Дар одоби сӯҳбат — Саъдии Шерозӣ

Ду кас ранҷи беҳуда бурданду саъйи бефоида карданд: яке он, ки андӯхту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ!
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое бар ӯ китобе чанд!

Одоби шогирд

Ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад, ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби шогирд ин аз муаллим вобастааст ва баъд аз оила, сарчашма мегирад. Кӯдаке, ки аз хурди бо ақлу тамиз аст то охири умр ҳамин хел меравад. Ва инсоне, ки аз хурди бе ақлу бе фаросат бошад ҳамин тавр ба балоғат мерасад. Ва аз ӯ умеде пойдор намешавад…

Одоби хӯрдан

Шустани дасту даҳон қабл ва баъд аз хӯрдани ғизо мӯҷиби баракати ғизо аст.
Қабл аз хӯрдани ғизо «Бисми-л-Лоҳ» бигӯ.
Бо дасти рост бихӯр.
Аз ҷулӯи худ ғизо бихӯр, яъне ба ҳар тарафи коса даст наандоз ва аз пеши худат бихӯр.
Ҳаргиз бо дасти чап хӯрду нӯш макун, зеро Шайтон бо дасти чап мехӯрад ва менӯшад.