математика синфи 2
Математика

Масъалаҳо аз математика синфи 2

1. Бачаҳо 14 сабад шафтолу чиданд. Онҳо 4 сабад шафтолуро ба ошхонаи мактаб фиристоданд. Чанд сабад шафтолу монд?

2. Дар қаламдон 6-то қалами сабз ва 2-то камтар қалами зард ҳаст. Дар қаламдон чандто қалами зард ҳаст?

3. Аз коғазҳои ранга Аҳмаду Фотима 10 гули сурх ва Кариму Зӯҳро 9 гули сабз сохтанд. Бачаҳо ҳамагӣ чанд гул сохтанд?

4. Дар мағоза 10 халта қанд ва се халта зиёдтар орд буд. Дар мағоза чанд халта орд буд?

5. Фирӯза 12 бех сабзӣ ва Дилором 3 бех камтар сабзӣ чинд. Дилором чанд бех сабзӣ чинд?

6. Ададҳои 6, 5, 8, 4 ва 7-ро 2 воҳидӣ зиёд кунед. Худи ҳамин ададҳоро 3 воҳиди кам кунед.

7. Дар китобхона 5 банд китоби математика буд. Муаллима 2 банд китобро ба хонандагон тақсим кардандю Дар китобхона чанд китоб боқӣ монд?

8. Пӯлод 10 саҳифа китоб хонд. Барот 3 саҳифа зиёдтар китоб хонд. Барот чанд саҳифа китоб хонд.

9. Порчаи якум 6 см дарозӣ дорад. Порчаи дуюм 8 см дарозӣ дорад. Порчаи якум аз порчаи дуюм чанд сантиметр кӯтоҳтар аст? Порчаи дуюм аз порчаи якум чанд сантиметр дарозтар аст?

10. Ҳисоб кунед.
18-9+6 = ?
11-7+8 = ?
40+9+1 = ?
17-7+5 = ?

11. Ба ҷои секунҷа адади дурустро ёбед.
19  = 9 + Δ
17 = Δ + 9
16 = 7 + Δ
15 = Δ + 6

12. Писаре, ҳар ҳарфи аз номи худро ба рақам силсилавии дар алифбои тоҷикӣ иваз намуд.
Ба адади 1101117 табдил ёфт.
Номи писар чист?

13. Давоми силсилаи рақамҳо: 7, 9, 16, 41:

14. Аз 1 то 99 рақамҳо навишта шудааст: 1, 2, 3 … 98, 99.
Дар шумораи сабт, воҳиди 5 чанд маротиба такрор шудааст?

15. Фарқияти рақамҳои 54 ва 28 баробар ба ?
a) 16     b) 36     c) 82     d) 26

Leave a Reply