Тоҷикистон — Ватани азизи ман

Силсилакӯҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои Осиёи Марказианд, дараҳои зебоманзар, водиҳои дорои вазъи иқлимии мӯътадил, ки дар онҳо киштҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳое, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нестанд, ҳамагӣ дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидаанд. Табиати афсункораш ҳар як бинандаро волаву шайдои хеш месозад. Сабк … Читать далееТоҷикистон — Ватани азизи ман

Шириншоҳ Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи волости Шуғнони Помири ғарбӣ ҳаст. Соли 1899 дар деҳаи номбурда таваллуд ёфт. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Дар ҳоли ҳозир дар қайди ҳаёт нестанд. Тахминан соли 1908 ё соли 1909, вақте ки 8-9 сола буд, онҳо аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, … Читать далееШириншоҳ Шоҳтемур

Сенарияи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор»

Сенарияи гузаронидани конференсияи илмӣ-бадеӣ дар гимназияи ба номи Низомии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор» бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷойи гузаронидан: Гимназияи ба номи Азимӣ Вақти гузаронидан: аз соати 10-00 то 11-30 Санаи гузаронидан: 28 октябри cоли 2010 Барандаи 1: Тоҷикистони азизам, парчамат поянда бод, Мавҷзан дар … Читать далееСенарияи «Тоҷикистон – бо ту дорам ифтихор»

Сенарияи гузаронидани ҷашни «Рӯзи артиши миллӣ»

Барандаи 1. Салом аз ҷониби мо ҷумла ёронро салом Ҳар кӣ моро дӯст дорад дӯстдоронро салом Ҳар кадоме пеш гӯяд, эй сарбозон зинда бош, Бар калонон бандаему ҷумла ёронро салом Салому дуруди моро бипазиред, омӯзгорон ва ҳозирини гиромӣ. Ҷамъ омадани яко яки мову шумо дар саҳна бе сабаб нест. Мо имрӯз ҷамъ омадем, то рӯи … Читать далееСенарияи гузаронидани ҷашни «Рӯзи артиши миллӣ»

Сенарияи «Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Барандаи 1: Ай офтоби тобон бишнав саломи моро Ай тутии шакарлаб эй мурғакони хушгап Ай сокили дурахшон бишнав саломи моро Эй халқи Тоҷикистон бишнав саломи моро. Барандаи 2: Зи хок то ба кайҳон бишнав саломи моро Ай соҳиби маҳфил ай ҷони мову ай дил Ай заргари Зарафшон ай куҳкани Бадахшон Бишнав саломи моро Саломи пур … Читать далееСенарияи «Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Сенарияи гузаронидани «Рӯзи муаллим»

Сенария гузаронидани ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи муаллим» Вақти гузаронидан: аз соати 8-00 то 8-45 дақиқа Ҷойи гузаронидан: саҳни гимназия Санаи гузаронидан: 1 октябри соли 2010 Ороишот: газетаҳои деворӣ,байрақчаҳо. -Ҷонишини директор: Диққат! Диққат! Дар саф рост истед! Ҷамъомади тантанавие, ки бахшида ба «Рӯзи муаллим» кушода эълон менамоем. Хонандагони азиз! Биёед, дар зери садои мусиқӣ ва … Читать далееСенарияи гузаронидани «Рӯзи муаллим»

Сенарияи баргузории ҷашни Меҳргон

Баранда 1: Ай офтоби тобон, бишнав саломи моро. Эй ғунчаи шукфон, бишнав саломи моро. Аз қуллаи Бадахшон то соҳили Зарафшон, Эй халқи Тоҷикистон, бишнав саломи моро. Салому дуруд ба ҳамаи шумо ҳозирини гиромӣ, устодони арҷманд ва хонандагони азиз. Инак гузашти айём рафтуои беисти рӯзу шаб моро ба остонаи баргузории яке аз ҷашнҳои хеле зебову пурфайз … Читать далееСенарияи баргузории ҷашни Меҳргон

Мавзўъи Фалсафа ва табиати дониши фалсафӣ.

Фалсафа мавзўи баҳси худро дорад, ки принсипан имконпазирии мавқеъгирии он хусусияти хоси фалсафа мебошад. Ин ҳамон соҳаи фаъолияти маънавии Инсон аст, ки дар пояи он рефлексияи худи ҳамин фаъолият ва аз ин рў моҳияти худи инсон ва муаян намудани субъекти маданият, яъне моҳияти муносибати инсон ба олам қарор гирифтааст. Фалсафа на фақат фанни махсуси илмист, … Читать далееМавзўъи Фалсафа ва табиати дониши фалсафӣ.

Фалсафа чист?

Фалсафа манфиати куллии халқ адолати иҷтимоиро ифода карда, воқеят – ҳам воқеяти табии ва ҳам воқеяти иҷтимоиро ба тарзи илмӣ инъикос менамояд. Истилоҳи фалсафа «Ф» маънояш меҳри софия аст, ки онро аксаран «МЕҲРИ ҲИКМАТ» меноманд, вале калимаи юнонии «СОФИЯ» нисбат ба «ҳикмат» хело васеъ ва мураккаб аст. Афлотун дар терминалогияи ғарбӣ калимаи «ФАЛСАФА» -ро собит … Читать далееФалсафа чист?

Диалектика ва моҳияти он.

Диалектика ҳамчун таълимоти фалсафӣ Инкори инкор. Диалектика аз калимаи юнонӣ буда, маънияш суҳбат, мунозира мебошад. Он дар таърихи фалсафа ба маънии гуногун истифода мешавад. Аввалин маротиба Диалектика ҳамроҳи демократия дар Юнони қадим пайдо шуд. Он вақт ҳунари баҳс исбот ва таъкид сохтани дигарон ва ба ин васила дар муҳокимаи корҳои давлатӣ, маҳкамавӣ ва ғайра пайдо … Читать далееДиалектика ва моҳияти он.

Пиндорам туӣ…

Мавлоно Ҷомӣ дар маҷлисе ғазале суруд, ки матлааш ин буд: Баски дар ҷони фигору ҷисми беморам туӣ, Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ. Яке аз шайхзодаҳои шаҳр, ки холӣ аз балоғат набуд ва даъвии шеъру шоирӣ мекард, бар матлаи ғазали Мавлоно Ҷомӣ эътироз намуд ва гуфт: — Ҷаноби Мавлано! Шумо дар ин матлаъ … Читать далееПиндорам туӣ…

Ҷомӣ ва Ҳотифӣ.

Рӯзе Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои табъозмоӣ хоҳарзодаи худ Мавлоно Ҳотифиро водошт, ки чанд мисраъ аз ашъори Фирдавсиро, ки ба сурати ҳаҷв суруда аст, истиқбол намояд. Мавлоно Ҳотифӣ қабул кард ва гуфт: — Он шеър кадом аст? Ҳазрати Ҷомӣ шеърро ба Ҳотифӣ бисупурд, ки он қарори зайл аст: Дарахте, ки талх аст, ӯро сиришт, Гараш барнишонӣ … Читать далееҶомӣ ва Ҳотифӣ.

Ҷомӣ ва шогирд.

Яке аз бузургзодагони Ҳирот фарзандашро барои омӯзиши забон ба ҳузури ҳазрати Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бурд. Ҳазрати Ҷомӣ дарси ӯро аз «Сарфи мир» оғоз карданд. Аввалин дарсро гуфтанду баъд ба шогирд, ки роҳаш аз миёни бозорчаи шаҳр буд, таъкид намуданд, ки дарсро чандин рӯз такрор намояд. Писар рафт ва бо шавқу дилбастагӣ дарсашро хуб такрор кард … Читать далееҶомӣ ва шогирд.

Фазлуллоҳ Ҷамолӣ ва Ҷомӣ.

Дафъае Фазлуллоҳ Ҷамолӣ ном шоире аз Ҳинд ба зиёрати Ҷомӣ омада буд. Дар маҷлиси аввалин ӯ дар боло нишаст. Чун вай дар либосҳои ҷанда буд, ба яке аз амалдорони вақт Амир Ҷалоир бад расид. Гуфт: — Миёни туву саг чӣ қадар фарқ аст? Ҷамолӣ гуфт: — Як ваҷаб. Ҷомӣ аз тарзи каломи ӯ мутааҷҷиб шуда … Читать далееФазлуллоҳ Ҷамолӣ ва Ҷомӣ.

Базис (зербнид) ва надстройка (рўбино).

К.Маркс мегўяд: Моҳияти базиси иқтисодиро муносибатҳои моддӣ ва истеҳсолӣ ташкил медиҳад, ки новобаста ба ирода ва шуури одамон равона мегардад. Базис – сохтори иқтисодии ҷамъият ва мувофиқи ба он маҷмўи муносибатҳои истеҳсолӣ дониста мешавад. Надстройка маҷмўи идеяҳои ҷамъиятӣ, муассиса ва муносибатҳое мебошанд, ки дар асоси базиси иқтисодии мазкур ба вуҷуд меояд. Надстройка шуури ҷамъиятӣ, муносибати … Читать далееБазис (зербнид) ва надстройка (рўбино).

“Сабкшиносӣ”

 Маликушшуаро Баҳор Асли хутути дунё аз куҷост? (Аз ҷилди аввал саҳ 57-59) То аввали қарни нуздаҳум аҳли таҳқиқро гумон чунин буд, ки аслу решаи хутут аз се хат бархостааст. Ва оне се: Хати чинӣ, Хати ҳиндӣ ва Хати сомӣ аст ва мўътақид буданд, ки хати қадими мисрӣ ва хати техӣ аз асли дигар аст, ки … Читать далее“Сабкшиносӣ”

«Тўҳфа аҳли Бухоро»

Мирзо Сироҷиддин ҳарчанд дар шеър забардаст ва адиби пурмаҳсул буд, аммо шўҳрати ў дар адабиёти аввали асри бист ҳамчун нависанда интишор ёфт. Ғайр аз мақолаҳои публисистӣ асари калони ў «Тўҳафи аҳли Бухоро» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷава шакли сиёсӣ аз намунаи беҳтарини насри адабии ибтидои асри XX ба шумор меравад. «Тўҳфа аҳли Бухоро» Чунон ки аз … Читать далее«Тўҳфа аҳли Бухоро»

Мероси адабии Мирзо Сироҷиддин

Мирзо Сироҷиддин ҳарчанд умри кўтоҳе дид, аммо дар назму наср ва жанри нави адабиёти мо — публисистикаи матбуотӣ маҳсули бое аз худ боқӣ гузоштааст. Чунон ки худи Мирзо Сироҷиддин гуфтааcт, вай дар шеърнависӣ аз ҷавонӣ машғул буд ва бад шоире ҳам набудааст. Шеърҳои Мирзо Сироҷиддин (ў дар шеър Сироҷӣ тахаллус мекард) ҳамагӣ дар сабку услуби … Читать далееМероси адабии Мирзо Сироҷиддин

Мирзо Сироҷиддини Ҳаким

Мирзо Сироҷиддин соли 1877 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари ў Ҳоҷӣ Абдурауф Мирзохурд аз шахсони давлатманди Бухоро буд ва дар ҳамон шаҳр ба саррофӣ машғул буд. Ҳоҷӣ Абдурауф, ки аз табақаи савдогарон буд, мехост, ба писараш ба тарзи нав таълим диҳад ва ба ў забонҳои аврупоиро омўзонад. Ба ин мақсад ба Мирзо Сироҷиддин аз хурдсолӣ … Читать далееМирзо Сироҷиддини Ҳаким

40-аҷоиботи забони англисӣ!

Дар забони англисӣ фактҳои бисёр шавқовару ҷолиб ва ҳатто ғалатӣ вуҷуд дорад ки метавон дар ин ҷо бо онҳо шинос шуд: 1. Калимаи англисии “alphabet” аз номи ду ҳарфи аввали алифбои забони юнонӣ “alpha” (алфа) ва “beta” (бета) гирифта шудааст. 2. Панграмма («pangram») ба ҷумлае гуфта мешавад, ки дар худ 26 ҳарфи алифбои англисиро фаро … Читать далее40-аҷоиботи забони англисӣ!