Ғазал

Ғазалиёт

Бо ҳама ишқ дар оғози муҳаббат мондем,
Дар дили ҳамдигар аз фосила ҳасрат мондем.

Зиндагӣ нақшаи фардои маро барҳам зад,
Ману ту дар бари ҳам дар васати хат мондем.

Магар эҳсоси муҳаббат зи ду дил берун шуд,
Чун ду акс рӯйи ба ҳам карда зи суҳбат мондем.

Натавон гуфт дигар чораи баргашт набуд,
Натавон гуфт ба мағрурӣ мусаллат мондем.

Кори нокардани кардем, ки мо инсонем,
Мо ки аз кардаи худ боз ба ҳайрат мондем.

Дил ки наздик шавад ҳоҷати гуфтори нест,
Сухани хеш ба он вақти ишорат мондем.

Кори дунё магар охир ҳама дар аввал буд,
Бо ҳама ишқ дар оғози муҳаббат мондем.

Leave a Reply