Доруи мушкушак

Доруи мушкушак
Доруи мушкушак

Зани Мушфикй ба шавҳар таъна зада гуфт:
– Аз ин қадар хонашинӣ чӣ мегиред? Шумо ҳам дигар шавҳар барин ягон касбу кори фоиданок дошта бошеду…
Мушфикӣ бисёр фикр карда, охир касби доруфуруширо мувофиқ ёфт. Вай як руз дар маркази бозор як халтача хокистарро монда: «Доруи мушкушак мефурушам, доруи мушкушак!» гуён фарёд задан гирифт.
Ба харидорон аз ҳамон хокистар ба коғазҳо кам-кам печонда медод. Як харидор тариқаи кор фармудани ин ” дору ” – ро пурсид. Мушфикӣ ҷавоб дод:
– Аввал мушро дореду аз думаш гирифта ба замин хуб занед, баъд ба ҳоли худаш монда як лаҳзае нигоҳ карда истед, дидед, ки муш хеҷ ҳаракат намекунад, баъд аз ин дору ба даҳону бинии вай камтар ҷо диҳед. Ана бо ҳамин муш ҷо ба ҷо мемурад ва шумо аз зараррасонии вай халос мешавед!
Харидор гуфт:
– Шумо одами аҷиб будед – ку! Баъд аз он ки мушро доштам, бе доруи шумо хам зада мекушам!
– Шумо аввал аз доруи ман харед, баъд мушро хоҳ аз руи гуфти ман кушеду хоҳ аз руи гуфти худатон – ихтиёр дар дасти бахтиёр!
– Ҷавоб дод Мушфиқӣ.

Leave a Reply
You May Also Like
зодруз муборак тарбрикот
Бештар →

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»! Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз…
одоби сухангуфтан
Бештар →

Сухан гуфтан

Бо сухан мардум омадааст падид, Бо сухан ҷони ӯ расад ба ҷинон. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз…
устод ва шогирд
Бештар →

Одоби шогирд

Бидонед, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад, ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби…
Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез
Бештар →

Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат -ғалат хонда…
китоб
Бештар →

Китоб – раҳнамои беминнат

Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар яки мо худро бе истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет тасаввур карда наметавонем, ҳамин тавр…