Умумӣ

Намунаи саволу масъалаҳои тест (қисми А)

СУБТЕСТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Варианти 1

1. Дар кадом гурӯҳи калимаҳо ҳарфи ъ (аломати сакта) афтад, маънои дигар пайдо мекунад?

А) аъзам, фаъол  В) шамъ, васеъ  С) эълон, таърих  D) раъд, суръат

2. Дар калимаҳое монанди «ангиштсанг», «баландқомат», «бистнафарӣ» ҳодисаи фонетикии афтидани овоз дар кадом ҳолат мушоҳида мешавад?

А) ҷойивазкунии овозҳо   В) пайиҳам омадани ду-се ҳамсадо  С) тағйир ёфтани талаффуз   D) монандшавии овозҳо

3. Дар матни зерин имлои кадом калимаҳо нодуруст аст?

Аз Йусуфӣ исбот пурсидаанд, ки ғойати тавозӯъ чист?
Гуфт: – Он ки аз хона бурун ойӣ ва ҳар киро бинӣ, чунон донӣ, ки беҳтар аз туст(Аттор).

А) Йусуфӣ, ғойат    В) пурсидаанд, гуфт   С) он ки, ҳар киро  D) тавозӯъ, беҳтар

4. Калимаҳои «мувофиқ» ва «муносиб», «хоксор» ва «фурӯтан», «ситампеша» ва «золим» аз ҷиҳати маъно чӣ гунаанд?

А) ҳамреша   В) сермаъно  С) ҳаммаъно (синоним)  D) зидмаъно (антоним)

5. Кадоме аз ин воҳидҳои фразеологӣ (таъбирҳо) маънои «шахси бадгуҳар ва беманфиат»-ро ифода мекунад?

А) хори сари девор   В) гули сари сабад   С) нахӯди пеши қошуқ    D) ба оши тайёр баковул

6. Матни зерин дар кадом услуб навишта шудааст?

“Дӯсти мушфиқу меҳрубонам! Номаат ҳангоме расид, ки пас аз як ҳафта беморӣ ва истироҳат аз хона барои ҳавохӯрӣ ба берун мерафтам….”

А) услуби илмӣ   В) услуби бадеӣ   С) услуби публисистӣ   D) услуби расмӣ

7. Имлои кадом гурӯҳи исмҳо дуруст аст?

А) норак, роғун   В) худо, нодир   С) сапеда, бомдод   D) ҷумҳӯрӣ, кишвар

8. Дар кадом сатр имлои нумеративҳо дуруст нест?

А) як-ду бех ниҳол, се-чор дона чормағз, ду-се дарза алаф
В) 3-то дарвоза, 4-то ҳавлӣ, 5-то бӯстонсаро
С) якто китобхона, панҷоҳу ду нафар корманд, дусад нусха маҷалла
D) ду дона китобҳо, як даста гулҳо, ду нафар донишҷӯён

9. Дар байти зерин калимаи «банда»-ро бо кадом ҷонишин иваз кардан мумкин аст?

Банда, имрӯз панҷ рӯз гузашт,
Ки бар ин деҳа мезанам фарёд (Салмони Соваҷӣ).

А) Мо  В) Ман   С) Ту   D) Вай

10. Дар кадом гурӯҳи ибораҳо сифатҳо дар дараҷаи олӣ ифода ёфтаанд?

А) марди чеҳракушод, пири солхӯрда
В) духтари абрӯкамон, зани қоматбаланд
С) калонтарин шаҳр, наздиктарин дӯст
D) кори дусоата, танаффуси нисфирӯзӣ

11. Дар номи кадом асар шумораи таркибӣ омадааст?

А) «Ҳазору як шаб»   В) «Чор унсур»   С) «Ҳафт пайкар»   D) «Панҷсад ҳадис»

12. Тарзи навишти кадоме аз ин ибораҳо дуруст нест?

А) дафъи бало   В) мавзӯъи дарс   С) табъи хуш   D) навъи пахта

13. Ибораи «китобро хондан» бо кадом восита сохта шудааст?

А) бо бандаки изофӣ   В) бо пешоянд   С) бо пасоянд    D) бо пешванд

14. Дар кадом маврид дар охири ҷумла сенуқта гузошта мешавад?

А) агар ҷумла оҳанги пурсиш дошта бошад
В) агар ҷумла мазмуни хабарӣ дошта бошад
С) агар оҳанги баён баланд ва амрӣ бошад
D) агар ҷумла нопурра бошад

15. Дар ҷумлаи “Пас аз омӯхтани илмҳои мантиқ, табииёт, фалсафа ва нуҷум ба ёд гирифтани илми тиб рағбат намудам” кадом аъзои он чида шуда омадааст?

А) мубтадо    В) хабар    С) муайянкунанда    D) пуркунанда

16. Дар байти зерин хабар дар кадом замони гузаштаи феъл ифода ёфтааст?

Сараш бар санг мезад рӯди кӯҳӣ,
Ба доман чанг мезад рӯди кӯҳӣ. (Мирзо Турсунзода)

А) замони гузаштаи дур    В) замони гузаштаи ҳикоягӣ    С) замони гузаштаи наздик    D) замони гузаштаи нақлӣ

17. Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта пайвандаки мувофиқро гузоред.

… меваҳо тез пазанд, зимистон барвақт меояд.

А) Ҳамин ки   В) Зеро ки   С) Агар   D) Азбаски

18. Ҷумларо аз рӯйи мазмун пурра кунед.

Ҳама меҳнатро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморанд, чунки …

А) меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ
В) меҳнат накунӣ, нон намехӯрӣ
С) меҳнат асоси зиндагии инсон нест
D) меҳнат асоси зиндагии инсон аст

19. Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи сенуқта калимаи мувофиқи ба вазифаи пасоянд омадаро гузоред.

“Ба ҳавлӣ расидан … ба таги себ тохтем”

А) барин    В) замон    С) интараф    D) инҷониб

20. Вобаста ба мувофиқати замонии мубтадо ва хабар ба ҷойи сенуқта феълҳои мувофиқро гузоред.

Пас аз вафоти Хоҷа Умар Илёси ҷавон илмҳои замонаро … ва ба зиндагии мустақилона қадамҳои устувор …

А) омӯхт, гузошт
В) меомӯхт, мегузошт
С) омӯхта, гузошта истодааст
D) меомӯзад, хоҳад гузошт

21. Дар ҷумлаи зерин ба ҷойи нуқтаҳо зарфи миқдору дараҷаи мувофиқро гузоред.

«Хонанда аз ҷавоби худ …. хурсанд буд»

А) зиёд   В) кам-кам   С) бағоят   D) як миқдор

22. Аз муродифҳои луғавӣ истифода намуда, ҷумларо пурра кунед.

«Абӯалӣ ибни Сино соли 1037 аз бемории шадид бо ин ҷаҳон … »

А) вафот кард    В) даргузашт   С) тарк кард   D) падруд гуфт

23. Байти зерини Устод Рӯдакӣ кадом маъниро бозгӯйӣ мекунад?

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.

А) Дониш чароғи роҳи зиндагист.
В) Таҷрибаи зиндагӣ беҳтарин омӯзгор аст.
С) Омӯзгорро эҳтиром бояд кард.
D) Аз омӯзгор ҳеч кас ҳеҷ чиз наомӯзад.

24. Кадоме аз шарҳҳои додашуда ба мисраи якуми байти зерини Абулқосими Фирдавсӣ мувофиқ аст?

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

А) аз тавоноӣ инсон ба доноӣ мерасад
В) ҳар кас ки тавоно аст, доно аст
С) донишмандии инсон маҳз дар тавоноии ӯст
D) қудрату тавоноии инсон маҳз дар дониш аст

25. Ба имлои ҳарфҳои “у” ва “ӯ” диққат дода, барои ҳар калимаи сутуни якум аз сутуни дуюм шарҳи мувофиқро интихоб намоед.

А) бур     B) бӯр     C) гул     D) гӯл

1) исми ҷинс: порчаи оҳаксанг
2) сифат: нодон, бефаҳм
3) сифати феълӣ: сифати амал
4) исми кул: номи умумии ашё
5) асоси феъл: пора кардан

26. Ба кадом услуби баён мувофиқ будани ҷумлаҳои сутуни якумро муайян кунед.

А) Мара очам сохтаст-ку!?
B) Сараъзоро асоси ҷумла меноманд
C) Диққат! Имрӯз соати 1600 дар маҷлисгоҳи мактаб бо адиби шинохта Хаёлӣ вохӯрӣ баргузор мегардад
D) Биное ва нобиное дар роҳ рафиқи сафар буданд…

1) услуби илмӣ
2) услуби расмӣ
3) услуби бадеӣ
4) услуби гуфтугӯӣ
5) услуби публисистӣ

27. Ба кадом маънои маҷозӣ истифода шудани ибораҳои сутуни якумро аз сутуни дуюм нишон диҳед.

А) дили кашол
B) дили пурхун
C) дили сангин
D) дили танг

1) дили бераҳм, бешафқат
2) дили осуда, хотирҷамъ
3) дили бесабру қарор
4) дили боумед, моил ба чизе
5) дили ғамгин, пурдарду алам

28. Аз калимаҳои сутуни якум ва сутуни дуюм истифода намуда, ибора созед.

А) аъзо
B) суръат
C) нафъ
D) рафъ

1) мушкилот
2) бисёр
3) маҳфил
4) маҷалла
5) баланд

29. Ба ҷойи нуқтаҳо аз сутуни дуюм зарфҳои мувофиқро гузоред.

А) Ҷурҷонӣ аз камоли мондагӣ … нафас мегирад.
B) Вера ва Шодигул … қадам монда рафтанд.
C) Ёдгор шунидаҳояшро … ба Гулнор нақл кард.
D) Аз рӯйи гуфтаҳои онҳо муҳаббатам дар ҳаққи Аҳмадмахдум … зиёдтар ва афзун мегардад.

1) базӯр-базӯр
2) рӯз то рӯз
3) ягон-ягон
4) шунидан замон
5) оҳиста-оҳиста

30. Маълумоти дар ду сутун додашударо тавре ба ҳам пайваст намоед, ки мувофиқан матни мухтасар доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино ҳосил шавад.

А) Сино вақте ба даҳсолагӣ расид,
B) Илми ҳисобро
C) Дар камтарин фурсат
D) Бисту се асари Ибни Сино

1) Қуръон ва миқдори зиёде аз илми адабиётро ёд гирифта буд
2) ҳалли масъаларо дар хоб медид
3) илми тибро фаро гирифт ва беморонро парасторӣ мекард
4) аз марде, ки сабзӣ мефурӯхт, ёд гирифт
5) ба забони форсии тоҷикӣ навишта шудааст

Leave a Reply