Тоҷикистон — Ватани азизи ман

Силсилакӯҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои Осиёи Марказианд, дараҳои зебоманзар, водиҳои дорои вазъи иқлимии мӯътадил, ки дар онҳо киштҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳое, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нестанд, ҳамагӣ дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидаанд. Табиати афсункораш ҳар як бинандаро волаву шайдои хеш месозад. Сабк … Читать далееТоҷикистон — Ватани азизи ман

Об: Аз хусусият то захира

Об калонтарин захира дар рӯи Замин аст. Агар масоҳати тамоми кураи Замин 510 млн км2 бошад, аз он 361 млн км2 ё худ 70%-и қисми болоии заминро об дар бар мегирад. Об барои сайёраи Замин шакли такрорнашавандаро медиҳад ва бо ҳамин он аз дигар сайёраҳои системаи офтобӣ фарқ мекунад.  Пайдоиши ин муъҷизаи беҳамторо дар кураи … Читать далееОб: Аз хусусият то захира

Иншои озод дар бораи Конститутсия

Чихеле ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Волотарин дастовард ин соҳиб шудан ба истиклоли давлатии Тоҷикистон буд, ки … Читать далееИншои озод дар бораи Конститутсия

Таҳлил ва коркарди натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ.

Тадқиқоти сотсиологӣ бо таҳлилу коркарди маълумотҳои бадастомада, хулосабарорӣ ва омодасозии тавсияҳо анҷом меёбад. Маҳз коркарди маълумотҳо имконият медиҳанд, ки миқдори зиёди маводҳои амалии ҷамъшуда ба тартиб дароварда шаванд, ба гурўҳҳо ҷудо ва таснифоти он муайян карда шаванд. Дар барномаи тадқиқоти сотсиологӣ бояд пешакӣ роҳҳо ва шаклҳои коркарди маълумотҳо бо назардошти вазифаҳо ва фарзияҳои тадқиқоти сотсиологӣ … Читать далееТаҳлил ва коркарди натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ.

Озмоиши иҷтимоӣ.

Озмоиш яке аз усулҳои аз ҳама гуногуншакл ва мураккабу маъмули ғун кардани иттилооти ибтидоии сотсиологӣ мебошад. Озмоиш дар сотсиология — ин чунин усули ғун кардан ва таҳлили маълумотҳои амалӣ мебошад, ки бо ёрии он бо роҳи аз рўи нақша идора намудани шароитҳо ва фарзияҳо оиди сабабҳои робитаҳои ҳодисаҳо санҷида мешаванд. Аз байни ҳамаи усулҳо маҳз … Читать далееОзмоиши иҷтимоӣ.

Таҳлили ҳуҷҷатҳо.

Маълумотҳои зиёди барои кори тадқиқотчӣ зарур дар сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ ҷойгиранд. Дар сотсиология омўзиши ҳуҷҷатҳо ҳамчун як намуди фаъолият мебошад. Таҳлили сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ дар бисер мавридҳо имконияти гирифтани маълумотҳои расоро барои ҳалли масъалаҳои пешомада ва ё таҳлили масъала осонтар мекунад. Таҳлили ҳуҷҷатҳо маълумоти якуминдараҷа медиҳад ва имконият медиҳад, ки дигар усулҳои тадқиқот аниқ истифода бурда шаванд … Читать далееТаҳлили ҳуҷҷатҳо.

Усули мушоҳида дар сотсиология.

Мушоҳида — ин чунин усули ғун кардани маълумотҳои амалӣ мебошад, ки ба воситаи он ҷараёнҳо, ҳодисаҳо ва воқеаҳои муҳими иҷтимоӣ бевосита сабт, назорат ва санҷида мешаванд. Мушоҳидаи илмӣ аз мушоҳидаи муқаррарӣ (оддӣ) чунин фарқиятҳо дорад:  Мақсадҳо, вазифаҳо, объект ва предмети мушоҳида аниқ муайян шудаанд;  Мушоҳидаи мақсаднок аз рўи нақшаи пешакӣ тартиб додашуда гузаронда … Читать далееУсули мушоҳида дар сотсиология.

Барнома ва нақшаи тадқиқоти сотсиологӣ

Барои гузарондани тадқиқоти сотсиологӣ лозим аст, ки омодагии хубу ҳаматарафа дида шавад. Дар давраи омодагӣ барнома ва нақшаи тадқиқот тайёр карда мешаванд. Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ — ин иншои заминаҳои назариявӣ — методологии таълимоти умумии тадқиқот мутобиқи мақсадҳои асосии корҳои дар пешистода ва фарзияҳои тадқиқот бо нишон додани қоидаҳои амалиёт ва пайдарҳамии мантиқии корҳо барои санҷиши … Читать далееБарнома ва нақшаи тадқиқоти сотсиологӣ

Усули пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ.

Пурсиш усули гирдоварии иттиилооти иҷтимоӣ оиди объекти омўхташаванда мебошад, ки дар рафти муоширати бавосита (бо саволнома) ё бевосита (бо мусоҳиб) — и иҷтимоӣ — равоншиносии ҷомеашинос ва посухдиҳанда иттилощт бо роҳи бақайдгирии ҷавобҳо ба низоми саволҳо тибқи ҳадафу вазифаҳои тадқиқот ба даст меояд. Пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Таъиноти асосии пурсиш дар … Читать далееУсули пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ.

Методология ва методҳои тадқиқоти сотсиологӣ

Тадқиқоти сотсиологӣ ва намудҳои он Тадқиқоти сотсиологӣ яке аз тарзҳои асосии инкишофи донишҳои сотсиологӣ мебошад, ки тадқиқотчӣ ё гурўҳи тадқиқотчиён онро барои ҳалли масъалаҳои муайяни иҷтимоии ҷомеа истифода мебаранд. Мафҳуми «тадқиқоти сотсиологӣ» — ро аввалин бор соли 1897 сотсиологи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм дар асараш «Худкушӣ» ба доираи истилоҳи илмӣ ворид намудааст. Маҳз аз ҳамон вақт … Читать далееМетодология ва методҳои тадқиқоти сотсиологӣ

Назария ва амалияи кори иҷтимоӣ

Кори иҷтимоӣ аз ибтидои пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ҳамчун шакли фаъолияти амалӣ ҳамеша вуҷуд дошт. Дар давоми асрҳои зиёд ва таърихи фарҳанги ҳалқҳои форсу тоҷик кори иҷтимоӣ дар шакли хайрхоҳӣ, кори савоб, кўмак ба бечорагон, ғамхорӣ ба ятимону барҷомондагон, накўкорӣ ва амсоли ин амалӣ мегардид. Бо пешрафти ҷомеа кори иҷтимоӣ низ мазмуну моҳияти тозаро касб менамуд … Читать далееНазария ва амалияи кори иҷтимоӣ

Ташкилотҳои иҷтимоӣ.

1. Мафҳуми ташкилоти иҷтимоӣ 2. Таснифоти ташкилотҳои иҷтимоӣ 3. Идоракуни дар ташкилот 4. Бюрократия ва олигархия Мафҳуми ташкилоти иҷтимоӣ Ташкилот хамчун як унсури сохтори иҷтимоӣ дар ҳама низомҳо ҷой дорад. Одамон асосан дар ташкилотҳои гуногун кору фаъолият мекунанд, дар маҳалҳои ҷойгиршавии ташкилотҳо зиндагӣ мекунанд ва он чизе ки ба зиндагӣ зарур аст дар ташкилотҳои савдо … Читать далееТашкилотҳои иҷтимоӣ.

Глобализатсия ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият.

Глобализатсия падидаи нави иҷтимоиест, ки инсоният аз охири асри ХХ ба он рў ба рў шуд. Дар ҳазораи нав инсоният ба пешорўи раванди глобализатсия қарор гирифт, ки ин ҷараён ояндаи сайёраи моро муайян менамояд. Ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият ва самти тараққиёти он пас аз «ҷанги сард» пайдо шуда, дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла … Читать далееГлобализатсия ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият.

Ҳаракати иҷтимоӣ мафҳум ва таснифот.

Ҳаракатҳои иҷтимоӣ хусусияти хоси ҷаҳони муосир мебошанд. Дар ҷомеаи муосир шаклҳои гуногуни ҳаракати иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Аз ин рў, таҳқиқи табиат ва таъсири ҳаракатҳои иҷтимоӣ барои муайян намудани самти инкишофи ҷомеа ва ошкор намудани мушкилоти он ниҳоят муҳим аст. Ҳаракати иҷтимоӣ пеш аз ҳама рафтори коллективӣ ва кўшиши дар шакли дастҷамъӣ амалӣ гардонидани манфиатҳо ва … Читать далееҲаракати иҷтимоӣ мафҳум ва таснифот.

Умумиятҳо ва гурўҳҳои иҷимоӣ

Ба хотири он ки ҷамъият ин маҷмўи одамон набуда, дар навбати аввал системаи амали байниҳамдигарии онҳо мебошад, барои ҳамин ҳам худ ташаккули шахс ҳамчун шахсият, аз худ кардани забон ва ба воситаи вай ворид шудан ба фарҳанги ҳамин ҷамъият дар ҷараёни амали байниҳамдигарии одамон ҷараён мегирад. Маҳз Ҳамин тариқ, инсон дорои табиати иҷтимоии худ мешавад, … Читать далееУмумиятҳо ва гурўҳҳои иҷимоӣ

Модернизатсия ва индустриализатсия

Барои нишон додани дараҷаи ҳаёти байни кишварҳои бой ва камбизоат сотсиологҳо ва иқтисодшиносони Аврупо дар асри XX мафҳуми модернизатсияро кор карда баромадаанд. Мувофиқи он кишварҳое, ки дараҷаи пасти инкишоф доранд, бояд инкишоф ёбанд ё модернизатсия шаванд ва намунаи тамоюли инкишофи ҷомеаи ғарбро интихоб кунанд. Модернизатсия дар илми сотсиология барои ифодаи раванди таърихии гузариш аз ҷомеаи … Читать далееМодернизатсия ва индустриализатсия

Омилҳои тағйирот ва инкишофи иҷтимоӣ

Тағйироти ҷомеа ин пеш аз ҳама тағйирёбии сохтори ҷомеа аст. Дар ҷомеаҳои тосаноатӣ тағйиротҳои иҷтимоӣ вуҷуд доштанд, аммо бо ин суръате, ки имрўз идома доранд, таърих ёд надорад. Суръати тағйирёбии ҳаёти иҷтимоӣ меафзояд, дастраси ба низоми маориф торафт ба табақаҳои васеи ҷомеа дастрас гардида истодааст, ҷойивазнамоии иҷтимоии шаҳрвадон имконпазир гардида истодааст, ҳол он, ки ним … Читать далееОмилҳои тағйирот ва инкишофи иҷтимоӣ

Назарияҳо оиди тағйироти иҷтимоӣ

Ин ҳақиқатро, ки ҷомеаи пеш дигар хел буд ва мисли ҳозира боқӣ намемонад аз замонҳои қадим дарк намуда буданд. Масалан, мисриҳои қадим дар папирусҳо оиди шуришҳо, қашшоқи, бетартибии ҷомеа, тағйирёбии ҳаёти ҷомеа ёдгориҳои хаттӣ боқӣ гузоштаанд. Зардушт дар асараш «Авасто» дар бораи тағйирот ва ивазшавии ҳаёти ҷомеа, амалу кирдори нек ва бад маълумот додаст.Бисёре аз … Читать далееНазарияҳо оиди тағйироти иҷтимоӣ

Мафҳуми тағйироти иҷимоӣ

Омўзиш ва муайян намудани тағйиротҳои ичтимоӣ яке аз масъалаҳои муҳими маркази илми сотсиалогия ба шумор меравад. Тағйироти иҷтимоӣ як ҷанбаи ҷудонопазир ва як хусусияти доимии ҷомеа мебошад. Тағйирот ҳаст пас ҷомеа вуҷуд дорад. Ҳанўз аз замонҳои қадим олимон, донишмандон ва файласуфон мехостанд, ки муаммои дигаркунии ҳастии ҷомеаро кўшоянд ва марбут ба ин масъала чандин тадқиқотҳо … Читать далееМафҳуми тағйироти иҷимоӣ

Шахс ва ҷомеа

Мундариҷа Шахс: мафҳум, сохтор ва навъҳои он Омилҳои ташаккулёбии шахс Навъҳои иҷтимоии шахс Мақом ва нақши иҷтимоии шахс Масъалаи иҷтимоишавии шахс Талаботҳои шахс: моҳият, таснифот ва консепсияҳо Шахс: мафҳум, сохтор ва навъҳои он Масъалаи шахс, мақом ва нақши он дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷўҳи мутафаккирони ҳама давру замонҳо ва назарияҳои мухталифи сотсиологӣ қарор … Читать далееШахс ва ҷомеа