табиат
Табиатшиносӣ

Муҳит

Аз фанҳои табиатшиносӣ маълум аст, ки табиати зиндаи моро ихотакунанда, аз организмҳои гуногун иборат аст. Онҳо сохт ва шаклҳои микроскопӣ, ҳамчунин макроскопиро доранд. Муайян шудааст, ки дар табиат олами ҳайвонот 1,5 миллион ва олами наботот ним миллион намудро ташкил медиҳанд. Ҳар як организм дар табиат дар муҳити ба худаш хос зиста, сабзиш ва инкишоф ва такмил меёбад.

Муҳит маҷмуи омилҳои табиӣ (физикӣ) аст, ки организмҳои зиндаро иҳота карда, ба онҳо робита ва ё муносибати хос ва таъсири бевосита ё бавосита дорад, аниктараш таъсири манфӣ ё мусбат мерасонад. Муҳит, агар ба таври соддатар гӯем, ҷойи ишғолкардаи ин ё он намуди организм мебошад, ки аз маҷмӯи шароитҳо ва ё омилҳо иборат аст. Муҳит дар навбати худ аз қисмҳои асосии таркибии гуногун ва тағирёбанда иборат аст.

Моддаҳо байни муҳит ва организм дутарафа гардиш доранд: организм – муҳит – организм. Маҳз бо чунин роҳ мувозинаи экологӣ ифода ва идома меёбад.

Дар табиат шароити зисти организмҳо гуногун аст.

Масалан, ҳашароти хурд як умр дар дохили барги печутобхурдаи растанӣ ҳаёт мегузаронад ва ин шароит барояш дунёи пурра ҳисоб мешавад. Ҳайвоноти дигар, ба монанди гавазн, наханг, паррандаҳои гуногун масоҳати калону беканорро ишғол мекунанд. Дар кӯҳҳо намояндаҳои намудҳои гуногун ҳаёт ба сар мебаранд, ки ба онҳо маҷмӯи омилҳои экологии хархела таъсир мерасонанд .

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масоҳаташ ба 143,1 ҳазор километри мураббаъ баробар аст, кишвари кӯҳӣ буда, 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Қариб 50 фоизи масоҳати Т оҷикистон дар баландии зиёда аз 2500 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Дар чунин шароити экологӣ ҳазорҳо намудҳои растанӣ ва ҳайвон зиндагӣ доранд, ки бисёре аз онҳо нодиру эндемикӣ (тахчой) мебошанд Растании кифгул, баъзе намудҳои лола, пиёз, хамчунин архар, қабқи ҳилол, нахчир ва намудҳои гуногуни ҳашаротҳо ба намудҳои тахчой мансубанд.

Дар табиат чор хел муҳит мавҷуд аст, ки аз якдигар бо мавҷудоту шароитҳои ҳаётӣ фарк мекунанд: муҳити обӣ, муҳити хокӣ, муҳити фазоӣ ва муҳите, ки худи организмҳои зинда ташкил мекунанд, яъне муҳити байниҳамдигарӣ.

 

Leave a Reply