Умумӣ

Математикаи ҷавон

1. Даҳ дона гулро дар 5-қатор тарзе шинонед, ки дар ҳар қатор 4-тогӣ шавад.

2. Аз рақамҳои 1,2,3,4,5,6,7,8,9,10, 11, 12,13,14,15,16 истифода бурда, ҷамъи онҳо дар ҳама самтҳо ба 35 баробар шавад.

3. Панҷ адади дигари ин пайиро нависед: 8,5,10,5,12,5…

4. Периметри квадратеро ҳисоб кунед, ки масоҳаташ ба масоҳати росткунҷаи тарафҳояш 2 см ва 8см баробар аст.

5. Дар қуттӣ як миқдор конфет мавҷуд буд. Агар ба кӯдакон 5тогӣ конфети тақсим намоем ба 2 нафари онҳо конфет тамоман намерасад. Аммо, агар ба онҳо 4тогӣ конфети тақсим намоем, дар қуттӣ 176 адад конфет боқи мемонад. Дар қуттӣ чанд конфет буд?

6. Периметри росткунҷаро ҳисоб кунед, ки бараш ба 38-метр ва масоҳаташ ба 3002 метри квадрати баробар аст.

7. Чи тавр бо ёрии 4-рақами 4 рақамҳои 1,2,3,4,5,6,7,8,9,10-ро ҳосил кардан мумкин аст?

8. Аз порчаи сим квадрат сохтанд, ки масоҳаташ ба 81 см2 баробар аст. Симро аз нав рост карда, секунҷи баробартараф сохтанд. Дарозии тарафи секунҷаро ҳисоб кунад?

9. Коргари якум зарфи 200 литраро дар муддати 40-дақиқа ва коргари дуюм зарфи 300-литраро дар муддати 50-дақиқа бо об пур мекунанд. Ин ду коргар зарфи 5500 литраро дар муддати чанд дақиқа бо об пур мекунад?

10. Рейбусро ҳал кунед 5 *+**3=**01

11. Дӯстон ҳангоми хайру хуш ба якдигар расмҳояшонро тӯҳфа намуданд. Барои ин мақсад 20-расм зарур шуд. Дӯстон чанд нафар буданд?

Leave a Reply