Зарбулмасал-мақол

Ҳамсафари нобино шудӣ, як чашматро бипўш. Мо ҳафт бародар будем; баъзеашон мурданду мурданд, ҳафт кас шудем. Дар ҷойҳои худӣ одамро ҳурмат мекунанд, дар ҷойҳои бегона – пўстини мўинаи одамро. Барои мардум – коргар, барои хонавода – писар. Ҷое, ки мардҳо бисёранд, он ҷо ҳезум намеёбӣ; ҷое, ки занҳо бисёранд – об нест. Диҳӣ – мегирӣ, … Читать далееЗарбулмасал-мақол

Зарбулмасал

Оғо дар кайфу молаш дар барф. Дар бораи одами бекас касе чизе намегўяд. Барфҳо об мешаванд, аммо кўҳҳо барҷо мемонанд. Бигзор душман шер бошад, на рўбоҳ. Бигзор одам саг бошад, на хар. Бо банди бегона ба чоҳ фурў марав. Чароғ бе равған рўшноӣ намедиҳад. Кўҳи баланд беҳ аз ҳамсояи бад. Нақора дар дасти ману ту … Читать далееЗарбулмасал

Зарбулмасал

Хоберо, ки надидаӣ, нақл макун. Мардон аз се чиз меҳаросанд: об, оташ ва зани шаттоҳ Мардҳо аз арақ як рўз, аз пойафзори танг – як сол ва аз зани шаттоҳ – як умр азият мекашанд. Ҷанҷоли зану шавҳар мисли обест, ки бо корд ду нимаш мекунӣ. Марди бадаслро зани боистеъдод ҳам наҷот дода наметавонад. Оилаи … Читать далееЗарбулмасал

Зарбулмасал

1. Зиндагии бе камбудӣ ширин нест. 2. Беваи зебои пулдор бо як чашм гиря мекунаду бо дигараш чашмакзанӣ. 3. Ишқи бузург ҳамаро мебахшад. 4. Моҳии калон дар обҳои калон зиндагӣ мекунад. 5. Ошиқон гумон мекунанд, атрофиён ҳама кўранд. 6. Зиндагӣ иборат аст аз ғусли таъмид, издивоҷ ва гўр. 7. Худо шифо дод, аммо духтур пулро … Читать далееЗарбулмасал

Зарбулмасал

1. Дар набудани падар писар – хўҷаин, дар набудани модар – духтар. 2. Одами босавод мисли офтоб, бесавод – шаби тор. 3. Фикри хона дар роҳ ба кор намеравад. 4. Ҳаёти дўстона дароз ва зиндагии бе дўстӣ – кўтоҳ. 5. Мор ҳар сол пўсташро иваз мекунад, аммо дандони заҳрдорашро не. 6. Чи тавре ки говро … Читать далееЗарбулмасал

Зарбулмасалу мақолҳои гурҷӣ

  Гуреза ҳам худо мегўяду таъқибкунанда ҳам.. Серҷоғ аз муомила бо гунг хаста шуд. Дарди ангуштро дил ҳис мекунад, аммо дарди дилро ҳеҷ кас. Дарахти калон шамоли сахтро дўст медорад. Гургро гургона қабул куну рўбоҳро рўбоҳона. Душмане, ки аз пеш истодааст, беҳтар аст аз дўсте, ки аз ақиб истодааст. Агар зан интихоб кунӣ, ба гўшҳои … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои гурҷӣ

Зарбулмасалу мақолҳои ветнамӣ

ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲОИ ВЕТНАМӢ Тарбузро зоғ нўл заду аммо лаклакро ҷазо доданд. Аспро дар сафари дур меозмоянд. Одами зиштрў кўшиш мекунад, зебо намояд; аблаҳ кўшиш мекунад, ки суханҳои оқилона гўяд. Шахси сарватманд кар асту шахси машҳур – кўр. Ба киштии калон – мавҷҳои калон. Дар вақти хашм рост каҷ менамояду дар муҳаббат каҷ рост метобад. Дар … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои ветнамӣ

Зарбулмасалу мақолҳои бошқирдӣ

Аз ранҷонидани дўст ва ба душман додани сиррҳо худдорӣ кун. Беморӣ бо пудҳо меояду бо зарраҳо меравад. Ба як дил ду ишқро ҷой дода намешавад. Дар хурсандӣ ҳадди худро бидон ва дар бадбахтӣ имонатро гум макун. Об ба назди ташна не, ташна ба сўи об меравад. Вақтро бо дастҳо дошта намешавад. Ҷое, ки тири камон … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои бошқирдӣ

Зарбулмасалу мақолҳои афғонӣ

Аввал рафиқ в-он гаҳ тариқ. Аввал фил пайдо кун, баъд филхона бисоз. Агар беҳ мебудӣ, дар деҳ мебудӣ. Агар гуноҳро бубахшанд ҳам, шармсорӣ боқист. Агар дуои саг қабул мешуд, аз осмон устухон меборид. Аз дасти гурусна чӣ хайр? Аз макри зан ҳафт шутур бор шуда. Аз нодида қарз бикуну дар тоқи баланд бимон. Аз роҳи … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои афғонӣ

Зарбулмасалу мақолҳои арманӣ

  Бо ҳалқ бошӣ, рўзи сиёҳ ҳам ид аст. Молу сарват мисли маъшуқаест, ки имрўз ҳаст, фардо метавонад аз даст равад. Қонун барои доро, ҷазо барои бенаво. Ба камбағал бисёриҳо ақл ёд медиҳанд, аммо касе ба ў пул намедиҳад. Бой хост, ки камбағалро хурсанд кунад: аввал хари ўро пинҳон кард, сипас ба ў кўмак кард, … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои арманӣ

Зарбулмасалу мақолҳои арабӣ

Забон шамшери буранда асту сухан тири халанда. Одамиро аз дилу забон мешиносанд. Хомўшӣ низ ҷавоб аст. Касе, ки бисёр қасам хўрад, бисёр дурўғ мегўяд. Чалаки холӣ садои баланд дорад. Сирри худро дили худ беҳтар нигоҳ медорад. Гунги доно беҳ аз аблаҳи сергап. Чоҳи холӣ бо шабнам пур намешавад. Шиновариро дар хушкӣ намеомўзанд. То коса ба … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои арабӣ

Зарбулмасалу мақолҳои англисӣ

Алмосро бо алмос мебуранд. Бадбахтӣ омўзгори хуб аст. Камбағал он нест, ки кам дорад, балки онест, ки орзуҳои бешумор дорад. Қашшоқ касест, ки дўст надорад. Бенавоён интихобро намедонанд. Агар орзую умед намебуд, дил кайҳо мекафид. Бе занбўр асал гирифта наметавонӣ, бе кор – пул. Ҷойи бехавф – мобайн. Аз чоҳи хушкшуда об кашидан бефоида аст. … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои англисӣ

Зарбулмасалу мақолҳои амрикоӣ

Кореро, ки худат наметавонӣ, маслиҳат мадеҳ. Маслиҳати хуб дершавӣ надорад. Хашм бо аблаҳӣ сар мешавад ва бо дуо ба анҷом мерасад. Хашм бехудшавии кўтоҳ аст. Хўроки нав – иштиҳои тоза. Рўзе як себ хўрдан беҳ аз дидори табиб. Ҳавои бад атеистро дар як лаҳза ба Худо мегардонад. Ҳамраҳи бад занҷири шайтон аст. Рўзи бад ҳеҷ … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои амрикоӣ

Зарбулмасал

Зарбулмасал яке аз густурдатарин жанрҳои хурд дар фолклори халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Он жанрест, ки дар ҳамаи давру замонҳо, дар ҳар гуна контекстҳои иҷтимоӣ дар лафзу баёни мардум, дар эҷоди осори манзуму насрӣ, дар таълифи матолиби илмию оммавӣ ва иттилоотӣ корбурди назаррасу нишонрас дорад. Бузургон «Зарбулмасал дар сухан асал» гуфтаанд, ки бемуболиға аст ва … Читать далееЗарбулмасал