Хаёлпараст

Буд-набуд, як кампир буд, дар бисоташ фақат як писар дошт. Вай чунон танбалу нокора буд, ки ба гуфтан рост намеомад. Кораш аз нишастану хобидан иборат буд. Поёнро обу болоро сел ба- рад, парво надошт. Ин аҳвол ба ҷони кампир расиду як рӯз ба писараш гуфт:

-То кай ин хел шаб ҳангию рӯз бангӣ шуда хоб меравӣ? Худо марда барои берун офаридааст, ту ҳам мисли дигарҳо ба кучаю  бозор рав, харидуфурӯш кун. Ба ягон чиз соҳиб шав!

— Хайр, модар, бигу, чӣ кор кунам? — пурсид писар. Модар ба дасти вай як сабадча тухм дода гуфт:

— Ақалан ҳаминро бифурӯш, то пуле барои қути лоямут шавад.

Писар сабадчаи тухмро гирифта чанде рафт, дар роҳ дар сояи ғафси чинор нишасту сабади тухмро ба замин монда, ба хаёл рафт. «Дар ин сабад камаш панҷоҳ тухм ҳаст, — фикр кард ӯ, — инро мефурӯшаму ба пулаш як хурӯсу камаш панҷсад мокиён мехарам. Мокиёнҳо дар андак вақт тухм мекунанд, панҷсад тухмро мехобонам, панҷсад чӯҷа мегирам. Чӯҷаҳо калон мешаванду тухм мекунанд, камаш панҷ ҳазор тухм мекунанд, аз панҷ ҳазор тухм панҷ ҳазор чуҷа мегирам. Чуҷаҳоро калон мекунам, бурда фурӯхта ба пулашон Ҳазор сар гӯсфанд мехарам. Гӯсфандҳо барра мезоянд, баррачаҳо калон шуда, боз барра мезоянд, он барраҳо ҳам калон мешаванд, ба чанд рама гӯсфанд соҳиб мешавам, даҳ-дувоздаҳ чӯпон киро мекунам, гӯсфандҳоям зиёд шудан мегиранд, нисфашонро фурӯхта, ба пулаш як касри подшоҳӣ месозам, ба ин хел қаср албатта, як зани хушрӯй лозим мешавад. Дили духтари ҳамсоя ба ман кашол, лекин ман ба духтари подшоҳ хостгор мефиристам, подшоҳ давлату сарвати маро дида, албатта не намегӯяд. Як тӯйи дакаданг мекунам, духтари подшоҳро арӯс карда мебиёрам. Ӯро бо суруди «Ёр-ёр» ба таги чодар медароранд, ман духтари нозанинро ба канор мегирам. Духтар духтар аст, аввал ноз карда, аз ман мегурезад, аз домони куртаи ҳарираш дошта, ба тарафи худ мекашам, духтар домонашро кашида, аз дасти ман ҷудо карданӣ мешавад».

Ҳамин вақт фикр кард, ки агар ҳозир чашми духтарро натарсонад, баъд дер мешавад. Дар сари ҳамин фикр хост духтарро як лағад занад, пояш ба чизе расида, чашм кушод, ки сабади тухм панҷ-шаш кадам он сӯтар чаппа шудааст. Наздик рафта дид, ки ягон тухми сиҳат намондааст…

Likes:
6 0
Views:
562
Article Categories:
Афсона

Добавить комментарий