бо гардиши фалак ва гузашти айём ҳаёт аз сифате ба сифате табдил меёбад. Аз ин рў, кўҳна нав мешавад, дармон-дард, биёбон-гулиетон, боғ – харобазор ва баръакс. Аз ин маълум мешавад, ки Рўдакӣ дар ҷаҳонбинии худ то ба дараҷаи фаҳмиши диалектикаи ибтидои расида будааст. Диалектика калимаи юнонӣ буда, инкишоферо мефаҳмонад, ки бо тамоми мураккабӣ, пуррагӣ ва зиддиятҳои дохилиаш ҷараён ёбад. Ба ин байтҳо диққат намоед:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,
Ҳамеша то бувад ойин-ш, гирдгардон буд.
Ҳамон ки: дармон, бошад, ба ҷои дард шавад,
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне ҳамон, куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон1 буд.

3. Қисмати сеюми қасидаи «Шикоят аз пирӣ» (байтҳои 9— 23-и он) саргузашти шахсии шоирро дар ҷавонӣ нақл мекунад. Дар ин ҷо шоир шахсияти худро чун ҷузъи табиат ва: ҷамъият мавриди тасвир қарор медиҳад. Аз ин рў, тазодҳои олам барои зиндагии ў низ татбиқшаванда мебошад. Рўдакӣ бо хитобаҳои муассири ҳусн ва айёми навҷавонии худро бо шавқ ба ёд меорад: ў ҷавонест бо қомати раъно, рўяш мисли дебо, мўйҳояш. бо сони қатрон сиёҳ, зулфонаш чун чавгон, дар ҳама ҷо меҳмони азиз аст, чунон шоду хуррам аст„ кн чӣ будани ғам, ҳатто ташвиши аёлу фарзандро намедонад, рўзҳояшро бо айшу шодмонӣ мегузаронад, дили хубрўёнро мебарад. Вале сифати асосии шоир дар ин айём он аст, ки ў, ки дилаш хазонаи ганҷи сухан буд, дар шоирӣ ном бароварда, ў маҳз бо шеъри матини худ дили мардумонро нарм мекард, ин ҳунар ўро бо мардуми сухандон наздик гардонда буд. Ин қисмати шодмонибахши қасидаро суруди ҷавонӣ ва гимни комронӣ номидан мумкин аст. Ҳангоми сурудани ин қисмат шоир ғаму кулфати худро тамоман гум кардааст:

Дилам хазонаи2 пурганҷ буду ганҷи сухан,
Нишони номаи мо мўҳру шеър унвон буд.
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ буд,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.
Басо дило, ки ба сони ҳарир3 карда, ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.
Аёл на, зану фарзанд на, маунат4 на,
Аз ин ҳама танам осуда. буду осон. буд.

4. Рўдакӣ дар қисмати чоруми қасидаи «Шикоят аз пирӣ» (байтҳои 24—33) мақоми ҷамъиятӣ, шўҳрату азамати шоирӣ ва нуфузу эътибори худро дар дарбори Сомониён ва назди аъёну ашрофи олимартабаи дигар ба хотир меорад. Дар ин қис¬мат ҷило, шиддат, ҷўшу валвала ва нишотбахшии қисмати пешин дида намешавад. Шоир акнун. гузаштаи гуворои худро ботамкин, ҳатто бо оҳанги каме ғамангез баён мекунад. Вай мисли булбул нағмасаро, унси родмардон, пешкори мирон, мўътабари подшоҳон, азизи деҳқонони номвар, ҳатто шоири Хуросон, яъне шоири тамоми кишвар буданашро таъкид менамояд. Ў аз оли Сомон тарбия ёфтан ва аз ҳокимон инъомҳои калон гирифтанашро хотирнишон мекунад. Ҳатто боифтихор мегӯяд, ки замоне буд, ки шеъри ўро тамоми ҷаҳон ботаҳсину офарин мешунид. Вале ҳамаи ин бахти дурўғину зудгузаре беш набудааст. Аз ин ҷиҳат, аз гуфтори Рўдакӣ дар ин қисмат оҳанги ҳасрат ба гўш мерасад:

Шуд он замона, ки ў унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон аст,
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон буд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,
Шуд он замона, ки ў шоири Хуросон буд,
Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,
Маро ба хонаи ў сим буду ҳамлон буд.

5. Чаҳор қисмати аввали қасидаи «Шикоят аз пирӣ» бо роҳи тазод, муқобилгузории ҳодисаҳо, ташбеҳ, такрор ва таъкидҳо роҳи тайкардаи қаҳрамони лирикӣ, яъне шоир, дигаргуниҳои рўҳию ҷисмонӣ ва мақоми ҷамъиятии ўро бо тамоми болоравиҳояш нишон медиҳанд. Дар он аз пастравӣ ва таназзули маънавӣ ва ҷамъиятӣ осоре нест. Фақат дар ибтидо аз айбу иллатҳои ҷисмонӣ сухан меравад. Вале дар қисмати панҷум, ки танҳо аз байти охирин иборат аст, натиҷа гирифтан мумкин аст, ки шоир аз ҳамаи ин мақомҳо аллакай афтода, берун аз дарбор ҳаёт ба сар мебурдааст. Ин фикрро радифи «буд» ва чор байти аввали қасида низ қувват медиҳад. Агар воқеаҳои солҳои охири умри устодро ба хотир орем, дар байти оõир қасида маънои нав касб мекунад. Бо ҳама азобу кулфатҳо шоир ба таназзули эҷодӣ роҳ намедиҳад, ў боз дар ҷустуҷўст:

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асою анбон буд.
——————-

1 Хулқон — кўҳна, фарсуда.
							2 Хазона — хазина.
							3 ҳарир — абрешим, шоҳӣ, матои нозуки абрешимӣ. 
							4 Маунат — нафақа, озуқа, таъминот

* * * * * * *
Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд!

Сапеду симрада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд!

Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд?! Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд

На наҳси Кайвон буду на рӯзгор дароз,
Чӣ буд? Ман-т бигўям: қазои Яздон буд.

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,.
Ҳамеша, то бувад ойин-ш, гирдгардон буд.

Ҳамон, ки дармон бошад. ба ҷойи дард шавад,
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.

Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.

Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд,
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.

Ҳаме чӣ донӣ, ай моҳрўйи мушкинмӯй,
Ки ҳоли банда аз нн пеш бар чӣ сомон буд?!

Ба зулфи чавгон нозиш ҳамекунӣ ту бад-ў,
Надидӣ он гаҳ ўро, ки зулфчавгон буд.

Шуд он замона, ки рўяш ба сони дебо буд,
Шуд он замона, ки мўяш ба сони қатрон буд.

Чунон ки хубӣ мeҳмону дӯст буд азиз,
Бишуд, ки бознаёмад, азиз миҳмон буд.

Басо нигор, ки ҳайрон будӣ бад-ў-дар чашм,
Ба рўйи ӯ дар чашмам ҳамеша ҳайрон буд.

Шуд он замона, ки ў шод буду хуррам буд,
Нишоти ў ба фузун буду ғам ба нуқсон буд..

Ҳамехариду ҳамесахт бешумор дирам,
Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки норпистон буд.

Басо канизаки некў, ки майл дошт бад-ў,
Ба шаб зиёрати ӯ назди ҷумла зиндон буд.

Ба рўз чунки наёрист шуд ба дидани ў,
Ниҳеби хоҷаи ў буду бими зиндон буд.

Набиди рўшану дидори хубу рўйи латиф
Куҷо гарон буд, зи ман ҳамеша арзон буд.
Дилам хизонаи пурганҷ буду ганҷ – сухан
Нишони номаи мо мӯҳру шеър унвон буд.

Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ б-вад,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.

Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд„

Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гўшам зӣ мардуми сухандон буд.

Иёл не, зану фарзанд не, маъунат не,
Аз ин ҳама танам осуда буду осон буд.

Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, ҳамебинӣ,
Бад-он замона надидӣ, ки инчунинон буд!

Бад-он замона надидӣ, ки дар ҷаҳон рафтӣ
Сурудгўён, гӯӣ, ҳазордастон буд!

Шуд он замона, ки ў унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ў пешкори мирон буд!

Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон аст,
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон буд.

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфтт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд!

Куҷо ба гетӣ будаст номвар диҳқон,
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.

Киро бузургию ниъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию ниъмат зи Оли Сомон буд!

Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,
Дар ў фузунӣ якчанди мири Мокон буд.

В-аз авлиёш пароканда низ ҳашт ҳазор
Ба ман расид, бад-он вақт ҳол чунон буд!

Чу мир дид сухан, дод доди мардии хеш
Зи авлиёш, чунон к-аз амир фармон буд.

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд!

Leave a Reply