Умумӣ

Калимаҳои сермаъно, маҳдудмаъно

Маънои аслӣ он аст, ки калима ашёро бе иштироки маъноҳои дигар ифода мекунад: об, кўҳ, хок, дарахт ғ.

Қисме аз калимаҳои забон як маъноро ифода мекунанд, онҳоро калимаҳои якмаъно ва ё моносемия меноманд. Моносемия калимаи юнонӣ буда, аз моно-як ва семия маъно таркиб ёфтааст. Якмаъноӣ асосан хоси истилоҳ мебошад

Маънои маҷозӣ гуфта, онро меноманд, ки ашё бевосита не, балки ба воситаи ба ашёҳои дигар муқоиса кардан ифода меёбад: дарёи чуқур-фикри чуқур, девори сафед-бахти сафед, кўҳи баланд-сари баланд ғ.

Маҷоз яке аз муҳимтарин воситаҳои каломи бадеист. Вай на танҳо ба мухтасарбаёнӣ, инчунин барои пурра ва ҷозибаноктар тасвир намудани ашё аз ҳодисаҳои гуногун ба шоир ва нависанда имконоти матлубе мадиҳад, ки ин боиси бою дилчасп гардидани забонамон гаштааст:

Деҳқони солхўрда чӣ хуш гуфт бо писар,

К-эй нури чашми ман, ба ҷузъ аз кишта надравӣ.

Яке аз барҷастатарин ва зеботарини маҷозҳо маҷози мурсал мебошад. Маънои  калимаи мурсал равон, мўъҷаз ва сода аст.

Маънои маҷозии калима боиси инкишофи маънои аслӣ мешавад ва ин сабаби пайдоиши сермаъноӣ мегардад.

Дар забони тоҷикӣ гурўҳи калони калимаҳо мавҷуданд, ки як калима чанд маъноро ифода мекунад. Ин гуна калимаҳоро дар забоншиносӣ полисемия меноманд. Полисемия калимаи юнонӣ буда, бисёрмаъноӣ ва ё сермаъноиро ифода мекунад. Сермаъноӣ хусусияти калимаҳои решагии забон мебошад. М: калимаи «реша» дар забони тоҷикӣ чунин маъноҳо дорад: решаи калима, решаи дандон, решаи дарахт ғ.

Хусусияти муҳимтарин ва барҷастаи полисемия он аст, ки тамоми калимаҳои ба он дохил мешудагӣ умумияти маъно доранд.

Метафора калимаи юнонӣ буда, ба маънои маъҷозӣ омадани калимаҳост. М: сари одам, сари кўҳ, сари дарахт, сари замин, сари ҷўй ғ.

Метаномия калимаи юнонӣ буда, ба маънои маҷозӣ омадани калимаҳо вобаста ба фазову вақт ба амал меояд. Дар метаномия ду ашёи ба ҳам алоқаманд як ном доранд, яъне бо як калима ифода карда мешаванд:

Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,

Ростиву дўстиро оқибат дарёб кард.

М. Турсунзода.

Калимаи «осиё» ду мафҳумро ифода кардааст, яке номи қитъаи олам, дуюмин аҳолии он қитъа.

Синекдоха калимаи юнонӣ буда, маънояш зимнан ба хаёл овардан аст. Хусусияти хоси ин намуди сермаъноӣ он аст, ки бо ном гирифтани кул ҷузъ ва ё бараъкс ҷузъ ном гирифта шуда, кул фаҳмида мешавад:

Баъд аз сари ў писараш ҳавлиро фурўхт. Дар ин ҷумла номи яке аз узвҳо сар шахсро иваз кардааст.

Ё ин ки:

Бе заҳмату ранҷ нон намебояд хўрд,

Як луқма ба ройгон намебояд хўрд.

Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,

Гар ҷон биравад аз он намебояд хўрд.

Лоҳутӣ

Дар ин байт мақсад аз калимаи «нон» ризқу рўзӣ, воситаи зиндагист, ки ҷузъ  маънои кулро ифода кардааст.

Фарқи байни сермаъноӣ аз омоним дар он аст, ки калимаҳои интихобшуда муносибатҳои маъноиро нишон надиҳанд.

Калимаҳое, ки шаклашон якхела буда, маънояшон аз ҳамдигар фарқ мекунад, омоним ном дорад: чанг-асбоб, чанг-чангу ғубор, хома-қалам, хома-тўдаи хок, шаст-рақам, шаст-шасти моҳигирӣ…

Омоним аз калимаҳои юнонии onuma-ном ва  homos-якхела гирифта шудааст:

Ман ки имрўз ҳалоки дами ҷонбахши туям,                                                   

Дами Исо чӣ кунам,чун дами ту ин дам нест.

Ҳофиз   

                                                                     

Исо нафаси зиндакунандаи Исо пайғамбар, дами ҷонбахш-висоли  ёр, ин дам-ҳоло, ин замон. Омонимро дар адабиёт таҷнис мегўянд.

Омофон гуфта, калимаҳои гуногунеро меноманд, ки аз рўйи талаффуз пурра бо ҳам мувофиқ омада, дар навишт каме аз ҳам фарқ мекунанд. Мисол: шер-шеър, шўла навъи таом, шўъла равшанӣ.

Омограф гуфта калимаҳои гуногунеро меноманд, ки аз рўйи навишт бо ҳам мувофиқат карда, дар талаффуз аз ҳам фарқ мекунанд: бино-бино, сўзон-сузон, чаро-чаро, ғ.

Чаро н-ояд оҳуи симини ман,

Ки бар чашм кардамаш ҷойи чаро.

(Ғазоирӣ)

Омоформ-яке аз калимаҳо дар шакли пурра меояд ва калимаи дигар дар шакли грамматикиаш ба он ҳомоҳанг мешавад: дон-дона, дон- феъли фармоиш, дида-чашм, дида-дидан.

Синоним калимаи юнонӣ буда, synonymos, ҳамномҳо мебошад.

Калимаҳое, ки шаклашон дигару маънояшон ба ҳам наздик аст, синоним номида мешавад. Вожаи муродиф низ ба ҳамин маъно дар забони тоҷикӣ истифода мешавад: бахт, саодат, толеъ, иқбол, тақдир.

Синонимҳо яке аз аломатҳо ва ё нишонаи асосии бойгарии забон буда, яке аз беҳтарин воситаҳои баёни тобишҳои маъноии мафҳум, ҳолат ва рўҳияи шахс мебошанд ва барои аз такрори калима худдорӣ намудан, инчунин саҳеҳию  равшании суханро таъмин менамояд.

Роҳҳои пайдоиши синонимҳо:

  1. ба воситаи калимасозӣ: қодир, пурқувват, муқтадир, қудратнок ва ғ.
  2. аз ҳисоби калимаҳои лаҳҷавӣ: сабзӣ-бехӣ, зарҷома, зардак…

 

3.аз ҳисоби эвфимизм: вулгаризм                        эвфимизм

кўр                                   қорӣ, нобино, оҷиз

мурд                                вафот кард,

бандагиро ба ҷо овард

 

  1. аз ҳисоби калимаҳои иқтибосӣ: тоҷикӣ-арабӣ

доно     олим

душман    хасм

тоҷикӣ-туркию ўзбекӣ

абрў      қош

деҳа       қишлоқ

тоҷикӣ    –  русӣ

донишҷў    студент

рўзнома      газета

Ҷуфти синонимҳо барои боз ҳам пуробуранг гардидани нутқи мо лозим мебошад: меҳру муҳаббат, ҷабру ситам, сидқу вафо, шодию хурсандӣ.

Антоним аз калимаи юнонии anti- зид ва onuma- ном гирифта шудааст: ҷанг-сулҳ, калон-хурд, паст-баланд, дур-наздик.

Антонимро тазод низ мегўянд. Антонимҳо се хел мешаванд:

  1. Антонимҳои лексикӣ. Ба ин гурўҳ калимаҳои зидмаъное дохил мешаванд, ки онҳо берун аз матн ҳам хусусияти зидмаъноии худро нигоҳ медоранд: рўз-шаб, ғам-шодӣ, нек-бад:

 Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,

Дўстонро шод гардон, душманонро кўр кун.

  1. Дар забон на танҳо калимаҳо задмаъно мешаванд, балки маъноҳои як калима низ антоним мегарданд: калимаи “бебаҳо” маънои антонимӣ дорад: бебаҳо (қимат), бебаҳо (беарзиш), сазо ба маънии сазовор, сазо ба маънои ҷазо. Хунук, маймун
  2. Дар забони тоҷикӣ антонимҳое низ ҳастанд, ки вобаста ба шароит ва ё матн хусусияти антонимӣ пайдо мекунанд: калимаи “зард” ба “сурх” зидмаъно нест, вале дар тасвири нависанда антоним шуда метавонанд: Ранги зард ба рўйи сурх, ҳазинӣ ба қаҳ- қаҳи баланд бадал шуд.

Антонимҳо яке аз воситаҳои хеле муҳими услубӣ буда, ифоданоку образнок баромадани суханро таъмин менамоянд.

Leave a Reply