Муҳаммад Авфӣ

Аввалин шахсе, ки назари шарқшиносони Европаро ба Авфӣ ва хусусан «Лубобулалбоб»-и ў ҷалб намудааст, олими англис Натаниэл Бланд мебошад, ки соли 1846 мақолае бо унвони «Қадимтарин тазкираи шуарои форс» навишта буд.

Э. Браун дар мақолаи худ «Маъхазҳои Давлатшоҳ» ва дар ҷилди 2-юми «Таърихи адабии форс» оид ба Авфӣ ва тазкираи ў «Лубобулалбоб» маълумотҳои умумӣ додааст.

Дар соли 1903 бори аввал ҷилди дуюми «Лубобул-албоб» бо муқаддимаи мухтасари Браун ва ҷилди аввал дар соли 1906 бо муқаддимаи муфассали Мирзо Муҳаммад б. Абдулваҳҳоби Қазвинӣ дар Лондон нашр мегардад.

Ҷилди дуюми китоб аз рўи ду нусха ва ҷилди аввали он аз рўи се нусха чоп карда шудааст. Дар нашри ҷилди аввал ғайр аз Браун Муҳаммад Қазвинӣ низ иштирок намудааст. Муқаддима, тарҷумаи мусанниф ва таълиқот дар ҷилди мазкур ба қалами Муҳаммад Қазвинӣ тааллуқ дорад.

Дар соли 1929 асари Муҳаммад Низомиддин «Муқаддима ба «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт»-и Садидаддин Муҳаммад ал Авфӣ» нашр гардид, ки муаллиф дар он аз ҳаёти Муҳаммад Авфӣ маълумоти хеле хуб дода, доир ба «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт»и ў хеле муфассал таваққуф кардааст. Аз ҷумла, муаллиф дар хусуси сарчашмаҳои асар, таъсири китоб дар адабиёти минбаъда, тарҷумаҳои туркии он, нусхаҳои дастнависи ин асар ва амсоли инҳо ба тарзи муфассал сухан меронад.

Маълумоти ду муаллиф — Мирзо Муҳаммад б. Абдулваҳҳоби Қазвинӣ ва Муҳаммад Низомиддин оид ба ҳаёти Авфӣ ба сарчашмаҳо ва пеш аз ҳама бо осори худи Авфӣ асос ёфтааст.

Матни мунтахаби «Ҷавомеулҳикоёт»-и Авфиро Маликушуаро Муҳаммад Тақӣ Баҳор дар чор ҷилд тартиб додааст, ки то ҳол танҳо ҷилди аввали он нашр гардидааст. Дар муқаддимаи китоб тартибдиҳанда оид ба худи асар низ маълумот додааст. Маликушшуаро Баҳор гўё аз чор се қисми «Ҷавомеъулҳикоёт»-ро бо хоҳиши вазорати фарҳанги Эрон дар солҳои 1314— 1315 шамсӣ аз рўи чанд нусхаи мумтоз ва ғайри мумтоз, ки дар дасти ў будааст, тасҳеҳ намудааст, вале мутаассифона, то ҳол асар пурра чоп нашудааст.

Муҳаммад Рамазонӣ дар соли 1335 шамсӣ чопи аксии қисме аз «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт»-и Авфиро бо унвони «Понздаҳ боби Ҷавомеъулҳикоёт» нашр намуд. Нусхаи мазкур бобҳои 11—25 қисми аввали китобро дар бар мегирад. Ин нусха яке аз нусхаҳои қадимтарини асари Муҳаммад Авфӣ будааст.

Дар муқаддимаи китоб Муҳаммад Рамазонӣ дар панҷ саҳифа доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Авфӣ маълумот додааст, ки он асосан такрори муқаддимаи Мирзо Муҳам мад б. Абдулваҳҳоби Қазвинӣ ба «Лубоб -улалбоб» мебошад.

Муҳаммад Муин дар асосӣ чор нусхаи «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» (се нусхаи китобхонаи миллии Париж ва як нусхаи китобхонаи миллии Теҳрон) матни интиқодии ин асарро тартиб додааст, ,ки то ҳол боби якуми қисми аввали асар (38 ҳикоя) чоп шудааст. Дар муқаддима оид ба тарҷимаи аҳволи Авфӣ, осори муаллиф, аз он ҷумла дар бораи «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» ва нусхаҳои хаттии он сухан меронад, ки маълумотҳои ў бештар аз рўи асари Муҳаммад Низомидин аст.

Муҳаммад Низомиддин ва Рубэн Леви (муаллими забони форсӣ дар донишгоҳи Кэмбриҷ) ба тайёр намудани матни танқидии «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» машғул будаанд, вале аз тасҳеҳи асар даст кашидааст.

Ғайр аз ин, дар хусуси Авфӣ ва эҷодиёти ў дар феҳристи дастнависҳои шарқӣ ва асарҳои дигар оид ба адабиёти форсу тоҷик маълумоти мухтасар дода шудааст.

Ҳаёти Авфӣ. Давраи зиндагии Муҳаммад Авфиро Муҳаммад Низомиддин дар ҳудуди солҳои 1172—1176/1232—1242 тахмин намудааст. Лақаби Муҳаммад Авфӣ Садидаддин ” буда, номи падари ў Муҳаммад аст. Азбаски зодгоҳи Авфӣ Бухоро буда, қисми аввали умри худро муаллиф дар он ҷо мегузаронад, нисбати Бухориро мегирад.

Ҷадди ӯ Шарафиддин Абӯ Тоҳир Яҳё б. Тоҳир б. Усмон ал-Авфӣ яке аз олимони машҳури замони худ будааст. Насаби Муҳаммад Авфӣ ба Абдураҳмон б. Авф, ки яке аз мусоҳибони Муҳаммад пайғамбар будааст, мерасидааст ва аз ин ҷиҳат ў Авфӣ тахаллус кардааст.

Муҳаммад Авфӣ дар шаҳри Бухоро тақрибан дар байни солҳои 1172—1176 таваллуд ёфтааст. Ӯ давраи кўдакиашро дар шаҳри Бухоро гузаронида ва давраи аввални таҳсили худро низ дар  он ҷо  ба  анҷом  мерасонад.

Муҳаммад Авфӣ баъди ба синни балоғат расиданаш дар талаби илму дониш ва мулоқоти машоих ба шаҳрҳои гуногун сафар мекунад, ў бо бисёр олимон ва донишмандон вомехўрад ва дар назди баъзеи онҳо таҳсили илм менамояд.

Муҳаммад Авфӣ бисёр шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва баъзе шаҳрҳои Ҳиндустонро ба мисли Самарқанд, Омўй, Хоразм, Марв, Нишопур, Ҳирот, Исфизор, Исфароин, Шаҳринав (шаҳре будааст байни Астаробод ва Хоразм) Систон, Фараҳ, Ғазнин, Лоҳур, Канбоят, Наҳрвола ва Деҳлӣ саёҳат намудааст.

Авфӣ баъди таҳсили ибтидоӣ дар Бухоро дар соли 1200 ба Самарқанд сафар мекунад. Дар Самарқанд тағои ў Шарафуззамон Маҷдиддин Муҳаммад б. Аднон ас Сурхакатӣ яке аз мулозимони подшоҳ Қилич Тамғочхон Иброҳим будааст ва Муҳаммад Авфӣ ба воситаи ў ба хидмати писари подшоҳи мазкур Қилич Арслон Ҳоқон Нусратиддин Усмон б. Иброҳим (султони охирини хонияи Мовароуннаҳр (1203—1212), ки соли 1212/113 ба дасти султон Хоразмшоҳ кушта мешавад) ки дар он вақт валиаҳд будааст, наздикӣ   пайдо   мекунад.

Муддати иқомати Авфӣ дар дарбори Нусратиддин Усмон дер давом намекунад ва аз он ҷо ба Нисо меравад. Муаллиф доир ба Маҷидаддин Муҳаммад ном шоир сухан ронда; қайд мекунад, ки ўро соли 1204 дар шаҳри Нисо дидааст.

Соли 603-1207 Муҳаммад Авфӣ дар Нишопур ва баъди 607/1210 дар Исфизор мешавад. Муаллиф ба Шаҳринав расида мехоҳад, ки ба хидмати Нусратиддиншоҳ Кабудҷома расад, аммо имконият муҳайё намешавад. Он гоҳ Муҳаммад Авфӣ ин рубоиро иншо карда, ба хидмати ў мефиристад:

Эй шоҳ, ба базл баҳру коне дигарӣ,
Дар қолаби мулку адл ҷоне дигарӣ.
3-он   рўй   кабудҷома   мехонандат,
К-аз   рифъату   қадр   осмоне   дигарӣ.

Чун ин рубоиро бихонд, таҳсини бисёр карда, пайғом ме-фиристад, ки фурсати истимои ваъз ва тазкир надорам, илтимос чист? Авфӣ байти зерро дар ҷавоб мефиристад:

Ҳарчанд, ки бар бисоти шатранҷиҳ
Имрўз   шаҳам,   пиёда   мебояд

«дарҳол бифармуд то аспе… ба ховақоҳ овард ва таомим кард. …дои ҳам аз он ҷо савор шуда реҳлат кард…

Авфӣ дар аснои мусофиратҳои худ ба ваъзу тазкир машғул мешуд ва ба ин восита ба хидмати подшоҳон ва амирони вақт наздикӣ меҷустааст. Авфӣ баъди сафарҳои зиёди худ дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон дар аввалҳои тохтутози муғул тақрибан соли 1220 ба Ҳиндустон меравад ва дар он ҷо ба хизмати ҳокими Синд Носириддин Қубоча (1206—1228) дохил мешавад ва то соли 1228 дар Уч мемонад. Ў дар Ҳинд низ ба ваъзу воизӣ машғул мегардад.

Дар санаи 1221-22 Авфӣ тазкираи «Лубобулалбоб»-и худро таълиф намуда, онро ба вазири Носириддин Қубоча Айнулмулк Фахриддин Ҳусайн б. Шарафулмулк мебахшад. Авфӣ дар Канбоят ба мансаби қазоват мерасад. Ӯ дар дарбори Носириддин Қубоча ба тартиб додани «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт»  шурўъ   мекунад.

Шамсиддин Илтутмиш вазири худ Низомулмулки Ҷунайдиро ба муҳосираи қалъаи Баккар мефиристад ва дар охир қалъа фатҳ карда  мешавад, Носируддин  Қубоча худро  ба дарё меафканад.

Муҳаммад Авфӣ,ки дар қатори наздиконӣ дигари Носириддин дар қалъаи (Баккар буд, бо дигар аҳли илм ба хидмати Низомулмулки Ҷунайдӣ дохил шуда дар қатори мулозимони Султон Шамсиддин Илтутмиш муқими Деҳлӣ мегардад. Ӯ «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт»-ро дар ҳудуди санаи 630/1252—33 ба итмом расонида, онро ба вазири мазкур мебахшад.

Охирин воқеае ки дар «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъ -урривоёт» омадааст, аз тарафи Илтутмиш кушта шудани волии Лакҳнав Ихтиёриддин Балко б. Ҳисомиддин мебошад ва ин воқеа ба соли 1230/31 рост меояд, аз ин рў, дар соли 1232/|33 таълиф гардидани «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъуррявоёт» тахмин карда   шудааст.

(Баъд аз ин таърих то чанд соли дигар зинда мондани Авфӣ маълум нест. Тахмин кардан мумкин аст, ки Авфӣ дар байни солҳои 1233—1242 вафот карда бошад, аммо дар куҷо будани мадфани ў мисли соли таваллуд ва вафоти вай то ҳол аниқ маълум нест.

МЕРОСИ АДАБИИ  АВФӢ

Фасли   сеюм.   Дар зикри судур ва афозили ироқ.

Фасли чаҳорум. Дар зикри судур ва афозили Ғазнин ва Ҷибол.

Боби ҳаштум. Дар латоифи ашъори шуарои оли Тоҳир ва оли Лайс ва оли Сомон ва ин табақаи авваланд (дар хусуси 31   шоир).

Боби нўҳум. Дар табақоти шуарои оли Носир ва ин табақаи дуюманд (доир ба 29 шоир).

Боби д а ҳ у м. Дар табақоти шуарои оли Салчуқ то охири аҳди Султон Саид  ин табақаи сеюм будаанд (дар бора«-52 шоир), муштамил бар чаҳор фасл:

Фасли  аввал. Дар зикри шуарои Хуросон.

Фаслидуюм. Дар зикри шуарои Мовароуннаҳр.

Фасли сеюм. Дар зикри шуарои Ироқ.

Фасли ч а ҳ о р у м. Дар зикри шуарои Ғазнин ва билоди Ҷибол.

Боби ёздаҳум. Дар зикри шуарои ин қарн, ки баъд аз аҳди давлати Санҷар будаанд то ин аҳд (оид ба 53 шоир), муштамил бар чаҳор фасл:

Фасли  аввал. Дар зикри шуарои Хуросон.

Ф а с л и д у ю м. Дар зикри шуарои Мовароуннаҳр.

Ф а с л и   с е ю м. Дар зикри шуарои Ироқ ва музофоти он.

Фасли чаҳорум. Дар зикри фузалои Ғазнин ва Луҳур (Лоҳур).

Боби дувоздаҳум. Дар латоифи ашъори судур ва шуз-ро ва афозил, ки бад-ин ҳазрат мавсуманд (дар бораи 4 нафар)..

Ҳар як ҷилди «Лубобулалбоб» бо муқаддима шурўъ мешавад.

Ҷилди аввали асар дорои ҳафт боб буда, дар ду боби аввал,.. чи навъе ки дида мешавад, муаллиф дар масъалаи фазилатн шеъру шоирӣ ва маънии шеър аз тариқи луғат баҳс намуда, дар ду боби минбаъда дар хусуси «аввал касе ки шеър гуфт» ва «аввал шеъри порсӣ кӣ гуфт» сухан меронад.

Се боби охири ҷилди аввал ба подшоҳон, амирон, вазирон, олимон, фозилон ва амсоли инҳо бахшида шудааст, ки тамоман шоириро касб накарда, гоҳ-гоҳе шеър гуфтаанд. Дар ҷилди аввал доир ба 130 нафар сухан меравад.

Ҷилди дуюми асар фақат ба шоирон бахшида шудааст, ки он« 5 бобро дар бар мегирад. Авфӣ дар ин ҷилди асараш дар хусуси 160 нафар шоирони пешин ва ҳамзамонаш, аз Ҳанзалаи Бодғисӣ то Зиёуддин ас-Санҷар маълумот додааст.

Муҳаммад Авфӣ оид ба ҳар як шоир дар навбати аввал маълумоти тарҷимаҳолӣ дода, дар баъзе мавридҳо ба осори ин ё он шоир баҳо медиҳад ва  пас аз эҷодиёти шоир намунаҳо меорад.

Дар асар инчунин доир ба тарҷимаи ҳоли худи муаллиф низ блсёр маълумотҳо оварда  шудааст.

Аз Муҳаммад Авфӣ то ба давраи мо се асари насрӣ — «Лубобулалбоб», «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» ва тарҷимаи китоби «Алфараҷ баъд ашшидда»-и Танухӣ расидаанд. Аз асари назмии ў—«Мадоеҳ уссултон» танҳо 4 байт боқӣ (Мондааст. Авфӣ тарҷумаи «Алфараҷ баъд ашшидда» ном асари Қозӣ Абў Алӣ ал-Муҳассин ат-Танухӣ (938 ё 9401—1941) -ро аз забони арабӣ ба форсӣ, тақрибан дар соли 1323 ба анҷом мерасонад. Тарҷумаи асари мазкурро Муҳаммад Авфӣ ба ҳокими замон Носириддин Қубоча бахшидааст.

«Алфараҷ баъд ашшидда»-ро баъди Авфӣ Ҳусайн б. Асъад б. Ҳусайн ад-Деҳистони Муайядӣ ҳам дар байни солҳои 651—633/ 1253—1265 аз арабӣ ба форсӣ гардонидааст.

То нашри асари Муҳаммад Низомиддин дар адабиёти шарқшиносӣ чунин фикр вуҷуд дошт, ки гўё тарҷумаи Авфӣ аз миён рафта бсшад, аммо Муҳаммад Низомиддин дар китобхонаи Индка оффис маҳфуз будани ду нусхаи дастнависи тарҷумаи «Алфараҷ  баъд ашшидда»-и Муҳаммад Авфиро  таъин  намуд.

Муҳаммад Авфӣ дар китоби «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъ урривоёт»-и худ аз асари «Алфараҷ баъд ашшидда» ҳикоятҳои зиёде дарҷ намудааст. Дар боби ҳафтуми қисми чаҳоруми «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» Авфӣ менависад:

«Қозӣ Муҳассин дар китоби «Алфараҷ баъд ашшидда» таълиф кардааст дар ин маънӣ ва он китобе марғуб аст ва муаллифи ин китоб ба сурати форсӣ онро тарҷума кардааст ва бештар ҳикоёти он дар ин маҷмўа мастур аст ва ҳикояте чанд ба ин боб тааллуқ  дорад…»

«ЛУБОБУЛАЛБОБ»

 «Лубобулалбоб» муҳимтарин сарчашмаи адабӣ барои таърихи адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад. Муҳаммад Қазвинӣ дар муқаддимаи худ ба ҷилди аввали «Лубобулалбоб»» ба худи матни «Лубобулалбоб» такя намуда, бо далелу иснод соли 1221-1222 таълиф гардидани асарро таъин намудааст.

«Лубобулалбоб» қадимтарин тазкираест, ки то ба давраи мо омада расидааст. Пеш аз Авфӣ ба забони форсӣ тазкираҳо вуҷуд дошта бошанд ҳам, аммо ин тазкираҳо бо мурури замон ҳамоно аз байн, рафтаанд. Чунончи, пеш аз Муҳаммад Авфӣ ба забони форсӣ тазкираи Абў Тоҳири Хотунӣ «Маноқиб ушшуаро» тасниф гардида буд, вале ин китоб то замони мо нарасидааст.

«Лубобулалбоб» дорои ду ҷилд буда, ба дувоздаҳ боб ҷудо мешавад. Се боб (бобҳои 7, 10 ва 11) боз ҳар кадом ба чор фасл тақсим мегардад. Феҳристи бобҳои китоб чунин аст:

Боби   аввал.  Дар фазилати шеъру шоирӣ.

Боби дуюм. Дар маънии шеър аз тариқи луғат.

Боби с е ю м. Дар маънии аввал касе, ки шеър гуфт.

Боби  чаҳорум, Дар маънии аввал шеъри порсӣ кӣ гуфт?

Б о б и п а нҷ у м. Дар латоифи ашъори салотин ва мулук ва умаро (дар бораи 27 кас).

Боби шашум. Дар латоифи ашъори вузаро ва судур ва куфот, (доир ба 43 кас).

Б о б и ҳафтум. Дар латоифи ашъори ажмма ва уламо ва судур ва фузало (дар хусуси 60 кас) ва ин боб муштамил: аст бар   чаҳор   фасл:

Фасли   аввал.Дар  зикри   аимма   ва   уламои  Мовароуннаҳр.
Фасли   дуюм.   Дар зикри афозили Хуросон ва Нимрўз.
Фасли   сеюм.   Дар зикри судур ва афозили ироқ.
Фасли чаҳорум. Дар зикри судур ва афозили Ғазнин ва Ҷибол.

Боби ҳаштум. Дар латоифи ашъори шуарои оли Тоҳир ва оли Лайс ва оли Сомон ва ин табақаи авваланд (дар хусуси 31   шоир).

Боби нўҳум. Дар табақоти шуарои оли Носир ва ин таба-қаи дуюманд (доир ба 29 шоир).

Боби д а ҳ у м. Дар табақоти шуарои оли Салчуқ то охи-ри аҳди Султон Саид  ин табақаи сеюм будаанд (дар бораи-52 шоир), муштамил бар чаҳор фасл:

Фасли  аввал. Дар зикри шуарои Хуросон.

Фаслидуюм. Дар зикри шуарои Мовароуннаҳр.

Фасли сеюм. Дар зикри шуарои Ироқ.

Фасли ч а ҳ о р у м. Дар зикри шуарои Ғазнин ва билоди Ҷибол.

Боби ёздаҳум. Дар зикри шуарои ин қарн, ки баъди аҳди давлати Санҷар будаанд то ин аҳд (оид ба 53 шоир), муш-тамил бар чаҳор фасл:

Фасли  аввал. Дар зикри шуарои Хуросон.

Ф а с л и д у ю м. Дар зикри шуарои Мовароуннаҳр.

Ф а с л и   с е ю м. Дар зикри шуарои Ироқ ва музофоти он.

Фасли чаҳорум. Дар зикри фузалои Ғазнин ва Луҳур (Лоҳур).

Боби дувоздаҳум. Дар латоифи ашъори судур ва шуз-ро ва, афозил, ки бад-ин ҳазрат мавсуманд (дар бораи 4 нафар)..

Ҳар як ҷилди «Лубобулалбоб» бо муқаддима шурўъ мешавад.

Ҷилди аввали асар дорои ҳафт боб буда, дар ду боби аввал,.. чи навъе ки дида мешавад, муаллиф дар масъалаи фазилати шеъру шоирӣ ва маънии шеър аз тариқи луғат баҳс намуда, дар ду боби минбаъда дар хусуси «аввал касе ки шеър гуфт» ва «аввал шеъри порсӣ кӣ гуфт» сухан меронад.

Се боби охири ҷилди аввал ба подшоҳон, амирон, вазирон, олимон, фозилон ва амсоли инҳо бахшида шудааст, ки тамоман шоириро касб накарда, гоҳ-гоҳе шеър гуфтаанд. Дар ҷилди аввал доир ба 130 иафар сухан меравад.

Ҷилди дуюми асар фақат ба шоирон бахшида шудааст, ки он « 5 бобро дар бар мегирад. Авфӣ дар ин ҷилди асараш дар хусуси 160 нафар шоирони пешин ва ҳамзамонаш, аз Ҳанзалаи Бодғисӣ то Зиёуддин ас-Санҷар маълумот додааст.

Муҳаммад Авфӣ оид ба ҳар як шоир дар навбати аввал маълумоти тарҷимаҳолӣ дода, дар баъзе мавридҳо ба осори ин ё он шоир баҳо медиҳад ва  пас аз эҷодиёти шоир намунаҳо меорад.

Дар асар инчунин доир ба тарҷимаи ҳоли худи муаллиф низ бисёр маълумотҳо оварда  шудааст.

Аҳамияти «Лубобулалбоб» дар омўхтани таърихи адабиё-ти форсу тоҷик калон аст. Ба тавассути ин китоб мо оид ба бисёр намояндагони маданияти форсу тоҷик ва ашъори онҳо маълумот дар даст дорем. Ашъори бисёр шоирон маҳз ба воситаи ин тазкира то ба замони мо омада расидааст. Чи навъе ки Муҳаммад Қазвинӣ дар муқаддимаи худ ба ҷилди аввали «Лубобулалбоб» менависад: «… дар ҳақиқат ,агар «Лубобулалбоб» ба дасти мо нарасида буд, тароҷими ҷамоате касир, бал аксар аз шуарои мутақаддимин ба куллӣ аз миён рафта буд ва алъон абадан исме ва расме аз эшон боқӣ намонда буд».

Муҳаммад Авфӣ ба воситаи «Лубобулалбоб»-и худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ба анъанаи тазкиранависӣ асос гузошт. Асари ўро тазкиранависони минбаъда дар таълифоти худ бисёр истифода бурдаанд. Ғуломалихони Озод дар муқаддимаи тазкираи худ «Хизонаи Омира» навиштааст, ки «Ҷамеи тазкиранависони мутааххир дар таҳрири аҳволи шуарои ақдам улқудамо   аёли   ўянд».

«Лубобулалбоб» яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои адабии забони форсӣ-тоҷикист, ки онро на танҳо бисёр тазкиранависони минбаъда мавриди истифода қарор додаанд, балки тадқиқотчиёни соҳаи маданияти шарқ дар омўхтани адабиёти форсу тоҷики асрҳои VIII — аввалҳои асри XIII бо ин асар ҳамчун маъхази адабии мўътамади ин давр эътибори хеле калон медиҳанд.

«Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт». Ин асарро Муҳаммад Авфӣ дар ҳудуди санаи 630/1232—33 мелодӣ тартиб додааст ва онро ба вазири Шамсиддин Илтутмиш —Низомулмулки Ҷунайдӣ   бахшидааст.

«Ҷавомеъ» аз чор қисми калон иборат буда, ҳар як қисми он дар навбати худ ба 25 боб ҷудо мешавад ва ҳар як боб дорои чандин ҳикоя буда, адади умумии ин ҳикояҳо 2113 мебошад.

Қисми аввал — «Дар маърифати офаридгори таоло ва тақаддус ва зикри анбиё ва авлиё ва таворих ва маосири мулук».

Қисми дуввум — «Дар баёни ахлоқи ҳамида ва сияри марзия».

Қисми саввум — «Дар баёни ахлоқи мазмума».

Қисми чаҳорум — «Дар баёни аҳволи содир ва аҷомби биҳор ва билод ва табоеи ҳайвонот».

Ҳамон навъе ки аз сарлавҳаҳои ин чаҳор қисми асар маълум мегардад, мавзўъ ва мундариҷаи ҳикояҳои Муҳаммад Авфӣ хеле гуногун   мебошад.

Дар китоб нақлу ривоятҳо дар бораи мўъҷизоти анбиё, каромоти авлиё, подшоҳони одил, сиёсат ва кори онҳо, подшоҳони Аҷам ва таърихи ҳукмронии онҳо сияри вазирон, мавоизи олимон; ҳикояву латифаҳо оид ба дабирон, надимон, табибу мунаҷимон, шоирон, муғанниён, зиракони тезфаҳм оварда мешаванд.

Инчунин асар дар масъалаҳои тарбиявӣ—ҳаё, хоксорӣ, авф, ҳилм, адаб, раҳмат ва шафқаг, саховат, лутфу карам, шуҷоат сабр, ҷидду ҷаҳд, аҳду вафо макорими ахлоқ, машварат ва мазаммати хислатҳои бад ба мисли ҳасад, ҳирсу тамаъ ва дигар масъалаҳо   баҳс  мекунад.

Дар охири китоб (дар қисми чаҳорум) ҳикояҳо меоянд дар бораи ҷамоате, ки ба вартаи ҳалокат ва раҳоӣ ёфтаанд, ҷамоате ки аз дасти дуздон ва ҷанги сибоъ халосӣ ёфтаанд, касоне ки ба вартаи ишқ даромада ба мурод нарасидаанд ва ҳоказо.

Ғайр аз ин, дар худи ҳамин қисм дар бораи мамлакатҳои гуногуни дунё (ки то андозае характери этнографӣ дорад), оид ба паррандагон, ҳайвонот, хусусият ва аҳамияти онҳо сухан меравад.

Чор қисми асар аз ҷиҳати ҳаҷми худ як хел намебошанд; қисми аввали китоб аз рўи ҳаҷм тақрибан нисфи асарро ташкил медиҳад. Дар охири ҳар як боб вазир Низомулмулки Ҷунайдӣ таъриф ва тавсиф карда шудааст ва ҳар боби асар бо овардани порчаи шеърӣ анҷом мепазирад.

Дар дохили ҳикояҳо низ ба ҳар муносибат аз ашъори муаллифони дигар порчаҳои шеърӣ оварда мешавад, ки Авфӣ гоҳо муаллифи онҳоро нишон медиҳад ва гоҳо бо ибораҳои «чунон ки нозире гўяд», «чунон ки гуфтаанд», «шоире дар ин назм пардохтааст» маҳдуд мегардад. Ҳикояҳоро Авфӣ ё худ шунида ва дида ё аз китобе ва манбае нақл кардааст.

Авфӣ дар асари худ аз 93 китоб ном мебарад ва эҳтимол боз аз чанде асарҳои дигар низ истифода карда бошад, ки қисме аз онҳо   аз   байн   рафтаст.

Муҳаммад Низомиддин дар хусуси 47 манбаи асари Авфӣ маълумот додааст. Дар баробари ин муаллифони минбаъда аз китоби Авфӣ истифода бурдаанд. Низомиддин қариб 30 асарро ном мебарад, ки муаллифони онҳо аз «Ҷавомеъулҳикоёт» истифода намудаанд, яъне таъсири ин асар дар адабиёти минбаъда калон будааст.

«Ҷавомеъулҳикоёт» дар дунё маъруф ва машҳур буда, нусхаҳои хаттии он дар бисёр китобхонаҳои Иттифоқи Советӣ, Европаи Ғарбӣ Эрон ва кишварҳои дигар нигоҳ дошта мешаванд.

«Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» се бор ба забони туркӣ тарҷума шудааст, ки ду тарҷума ба асри XV тааллуқ дошта (тарҷумаи Ибни Арабшоҳ ва Наҷотӣ) ва тарҷумаи сеюм дар асри XVI анҷом пазируфтааст ки мутарҷими он Солеҳ б. Ҷалол аст.

Инчунин ду варианти мухтасари туркии ин китоб мавҷуд аст, ки яке аз онҳо ба Муҳадшад б. Асъад б. Абдулло ат-Тустарӣ тааллуқ дорад ва дигаре бо унвони «Китобулаҷоиб валғароиб» машҳур   будаст».

Ҷавомеъулҳикоёт агарчанде бештар характери дарборӣ дошта, дар он бисёр ҳикояҳо аз ҳаёти подшоҳон ва аҳли дарбор оварда шуда бошад ҳам, муаллиф дар баъзе мавридҳо ҳатто халқро «насиҳат карданӣ мешавад, ки вай подшоҳро танқид накунад ва ба муқобили ў набарояд ва дар асари худ «дар фавоиди хидмати мулук» махсус як бобро (боби якум аз қисми чорум) ҷудо карда бошад ҳам, китоб чи навъе ки дар боло қайд карда шуд, бисёр фикрҳои тарбиявӣ ва ахлоқиро дар бар гирифтаст ва он дорои аҳамияти калони адабӣ ва таърихӣ мебошад. Маликушшуаро Баҳор оид ба ин китоб менависад: «Китоби «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъур-ривоёт» яке аз муҳимтарин кутуби форсӣ аст,… зеро дорои фавоиди фаровони таърихӣ ва адабӣ аст ва «асноде дар ў ҳаст, ки дар ҳеҷ китобе нест. Чи маъхазе дар даст дошта, ки имрўз ҳамаи он (албатта на ҳама), маъхаз аз миён рафтааст ва танҳо дар ин китоб мавҷуд аст».

Сабқи «Ҷавомеъулҳикоёт» як хел нест, чунончи қисми аввали он, хусусан муқаддима бо насри мутакаллифона ва қисми дигари асар бо насри сода ва оммафаҳм навишта шудааст.

Муҳаммад Авфӣ шоир ҳам буд ва қасоиду қитаоти гуногун дар «Лубобулалбоб» ва «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт»-и ў омадаанд. Муаллиф дар соҳаи назм бо унвони «Мадоеҳ уссултон» бар вазни «Ҳадиқат ул-ҳақиқат»-и Ҳаким Саноӣ китобе ҳам доштааст. Китоби мазкур ҳамоно аз байн рафтааст ва аз ин китоб танҳо чор байт боқӣ мондаасту бас.

Likes:
2 0
Views:
149
Article Categories:
Адабиёт

Leave a Reply