Абўалӣ ибни Сино
Адабиёт

Абўалӣ ибни Сино дар ташаккули истилоҳоти илмӣ

Тавре ки донишмандони таърихи забони форсӣ гувоҳӣ медиҳанд, забони мазкур дар гузашта, махсусан пас аз истилои араб, ҳеҷ гоҳ бистари воқеии илм набудааст. Ба ин забон осори зиёде дар бахшҳои гуногуни илм падид омада буд, вале ба далелҳои бешумори айниву зеҳнӣ гўяндагони форсизабон танҳо матлаби илмиро ба забони модарияшон дарҷ кардаанду бас. Ба ибораи дигар, тафаккуру тааммули андешаи илмӣ, таълифи осори илмӣ асосан ба забони арабӣ сурат мегирифт.

Пас аз истилои араб дар Эронзамин низоми муқаррарии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ғайра аз байн рафт. Тўли 200 сол гўё дар ин қаламрав андешаи китобӣ аз равнақ монд ва ба ин сабаб давраи мазкур дар осори вобаста ба таърихи илм бо номи ду қарни сукут ёд мешавад. Сабабгори чунин ҳолат он буд, ки дар тамоми арсаҳои фаъолияти зеҳнӣ, яъне аз идора то илм зимоми корҳо иҷборан ба забони арабӣ ба роҳ монда шуд. Маҳз дар ҳамин давраи барои забони форсӣ ногувор забони арабӣ, ки то ин замон ҳатто дар нимҷазираи Арабистон чандон мақоми чашмрасе надошт, вориди марҳалаи шукуфоӣ, вусъати доираи истеъмол ва равнақи бесобиқа гашт. Барои исботи ин нукта, ки худи арабҳо то зуҳури дини ислом чандон ба андешаи китобӣ майлу рағбат надоштаанд, овардани як далел кофист: дар замони зиндагии Паёмбари ислом (с) дар шаҳри Макка ҳамагӣ 7 кас хату савод доштаасту бас.

Тўли ин даврае, ки зикр шуд, адибону донишмандони эронитабор асарҳои худашонро ба забони арабӣ менавиштанд. Чунончи, осори Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Муҳаммад бинни Ҷарири Табарӣ дар адабу таърих; таълифоти ибни Ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ дар ҷуғрофӣ; навиштаҳои Муҳаммад бинни Яъқуби Кулайнӣ ва Ибни Бобуя дар ҳадис; мусаннафоти Муҳаммад бинни Закариёи Розӣ дар тиб; муаллафаҳои Абумуашшари Балхӣ дар риёзию нуҷум ҳама ба забони арабӣ навишта шудаанд.

Аз оғози қарни сеюми ҳиҷрӣ ё тақрибан даҳаи 20-и қарни нўҳи мелодӣ осори манзум падид омада, рў ба ташаккул ниҳод, вале насри форсӣ анқариб баъди як қарн зоҳир гашта, тадриҷан сўйи камол шитофт.

Қобили зикр аст, ки нахуст осори адабӣ, таърихӣ, ҷуғрофиёӣ ва динӣ ба забони форсӣ таълиф ёфт. Чунончи, «Шоҳномаи Абумансурӣ» (соли таълифаш 346 қамарӣ, танҳо муқаддимааш боқӣ монда), «Китоби Гаршосб»-и Абумуайяди Балхӣ аз муосирони Нўҳ бинни Мансур (ҳукмронияш байни солҳои 365-387 қамарӣ), тарҷума ва иқтибос аз «Таърихи Табарӣ» тавассути Муҳаммад бинни Абифазл Муҳаммад бинни Абдуллоҳи Балъамӣ (вафоташ ба соли 363 қамарӣ) дар ҷуғрофӣ; «Рисола дар ақоиди ҳанафиён»-и Ҳаким  Абулқосими Самарқандӣ (вафоташ ба соли 343 қамарӣ), тарҷума ва иқтибос аз «ТафсириТабарӣ» тавассути гурўҳе аз олимони Мовароуннаҳр дар аҳди Мансур бинни Нўҳ бинни Наср (ҳукмронияш байни солҳои 350-365 қамарӣ), тафсири Қуръони мавҷуд дар китобхонаи донишгоҳи Кембриҷ (Англия) аз зумраи китобҳои динӣ ва ғайра.

Китобҳои илмии форсӣ аз ҷиҳати замон ва миқдор дар марҳалаи дуввум  қарор дошта, ки аз ин қабил аст: «Рисолаи истихроҷ»-и Муҳаммад бинни Айюби Табарӣ (қарни 4 қамарӣ), «Шаш фасл»-и ҳамон муаллиф дар нуҷум, «Ҳидоятулмутааллимин ё алҳидоят фи-т-тиб»-и Ахавайнии Бухорӣ (таълифаш тақрибан дар соли 370 қамарӣ), «Рагшиносӣ»-и ибни Сино дар тиб; «Донишномаи Алоӣ»-и ибни Сино (таълифаш байни солҳои 414-428 қамарӣ), тарҷума ва шарҳи қиссаи «Ҳай бини Яқзон» ба қалами яке аз муосирони Ибни Сино, ки ба амри Алоуддавлаи Кокавайҳ (Кокуя) (ҳукмронияш байни солҳои 398-433 қамарӣ) сурат гирифта, дар ҳикмат ва ғайра.

Таҳлилу баррасии бофти сухани осори давраи мазкур, яъне асрҳои 1Х-Х1 ин ҳақиқатро ба исбот мерасоад, ки шояд навиштаҳои ёдшуда қадимтарин ёдгориҳои хаттии форсӣ набуда, ҳатман пешина ё собиқаи дерина доштаанд. Агар чунин намебуд, дар он сурат мо шоҳиди насри равону муназзаму балеғ ва аз нуқтаи назари дастури забон бекаму кост намегаштем.

Баъзе донишмандон ангезаи ба забони форсӣ пайдо шудани осори хаттиро дар ду сабаби асосӣ ҷустаанд:

  • Оммаи мардум ва ҳатто табақаи миёнаи аҳолӣ забони арабиро ба дурустӣ намедонистанд;
  • Бештари шоҳону амирони эронитабор аз забони арабӣ огоҳии кофӣ надоштанд ва аз ин рў шоирону донишмандон китобҳои пешкашшавандаи худро бояд ба забони форсӣ менавиштанд, то ин ки подоши сазовор дарёфт намоянд.

Аксари муҳаққиқони таърихи илм ба ин натиҷа расидаанд, ки аз миёни ҳамаи бузургони эронитабори арсаи илм Берунӣ ва Ибни Сино дар нигоштани осори форсӣ саҳми назаррастар доштаанд. Ба андешаи муҳаққиқи муосири эронӣ Ризо Содиқӣ, агар аз миёни ин ду абармард ба лиҳози арзишҳои забони илм (яъне вожаҳои он бояд шиносномаи мушаххасе дошта ва тақрибан  қисме аз онҳо зоянда, муштақпазир ва дар гардиш бошад) якеро бартар шумурданӣ шавем, он гоҳ роҳи Ибни Сино пўётару бунёдитар ба назар хоҳад расид, ки таҷрибаи ў бар рўйи ин асл бунёд шудааст. Аз ҷониби дигар, на ҳамаи калимаю таъбирҳои илмии мавҷуд дар осори Ибни Сино сирфан зодаи табъи халлоқи ўянд, зеро бархе аз ин калимаю таъбирҳо дар навиштаҳои Камарии Бухороӣ, Ахавайнии Бухороӣ, Абўмансури Муваффақ, Ҳаким Майсарӣ ва дигарон ба назар расанд ҳам, танҳо пас аз истеъмол шуданашон аз ҷониби Шайхурраис дар забони форсӣ ба таври воқеӣ истиқрор ёфтанд ё устувор гаштанд. Ба ибораи дигар, ў дар ин замина наҳзати хосеро ба миён овард.

Ҳамчунин нигоҳи кўтоҳу иҷмолӣ ба «Ат-тафҳим»-и Берунӣ ва «Донишномаи Алоӣ»-и Сино далолат бар он дорад, ки бофти забони навиштори ин ду донишманд форсии сода аст. Вуҷуди нуктаи мазкур гувоҳ бар он аст, ки забони форсӣ аз ҳамон ибтидо тавоноии офариниши забони навиштории мустақилеро ҳатто дар арсаи илм доштааст

Ба андешаи муҳаққиқон, дар чаҳорчўби осори илмии форсӣ бофти сухани Ибни Сино ҳакимона ё файласуфона, вале тарзи нигоришаш фишурдаю мухтасар будааст. Мисол: «Ҳар гоҳ ки захми инбисот сахт бувад ва ангуштро бим бувад, ки бардорад ва дур андозад, ўро қавӣ хонанд. Ва ҳар гоҳ сустзахм бувад ва ба кам моя гирифтан бими он  бувад, ки фурў истад, ўро заиф хонанд».

Абўалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ( 16.08. 980-18.06. 1037) ҳамчун ягона донишманди нобиға аз Эронзамин дар арсаҳои гуногуни илм осори гаронбаҳо офарида, тақрибан ба бештари пурсишҳои даврони худ дар заминаи илму адаб посухи бамавқеъ додааст. Дар бораи миқдори осори илмии Ибни Сино андешаҳои гуногун вуҷуд доранд, вале баъзеҳо теъдоди рисолаҳои форсии ўро 23 адад тахмин задаанд. Аз ин миён шояд як миқдор осор интисобӣ бошад, аммо дар мавриди ба қалами Ибни Сино мутааллиқ будани «Донишномаи Алоӣ» ва «Рагшиносӣ»  ё «Рисола дар набз» бештари муҳаққиқон ҳеҷ шакку шубҳа надоранд.

Ба сурати куллӣ теъдоди истилоҳҳои илмии осори форсии Синоро, ки форсии асил ё таркибёфта аз форсию арабиянд, наздики 1000 адад тахмин мезананд. Аз нигоҳи фикрронӣ бошад, Ибни Сино аввал ба арабӣ меандешад, сипас ҳамчун нависандаи донишманд вожаҳои навиштаи худро як-як бо тааммул дастчин мекунад ва он гоҳ ба форсӣ барои хонандаи камшумор (хос) менависад. Ибни Сино дар офариниши истилоҳоти форсӣ ё интихоби онҳо аз чор равиш ё усул истифода намудааст:

1.Ба кор бурдани вожаҳои зинда ва роиҷи забони форсӣ. Ибни Сино ба таври огоҳона аз калимаҳои маъмулии форсӣ барои ифодаи мафҳуми илмӣ истифода бурда, ҳатто баъзан ҳангоми дар истеъмол қарор доштани калимаи арабӣ онро ҳамчун унсури фаръӣ ё дуюмдараҷа ба кор мегирад. Ҳеҷ набошад, муодилҳои интихобнамудаи донишмандони дигарро аз вожаҳои илмии арабӣ бартар медонад, ё ин ки як калимаю таркиби содаи форсиро ба ҷойи вожаи илмии арабӣ мениҳад ва ҳамон калимаи маъмулии форсиро дар мафҳуми тозаи илмӣ дарҷ менамояд. Вале ин роҳу равиш нокифоя буда, тамоми ниёзҳои забони илмро ба пуррагӣ рафъ намесозад. Мисол: обӣ, оташӣ, оромиш, осон офат, падарӣ, оҳанг, асп, афкандан, истодан, бод, барф, пойдор,пазируфтан, ҷудоӣ, дуруштӣ, гармӣ ва ғайра.

2.Тарҷумаи вожаҳои илмии арабӣ. Дар ин маврид Ибни Сино гоҳ-гоҳ вожаҳои илмии арабиро, ки ба бахшҳои гуногуни илму дониш тааллуқ доранд, ба забони модарияш тарҷума мекунад,  вале аз рўйи шикастанафсӣ варианти худро ҳамчун истилоҳи фаръӣ ё дуюмдараҷа ва муодили арабии онро ҳамчун истилоҳи аслӣ қарор медиҳад. Ба ибораи дигар, ў довариро дар мавриди вожаи тарҷумашуда- ба ин умед, ки шояд қабул гашта, идома ёбад,- ба хонандагон ва наслҳои оянда вогузор мекунад. Мисол: куноӣ-фоила, донанда-оқила, андарёбанда-мудрика, ангориш-ваҳмия

3.Вожаҳои дурага, ки омезаест аз ҷузъҳои арабию форсӣ ё сурати форсишудаи калимаи арабӣ бе овардани артикли муайяни арабӣ (-ал) ва сарфи назар намудан аз риояи қоидаҳои грамматикаи забони арабӣ. Мисол: таркибпазир, қисматпазира; қуввати донанда, муқаддимаи меҳин, набзи дирангӣ (батеъ), набзи ситабр, мўътадилсуръат, қуввати ҳис, мўътадилқувват ва ғайра

4.Вожаҳои занҷираӣ ё таркибӣ. Ин усул яке аз бозёфтҳои нодири Ибни Сино ба ҳисоб меравад, ки маҳсули он миқлоран зиёд нест, вале арзиши иқдоми мазкур беш аз ҳадди чашмдошти мо хоҳад буд.  Мисол: андаррасидан (тасаввур); истодабахуд (қоими ба зот); буридангоҳ (тақотўъ); пайдогар; чандии пайваста ва чандии гусаста; хиради тавоно (ақли фоил); думўягон (миёнсолон); роҳбурд; шоядбудан; фароз овардан (таълиф); яксон, дусон, варосон.

Бояд гуфт, ки аз миёни ин чор равиш усулҳои якуму дуюм пеш аз Сино низ маъмул буданд. Тафовут танҳо дар он аст, ки доираи калимаҳои истифоданамудаи Сино васеътар ва худи ин калимаҳои илмию фаннӣ ихтисоситаранд, ҳамчунин бештарашон ба қатори вожаҳои маъмулию роиҷи забон намедароянд. Равиши сеюм, аз рўйи эҳтимол, ба забони гуфтугўйии он давраҳо тааллуқ дошта, яқинан парвардаи завқу табъи донишмандону адибони қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ (тақрибан асри Х мелодӣ) ба ҳисоб меравад. Аммо Сино доираи ин усулро васеъ намуд ва дар натиҷа то дусад соли дигар намунаҳои он бевосита ҷойи калимаҳои аслии арабиро гирифтанд. Равиши чорум ҳам бесобиқа набуд, вале Ибни Сино ҳамчун олиме, ки  бо фалсафа сару кор дошт, ин равишро равоӣ ва маъмулии бештар бахшид. Ҳарчанд бо ин усул миқдори андаки калимаҳо ба вуҷуд оварда шуда бошад ҳам, вале аз нуқтаи назари сифат равиши мазкур барои тавонмандӣ ва хосияти офринандагии забон аҳамияти бештар дорад. Лозим ба ёдоварист, ки равишҳои сеюму чорум пас аз даргузашти Сино аз ҷониби Носири Хисрав ва Афзалуддин ба тарзи дигар идома ёфтанд, вале аз он ба баъд донишмандони оянда аз онҳо истифода накарданд.

Қобили қайд аст, ки пеш аз Сино дар масъалаи рагшиносӣ Ахавайнии Бухорӣ андеша ронда, зимни ду боби қисмати охири «Ҳидоятулмутааллимин фи-т-тиб» аз ин хусус сухан ба миён овардааст. Бо ин тафовут, ки Сино бештар пойбанди калимаҳои форсӣ, вале Ахавайнӣ саргарми овардани вожаҳои арабӣ буда, бештар онҳоро ҳамчун асос пазируфтааст. Мисол: »Агар дарозӣ бисёр дорад, онро набзи дароз хонанд ва ба тозӣ тавил. Ва агар дарозӣ андак дорад, вайро кўтоҳ хонанд ва ба тозӣ қасир» (Иқтибос аз «Рагшиносӣ»).

«Чун ин ҷисми мутаҳаррик бар соид дарозтар падид ояд-аз миқдори даст, тавил хонанд. Ва гар ин ҷисми мутаҳаррик ба дарозои соид камтар аз он одат падид ояд, қасир хонанд» (Иқтибос аз «Ҳидоятулмутааллимин»)

Leave a Reply