Забони тоҷикӣ Синфи 11

1. Ташдид бештар дар кадом намуди калимаҳо во мехӯрад? А) мураккаб;                                                  Б) таркибӣ; В) даҳиҷоӣ;                                                    Г) сохта; 2. Дар забони адабии тоҷик чанд услуб ҳаст? А) 3;                                                                Б) 5; В) 4;                                                                Г) 2; 3. Ҳиссаҳои маънидори калимаро чӣ меноманд? А) фонема;                                                     Б) морфема; В) ибора;                                                        Г) ҷумла; 4. Калимаи ман дар кадом ҳиссаи нутқ аст? А) исм;                                                           … Читать далееЗабони тоҷикӣ Синфи 11

Забони тоҷикӣ Синфи 7

1. Ибораҳои гули сари сабад, соя аз девор тарошидан, дил бой додан чӣ хел ибораанд? А) озод;                                    Б) фразеологӣ; В) ҷуфт;                                    Г) такрор; 2. Калимаҳои амир, амлокдор, элликбошӣ аз ҷиҳати истеъмол чӣ хел калимаанд? А) нав;                                                                    Б) маҷоз; В) наввожа;                                                            Г) таърихан маҳдудшуда; 3. Ифодаҳои таркибан ва мазмунан рехтаву устуворро дар илми забоншиносӣ чӣ меноманд? А) ибораи озод;                                                      … Читать далееЗабони тоҷикӣ Синфи 7

Забони тоҷикӣ Синфи 10

1. Ба забони тоҷикӣ кай мақоми давлатӣ дода шуд? А) Соли 1924;                                     Б) соли 1941; В) соли 1989;                                       Г) соли 1996; 2. Забони тоҷикӣ ба кадом оилаи забонҳо дохил мешавад? А) сомӣ;                                                     Б) туркӣ; В) муғулӣ;                                                 Г) ҳиндуаврупоӣ; 3. Калимаҳои зада, реша, ҳол, ҳарф, овоз ба кадом илм мансубанд? А) ҷуғрофия;                                             Б) физика; В) адабиёт;                                                Г) забон; … Читать далееЗабони тоҷикӣ Синфи 10

Забони тоҷикӣ Синфи 9

1. Ба забони тоҷикӣ кай мақоми давлатӣ дода шуд? А) соли 1924;                                     Б) соли 1964; В) соли 1989;                                      Г) соли 1996. 2. Алифбои забони тоҷикӣ аз чанд ҳарф иборат аст? А) 30;                                                          Б) 35; В) 32;                                                          Г) … Читать далееЗабони тоҷикӣ Синфи 9

Забони тоҷикӣ Синфи 5

1. Дар кадом гурӯҳ овозҳои садонок дуруст ҷойгир шудаанд? А) а, о, у, б, в, г;                                          Б) а, о, и, е, ю, д; В) а, о, у, ӯ, и, э;                                          Г) е, ё, ю, я, а, и; 2. Ҳиссаҳои нутқ чист? А) чорто;                                                      Б) дуто; В) даҳто;                                                       Г) шашто; 3. Дар кадом гурӯҳ калимаи мактаб ба ҳиҷо … Читать далееЗабони тоҷикӣ Синфи 5

Ҳар касеро баҳри кореву савдое офариданд.

Ақрабаки соат қарибии ҳаштро нишон медиҳад. Ҳама шитоб доранд, ҳар кас кўшиш дорад ба нақлиёти ҷамъиятӣ пештар нишинад ва ба ҷои кори худ ҳозир шавад то аз маъмурияти худ сарзаниш нашунавад. Аз саҳарии барвақт одамон мисли моку раву ой доранд. Касе ба сўйи коргоҳ мешитобад, касе ба сўйи донишгоҳ, касе бо кори худ ба самти … Читать далееҲар касеро баҳри кореву савдое офариданд.

Забони тоҷикӣ Синфи 8

1. Ҷиҳати овозии забонро кадом бахши илми забоншиносӣ меомӯзад? А) синтаксис;                                    Б) морфология; В) фонетика;                                     Г) фразеология; 2. Таркиби калима аз кадом қисматҳо иборат аст? А) мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда, ҳол;       Б) пешоянд, мубтадо, асос; В) реша, пешванд, пасванд, асос, бандак;                           Г) исм, сифат, шумора; 3. Илме, ки ҳиссаҳои нутқро меомӯзад, чист? … Читать далееЗабони тоҷикӣ Синфи 8

Забоншиносӣ (аз форсӣ: زبانشناسی)

Забоншиносӣ (аз форсӣ: زبانشناسی) ё Лингвистика (аз лотинӣ: Linguistica), илм дар бораи забони инсон буда, қонуни мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомӯзад. Забоншиносии ҳозира серсоҳа ва бо дигар соҳаҳои улуми гуманитарӣ алоқаманд аст. Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф ва мавҷудияти забонҳоро тахқиқ мекунад. Забоншиносии хусусӣ бошад забонҳои алоҳида ё гурӯҳи забонҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. … Читать далееЗабоншиносӣ (аз форсӣ: زبانشناسی)

36 саволу ҷавоб аз фанни забони тоҷикӣ.

Савтиёт чист? Савтиёт илм дар бораи овозҳо аст. Зада чист? Шиддатнок талаффуз шудани яке аз ҳиҷоҳои калимаро зада меноманд. Исм чист? Исм ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, номи ашёро ифода мекунад ва ба саволҳои чӣ? чиҳо? кӣ? киҳо? ҷавоб медиҳад. Исмҳои хос чист? Исмҳои хос ба шахс ва ашёи алоҳида мансубанд. Сифат чист? Сифат ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, аломат, хосият ва … Читать далее36 саволу ҷавоб аз фанни забони тоҷикӣ.

Ҳурмати меҳмон нигаҳ дор, эй писар!

Эй бародар меҳмонро нек дор, Ҳаст меҳмон аз атои Кирдигор. Меҳмон рӯзӣ зи худ меоварад, Пас, гуноҳи мизбонро мебарад. -Оре, меҳмон фардест, ки бо ризоияти Офаридгори бузург ба хони касе падид ояд. Он фардро мебояд бо нармию хушӣ пазируфт. Расму русуми меҳмонию меҳмондорӣ байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим идома дорад. Аз ин рӯ, мардуми … Читать далееҲурмати меҳмон нигаҳ дор, эй писар!

Солҳои мактабии ман.

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст, Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст. Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб, Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст. Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. … Читать далееСолҳои мактабии ман.

Касби ман-ифтихори ман.

Айб аст, ки дар ҳунар на кӯшӣ, Сад айб ба як ҳунар накӯшӣ. Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст. Дар дидаи мардумон азиз аст. Оре, ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, ки соҳибақлу соҳибхирад ба воя бирасад. Байни дӯстону наздикон обрӯю эътибор ва манзалату қимат дошта бошад. Муҳити иҳотакарда ӯро пазируфта эҳтиромашро … Читать далееКасби ман-ифтихори ман.

Саволу масъалаҳои тестӣ

Варианти 2 1. Дар кадом гурӯҳи калимаҳо бо иваз намудани ҳарфи аввал (ба ҳамсадоҳои ҷуфт) маънои калима тағйир меёбад? А) синф, сафед, калон С) фарш, деҳа, соз В) банд, ваҳм, фасл D) баҳр, лаб, бисёр 2. Ба имлои калимаҳое, ки дар таркибашон садоноки “ӯ” ва “у” доранд, диққат диҳед. Кадоме аз ин калимаҳо маънои “аҳмақ”, … Читать далееСаволу масъалаҳои тестӣ

Нигоҳи мухтасар ба гузаштаи забони тоҷикӣ

  Хуросони куҳан ва Фарорўд (Мовароуннаҳр) бар асоси ковишҳо, пажўҳишҳо ва бозёфтҳои бостоншиносон сарзаминест бениҳоят бостонӣ, ки аз дергоҳ дар он инсон зиндагӣ мекардааст. Ин марзу бум гаҳвораи яке аз дурахшандатарин ва куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳон буда, сокинони он дорои тамаддуну фарҳанги чандинҳазорсола мебошанд ва ганҷинаҳои фикриву маънавии онҳо дар марҳалаҳои гуногун ба забонҳо ва гўишҳои … Читать далееНигоҳи мухтасар ба гузаштаи забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ, ки дар пайванди маҳкам бо гўишҳои ҳамрешаи худ  забони дарӣ ва форсӣ  дар ҷараёни даҳҳо садсолаҳои таърихӣ ҳамчун забони тамаддунбахш дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавқеияту азамати фарҳангии вижа бархўрдор аст, бисту чаҳор сол аст, дар зодгоҳи худ мақоми пешина ва деринаи худро соҳиб шуда, чун дар асри тиллоии тамаддуни тоҷикон – аҳди … Читать далееЗабони тоҷикӣ

Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест, Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест. Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат, Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти … Читать далееТавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол

Китоб мӯниси ҷону дил аст

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст. Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо … Читать далееКитоб мӯниси ҷону дил аст

Дониш андар дил чароғи равшан аст…

Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани тy ҷавшан аст. Дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон … Читать далееДониш андар дил чароғи равшан аст…

Ифтихор аз Ватан дорем

Тоҷикистон, меҳри покат дар дилу ҷони ман аст, Офтоби шӯълапошат соя бар сад гулшан аст. Меҳри поки мардумат меҳри бузурги модарон, Мардуми меҳмоннавозат фахри даврони ман аст. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони … Читать далееИфтихор аз Ватан дорем

Душанбе – пойтахти Тоҷикистон

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе, Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе Душанбе шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Ҳамаи мо медонем, ки Душанбе пеш аз Инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорхои калони хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва … Читать далееДушанбе – пойтахти Тоҷикистон