Ҳофизи Шерозӣ – Ғазалиёт

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёру чи маст.
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.
Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме,
Яксар аз кӯи харобот барандат ба биҳишт,

***

Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
Кин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.
Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,
Кин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.
Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон
Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.
Ҳусни бепоёни ӯ чандон, ки ошиқ мекушад,
Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.
Бар дари майхонаи ишқ, эй малак тасбеҳ гӯй,
Кандар он ҷо тинати одам мухаммар мекунанд.
Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт:
«Қудсиён гӯй, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».

Сарчашма сомонаи Sattor.com

Leave a Reply