Илова

Чистонҳо

Чистонҳо он ки монанд мушт
Ҳам  нарм асту ҳам дуруcт,
Бораш ҳамеша хор аст,
Хораш ҳамеша дар пушт?

 (х–п–т)

Баста даҳони танӯр,
Танӯр, аз лахча пур.

(т—-з)

Чист онки ранг ранг аст,
Чолуку тезтанг  аст
Ҷома пӯшад сад бақа
Бо чашмааш раванд хок,
Ҷомаашро кушоӣ,
Чашмат шавад  ҳавзи об.
(п–з)

Қадаш мисли сафедор,
Зӯри сад  мошин дорад,
Мошинаро беозор
Як даста мебардорад.
(К—и б—а—р)

Хона аз пушти хона,
Рӯйи оҳану равона.
Оҳан чӣ гуни оҳан?
Хона чӣ гуни хона?
(Қ—-а)

Сузандони  раҳгардон,
Пури сӯзан- сӯзандон.
(Ҷ—а)

Давон-давон меравад,
Наъразанон меравад,
Суйи қафо ҳеҷ гоҳ
Намекунам ӯ нигоҳ.
(Д–ё)

Дар об ҳаргиз
Намешавад тар,
Ҳеҷ нагирад
Дар оташе дар,
Пой гузорад
Бо касс баробар.
(С–)

На даст  надораду  на по,
Бо сараш меравад   роҳ,
Умри дарози худро
Дар раҳ мекунад кӯтоҳ?
(Қ—м)

Лӯб –лӯнда ҳамчун замин,
Рӯ-рӯйи сабза ғелон,
Як худаш бо даҳ навар
Бозӣ дорад дар майдон.
( Т– )

Ин раҳ чи гунна   роҳ  аст,
То бом аз остона,
Ҳар ҷо хоҳӣ,  мебарӣ
Рӯйи ҳавлию хона?
(Н—-н)

Мӯмиёи зарди ман,
Доруи сад  дарди ман.
(а–л)

Тобистону зимистон
Хӯрокаш донаю  мағз,
Дар мағоки  дарахтон
Гузорад хонаи нағз.
(с—-б)

Нависанда несту менависад,
Хонанда несту мехонад.

Аз ҷо ба ҷое
Мебарад моро,
Лекин аз ҷояш
Наҷунбад асло?
(д)

Кушоӣ як ном,
Пӯшӣ – дигар ном.

(м – д)

Ягон чиз надорад, аммо ҳар чизро даҳ карат зиёд мекунад.
(0)

Ду ишкам дораду ҳеҷ чиз намехӯрад.
(ҳ–т)

Худашон дар замин,
Овозашон дар фазо.

Шаш по дораду аз ҷо намеҷунбад.

Гӯянда гуфт,
Шунаванда хуфт.

Ба як гӯшаш сухан гуфта,
Зи як гӯшаш сухан бишнав.
Агар ҳарфи ту хуш бошад,
Ту хуш бишнида хуштар шав.

Дар офтобу борон
Чатрашро намемонад.
Пурсӣ агар дусад бор
Ҳиҷ чиро намедонад.

Тамоми шаб гӯш мекунӣ, ҳеҷ чиз намегӯяд.

Ҳар лаҳза мегузарад, аммо намебинӣ.

То гӯшашро натобӣ,
Ба хона роҳ наёбӣ.

Хомаш бошад, мехӯрам,
Пазад – хӯроки харам.

Ду бинанда,
Ду бинонанда.

Сиву чаҳор бародар
Ҳарчӣ хоҳанд месозанд.

Аз рахна мебарояд,
Думаш намебарояд.

Leave a Reply