Меъёри забони адабӣ. Забони адабӣ ва лаҳҷа

Ҳар забон умуман ва ҳам забони адабӣ меъёри муайяни баёни фикр дорад. Меъёри забони адабӣ ба тарзи мудохилаи фаъолона аз тарафи табақаҳои бомаърифати ҷомеа (аҳли қалам) ва муассисаҳои давлатӣ барқарор мегардад ва таҳти назорат қарор мегирад. Меъёри забони адабии тоҷик (дар гузашта меъёри забони адабии форсу тоҷик) маҳз ҳамин тариқа таҳаввул ва тадриҷан такмил ёфтааст. Забони адабӣ вобаста ба тарзи истифода ба ду шоха: забони адабии шифоҳӣ ва забони адабии хаттӣ ҷудо мешавад, ки дар заминаи онҳо услубҳои ҷории забон амал менамояд. Пайваста ба меъёрҳои забони адабии хаттӣ ва шифоҳӣ меъёрҳои услубҳои ҷории забони адабии имрўзаи тоҷик вуҷуд доранд.

Қабл аз он ки меъёри забони адабиро шарҳ диҳем, бояд муайян намоем, ки худи мафҳуми “меъёр” чист?

Калимаи “норма” ё “меъёр” дар луғати истилоҳоти забоншиносӣ мухтасар чунин шарҳ дода шудааст:

“Меъёр (норма) истифодаи воситаҳои писандидаи забонӣ ва маҷмўи қоидаҳост, ки дар нутқи ҳар фарди ҷомеа истеъмоли онҳоро ба низом меоварад”. (6.270)

Дар муқаррар намудани меъёри забони адабии тоҷик ду принсип ба назар гирифта мешавад: Гузаштагони мо чунин мегуфтанду менавиштанд ва ҳоло аксарият чунин мегўянду менависанд.

Меъёри забони адабӣ ҳамеша зери таваҷҷўҳи олимону забоншиносон қарор дошт. Вале аз ҳама зиёдтар устод Айнӣ ақидаҳои худро доир ба меъёри забони адабӣ  дар сарчашмаҳои зиёд баён намудаанд. Устод махсусан дар мақолаи “Забони тоҷикӣ” назари худро доир ба меъёри забон возеҳтар баён намудаанд: “…забони авоми тоҷик забонест, ки онро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳҳо, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасалҳо ва дар дигар бобатҳо хусусият ва рўҳи забони тоҷикӣ риоя карда шуда бошад”.(3.107)

Устод таҳти таъбири “Забони авоми тоҷикӣ” забони барои ҳамаи намояндагони лаҳҷаҳои маҳаллию иҷтимоӣ ягона ва умумиро дар назар дорад. Пас аз ин ҷо бармеояд, ки забони адабӣ забони умумиест, ки онро намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон як хел мефаҳманд.

Забони адабӣ аз лаҳҷа бо он фарқ мекунад, ки забони адабӣ меъёрҳо дорад, лаҳҷа бошад, меъёр ва хат надорад, доираи истеъмолаш маҳдуд аст:

Забони адабӣ чунин меъёрҳоро дорад:

1.Забони адабӣ меъёри умумихалқӣ дорад.

2.Забони адабӣ соҳиби хат аст. Хат – аломат, унсури асосии танзими забони адабӣ мебошад.

3.Забони адабӣ корхўрда, сайқалёфта, мураттаб ва муназзам  мебошад.

4.Забони адабӣ ва қоидаҳои он қонунӣ буда, дар дастурҳо сабт шудаанд.

5.Забони адабӣ дорои услубҳои гуногун аст.

6.Забони адабӣ шохаи хаттӣ ва шифоҳӣ дорад.

7.Забони адабӣ серсоҳа ва сервазифа аст. Он дар тамоми соҳаҳои ҷамъият ба кор бурда мешавад.

8.Доираи истифодаи забони адабӣ васеъ аст. Он берун аз қаламрави ҶТ низ корбаст мешавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо сабабҳои гуногун дар ҳамаи давраҳои мавҷудияти худ забони мо аз нуқсонҳо фориғ набуданд ва ин боиси нороҳатии устодони сухан гардидааст. Аввалин бор устод Айнӣ ва минбаъд Т.Зеҳнӣ, Р.Ҳошим, Н.Маъсумӣ, баъдтар М.Шакурӣ, Ш.Рустамов дар сўҳбатҳои илмӣ ва мақолаю асарҳояшон дар бораи меъёри забони адабӣ, маданияти сухан, нуқсонҳои тарҷума, асарҳо, маводҳои рўзномаю маҷаллаҳо сухан рондаанд.

Ҳар як фарди тоҷик бояд дар пойдории асолат ва рўҳи забони миллӣ, покиза нигоҳ доштани сарватҳои луғавию грамматикии он масъулияти бузург бар дўш дорад.

 

ЛАҲҶАҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Диалектология илмест, ки дар бораи диалектҳо (лаҳҷа, шеваҳо)-и забони алоҳида баҳс мекунад. Диалектология бештар бо намудҳои маҳаллии забон, ба тарзи дигар ифода менамоем – бо ҳолати ҳозираи лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллӣ сару кор дорад.

Маълум аст, ки забони адабӣ дар заминаи забони даҳонӣ (шифоҳӣ) пайдо шуда, шакл гирифтааст. Забони адабӣ аз лаҳҷа ба куллӣ фарқ мекунад.

Лаҳҷаи забони тоҷикӣ ва таснифоти онҳо

  1. Лаҳҷаи шимолӣ
  2. Лаҳҷаи ҷанубӣ
  3. Лаҳҷаи марказӣ
  4. Лаҳҷаи ҷанубу шарқӣ

Манбаи илмӣ:

  1. Камолиддинов Б., Сухан аз баҳри дигарон гўянд. – Душанбе, 2001,  171 саҳ.
  2. Камолиддинов Б., Сухан санҷида гўянд. – Душанбе, 2005.
  3. Шукуров М. Забони мо- ҳастии мост. Душанбе, 1991.
  4. Шукуров М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. – Душанбе, 1995.
  5. Эшниёзов М. Диалектологияи тоҷик. Душанбе, 1977, 113 саҳ.қ.1.
  6. В.С. Расторгуева Очерки по таджикской диалектологии, М.1956.
  7. Юсуфов А.И. Муҳовараи русӣ – тоҷикии тиббӣ, Душанбе, 2010, 152 саҳ.
Likes:
0 0
Views:
137
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply