Конденсаторҳо. Қисми 2

Тағйир додани ғунҷоиши худ ҳангоми давр занонидани дастаки конденсатор, ки ба берун кашида шудааст,  ба хусусиятҳои хоси конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда дохил мешавад. Аввалҳо ин гуна конденсаторҳо дар радиоприёмникҳо васеъ истифода мешуданд.Намунаи конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда дар расми 3 оварда шудааст. Расми 3. Намунаи конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда Барои конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯркунанда дар нақшаҳои […]

Continue Reading

Конденсаторҳо. Қисми 1

Бояд қайд намуд, ки конденсаторҳоро низ ба монанди резисторҳо дар бисёре аз нақшаҳои электрикӣ вохӯрдан мумкин аст. Чун қоида, ду лавҳаи металлӣ, ки дар байни онҳо диэлектрик ҷойгир аст, конденсатор номида мешавад. Ҳаво, фахфур, абрак[18] ва ҳар гуна маводе, ки ҷараёни электрикиро намегузаронад,  метавонад ҳамчун диэлектрик хизмат намояд.Агар резистор ҷараёни электрикии доимиро мегузаронида бошад, пас […]

Continue Reading

Резисторҳо. Қисми 3

Ба ғайр аз резисторҳои муқаррарии дар боло овардашуда, инчунин резисторҳои ғайрихаттии нимноқилӣ истеҳсол карда мешаванд, ки маҳсули тараққиёти техникаи электронӣ мебошанд.  Хусусиятҳои асоии ин гуна резисторҳо дар доштани қобилияти тағйир додани муқовимати электрикии худ таҳти таъсири омилҳои идоракунанда ба монанди ҳарорат, шиддат, майдони магнитӣ ва ғ. дарҷмегарданд. Вобаста ба омилҳои таъсиркунанда ин резисторҳо мувофиқан терморезистор, […]

Continue Reading

Резисторҳо. Қисми 2

Дар муқоиса бо резисторҳои доимӣ, ки дорои ду бандак мебошанд, резисторҳои тағйирёбанда аз се бандак иборатанд. Дар нақшаҳои электрикӣ муқовимати байни бандакҳои канории резистори тағйирёбандаро нишон медиҳанд. Муқовимати байни бандакҳои канорӣ ва бандаки марказии резистор бо давр занонидани меҳвар (дастаки) – и резистор, ки ба берун кашида шудааст тағйир меёбад. Илова бар ин, агар дастаки […]

Continue Reading

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод, Саодати ту, давлати ту бегазанд бод, Зи дурии замонаҳо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем, Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Барои нангу номи мо, Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ, Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ Хазон намерасад ба навбаҳори ту […]

Continue Reading

«The Canberra Times» — Оинаи Австралия.

Австралия материки нимҷазираи ҷанубист, ки ҳамчун қитъаи панҷум шуҳрат дорад. Тибқи мадорики таърихиву географӣ Австралияро сайёҳи маъруфи ҳолландӣ В. Янсзон соли 1606 кашф намудааст. Баъдан бо гузашти айём ва тақозои замон дар асрҳои XVII – XVIII баҳрнавардони ҳолландию англис Абел Тасман, Ҷеймс Кук, Макрос Флинлерс ва дигарон ба тадқиқи баъзе аз паҳлӯҳои он машғул шуданд. […]

Continue Reading

Ном ва номгузорӣ

Маълум аст, ки тамоми махлуқоти олам, ашёи ҳастӣ номи худро дорад, ки инро гузаштагони донишмандони мо ба иҷро расонидаанд. Аксари номҳои мондашуда мувофиқи хислату хусусият, атвору хулқу одати волидон ва ё сурату шаклу шамоили зодашудагон гузошта мешаванд. Ба муҳити ҷуғрофӣ, олами набототу ҳайвонот низ ба ҳамин васила ном гузоштаанд. Мо дар ҳаёти худ бо номҳои […]

Continue Reading

Ҷавонон пайрави Пешвои миллат

Тоҷикистони софу беғубор. Дар зери осмони он фазои оромӣ, сулҳу амонӣ, ободии диёр, роҳҳои ҳамвору зебо, барафрозии корхонаву нерӯгоҳҳо ба назар мерасад, ки ҳамаи ин шарофати Истиқлолият ва Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо ҷавонон, бояд фахр кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу […]

Continue Reading

Машғулиятҳои мустақилона

Ҳангоми ба машғулиятхои мустақилонаи ҷисмонӣ шуруъ намудан вазъи саломатии худро ҳатман ба назар гиред ва дар ҳолати худро бад ҳис кардан бо духтур, омузгори тарбияи ҷисмонӣ ё мураббии худ оид ба машкҳо муроҷиат кунед. Ин хеле муҳим аст.  Ҳангоми ба машқҳои мунтазами ҷисмонӣ шуруъ намудан, аз худ кардани қоидаҳои асосии иҷроиши машқҳоро аз худ намоед. […]

Continue Reading

Латифаборон

Деканбозӣ Писарчаи декани як факултет ба ҷӯрааш гуфт: — Биё, деканбозӣ мекунем. -Ман чунин бозиро намедонам, — ҷавоб дод ҷӯрааш. -Ин бозии мушкил нест. Ана ин идораи ман мешавад. Ту дар пушти дар меистӣ ва ҳар гоҳе атса занам “лаббай” гӯён дарро мекушоӣ ва ман ҳам дар ҳар даромаданат “рав, пагоҳ биё, фардо биё” гуфтан […]

Continue Reading

«Ашк»-и модар

Хуррамзамин. Деҳаи мазкур дар баландие миёни кӯҳҳои осмонбӯс ҷойгир аст. Чӣ табиати зебову афсункоре дорад. Ёдгории “Табақи сангин”, чашмаи “Фотима ва Зуҳро”, дарахти “Арӯсу домод”, харсанги “Сафарпаҳлавон” ва монанди инҳо мавзеъҳои зиёде мавҷуданд, ки кас аз тамошояшон ҳаргиз сер намешавад. Оҳ, чӣ қадар деҳаи зебост ин деҳа. Атрофи номаш қиссаҳои зиёде мавҷуданд, ки гӯё солҳои […]

Continue Reading

Кур ва Бино

Нобиное дар шаби торик бо фонус аз кучаи пурлой мегузашт: Аз ру ба руи у касе омад. Вакте ки ба пахлуи нобино расид, пояш лағжида афтид, ба фонуси нобино бархурду он аз дасти нобино парида рафт ва ба девор расида шикаст, шамъаш ҳам мурд. Нобино фарёд баровард, ки акнун ман бе фонус ба хонаи худ […]

Continue Reading

Дегатон дута не-мӣ?

Мулло Мушфиқиро касе ба меҳмонӣ хабар кард. Вақте ки Мушфиқи омад, соҳибхона пурсид: — Барои шумо палав пазам ё шурбо? — Дегатон дута не-мӣ? — гуфт Мушфиқӣ дар ҷавоб. Соҳибхона ночор ҳам палав ва ҳам шурбо пухта зиёфат кард. Баъд аз палав ва шурбо соҳибхона ғайри чойи кабуд дигар чизи ташнагишикан набаровард. Пас Мушфиқӣ тадбире […]

Continue Reading

Ду сураткаш

Ду сураткаш дар устодӣ ва санъаткорӣ бо ҳ ам мудом баҳс мекарданд. Сураткаши якум сурати як cap ангурро чунок устодона кашид, ки дар дидан аз ангури ҳақиқӣ ҳеҷ фарқ намекардед. Вақте ки он суратро ба шохи дарахте овехта монд, баъзе парандаҳо ангури хақиқӣ пиндошта, омада ба вай нул мезаданд ва сураткаш ин ҳолро ба рақиби худ нишон дода, […]

Continue Reading

Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат -ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гуш доду баъд якбора хиштҳои рехта мондаи хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт. Хиштрез ӯро дида тохта омаду аз гиребонаш гирифта дашном дод: — Магар чашмат кур аст, ки роҳро монда аз болои хиштҳо меравӣ […]

Continue Reading

Доруи мушкушак

Зани Мушфикй ба шавҳар таъна зада гуфт: — Аз ин қадар хонашинӣ чӣ мегиред? Шумо ҳам дигар шавҳар барин ягон касбу кори фоиданок дошта бошеду… Мушфикӣ бисёр фикр карда, охир касби доруфуруширо мувофиқ ёфт. Вай як руз дар маркази бозор як халтача хокистарро монда: «Доруи мушкушак мефурушам, доруи мушкушак!» гуён фарёд задан гирифт. Ба харидорон аз ҳамон […]

Continue Reading

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»! Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. […]

Continue Reading

Хайём шоир

Арзишмандтарин офаридаҳои Хайём шеърҳои ў — рубоиёти вай мебошанд, ки теъдоди аниқи онҳо то кунун муайян нагардидааст. Асосан Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ Умари Хайём бо эҷоди рубоиёташ шўҳрати ҷовидонӣ ёфта. Чаро рубоиёти ин марди беҳамто ва офаридгори каломи қудсӣ ин қадар писанди инсонҳост? Ба диди мо бар он асос, ки ў гўё маҳз бо дархосту тақозои дили аксарияти […]

Continue Reading

Хайём – нигорандаи бузург

Хайём аз нобиғаҳои нотакрори ҷаҳони дирўзу фардо ва пагоҳҳои дигар аст. Чи қадаре ки дар атрофи номаш, лақабу тахаллусаш баҳс аст, дар атрофи мероси илмию адабиаш низ баҳс идома дорад. Ҳар чи ки оиди Хайём пеш меорем, тасдиқномаи андешаҳои моянд дар заминаи тадқиқотҳою асарҳои мансуб ба Хайём ва меросу осори ў, ҷиддан диди назар кардани […]

Continue Reading