Марди ҳамеша хурсанд

Буд, набуд, як подшоҳу як вазир буд. Як рӯз подшоҳ ба вазир гуфт: — Хеле вақт аст, ки аз дарбор берун нашудаем, биё, сайри саҳро кунему ғубор аз диламон барорем. Вазир гуфт: — Гапи маъқул мегӯед, подшоҳам, сайру гашт кунему бинем, ки дар мамлакат чӣ гапҳо ҳаст, кӣ чӣ хел зиндагӣ мекунад. Подшоҳу вазир ба … Читать далееМарди ҳамеша хурсанд

Духтари зирак ва марди танбал

Як подшоҳе буд. Ду вазир дошт ӯ. Яке вазири дасти рост буд ва дигаре вазири дасти чап. Боре подшоҳ ҳамроҳи вазири дасти рости худ ба шикор рафт. Ҳамин, ки онҳо машғули шикор шуданд, дар болои сарашон зоғе пайдо шуду қар-қар кард. — Зоғ чӣ гуфт? — пурсид подшоҳ, аз вазир. — Намедонам, — ҷавоб дод … Читать далееДухтари зирак ва марди танбал

Навозандагони ҷангал

Шахсе хар дошт. Вай солҳои зиёд ба соҳибаш хизмат карда буд. Вай хеле сабру таҳаммул карда аз ҷангал барои гармидиҳӣ ҳезум ва аз осёб орд меовард. Аммо вай акнун пир шуд ва қувваҳои баданаш ӯро тарк карда буданд ва барои хизмат кардан бекора гардид. Баъдан соҳибаш хост аз ӯ дур шавад. Хар инро фаҳмид, ки … Читать далееНавозандагони ҷангал

Саги чашмгурусна

Саге дар пеши дӯкони қассоб устухоне ёфту, саросема ба даҳонаш гирифта гурехта рафт. Якчанд саги дигар дида, аз пасаш давиданд. Саг бо тамоми қувваташ тохта, худро ба тарафи дарё заду аз кӯпрук гузашта истода, назараш ба об афтода монд. Дид, ки як саги дигар устухони калонро ба даҳан гирифта, баробари ӯ медавид. Ин акси худи … Читать далееСаги чашмгурусна

Ҳасанак

Дар олам Ҳасанак ном ҷавоне буд. Шаҳр ба шаҳр мегашту деҳ ба деҳ. Рӯзе Ҳасанак ба шаҳре омад. Дар он ҷо мардум камбағалона зиндагонӣ мекарданд. Бисёриҳо аз гуруснагӣ мемурданд. Бисёре аз хонаҳо холӣ буд. Ҳасанак ба кӯҳ рафта, ҳезум ҷамъ кард. Баъд ба шаҳр оварду фурӯхт. Боз ба кӯҳ рафту ҳезум ҷамъ карду оварда фурӯхт. … Читать далееҲасанак

Ду бузича

Буд набуд, ду бузича буд, яке сиёҳу дигаре сафед. Бузичаҳо дар ду канори ҷӯй мечариданд… Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар якҷоя бозӣ мекунем! -гуфт рӯзе бузичаи сиёҳ ба сафед. Не,ту худат ба ин тараф биё! -гуфт бузичаи сафед. Хуб, ман ба назди ту мегузарам, гуфт бузичаи сиёҳ. Не ман назди ту меравам! -гуфт бузичаи … Читать далееДу бузича

Рӯбоҳ ва паланг

Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон … Читать далееРӯбоҳ ва паланг

Хаёлпараст.

Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мекард. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! ҳеҷ коре намекард дар ҷои худ фақат хоб мерафт. Агар дар болояш жола борад ҳам аз ҷояш намехест. … Читать далееХаёлпараст.

Вазири зирак.

Боре дар мамлакате хушксолӣ омад. На барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасида ва ҳосили деҳқон нодаравида монд. Гуруснагӣ омад, байни мардум муромурӣ cap шуд. Подшоҳ, аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука афтода, намедонист, ки чӣ кор кунад ва мардумашро аз марг чӣ гуна наҷот диҳад. Бисёр фикр кард, вале … Читать далееВазири зирак.

Нахӯтак.

Буд, набуд, дар як деҳае деҳқоне бо занаш зиндагӣ мекард. Онҳо фарзанд надоштанд. Барои ҳамин зиндагии онҳо бо ғаму ғусса мегузашт. Боре дари ҳавлии онҳоро пирамарди ришсафеди ришдарозе так-так мекунад. Деҳқон дари ҳавлиро кушода пирамардро ба дарун даъват мекунад. Зани деҳкон ҳамон замон дастархони пурнозу неъматро паҳн кард. Дар чойники пурнақш чои кабуд овард, пиёлаи … Читать далееНахӯтак.

Бузу гӯсфанду гӯсола.

Як бузи кӯтурро соҳибаш ба замини беда cap дод. Чанд рӯз чарида буд, ки буз кам-кам мӯй баровардан гирифт. Рӯзе дар бедазор як гӯсфанди кӯтур пайдо шуд. Бузак давида омаду гӯсфандро шох зад. Гӯсфанд гуфт: -Ҷӯра, маро назан, ман кӯтур шудагӣ соҳибам ин ҷо оварда монд, ки алафи тоза хӯрам. Ту аз як тараф хӯрдан … Читать далееБузу гӯсфанду гӯсола.

Ҷазои ҳилагар

Буд, набуд, як рӯбоҳ буд, рӯбоҳи айёр буд, ба хӯрдан тайёр буд, тоқати кор кардан надошт, aз меҳнат безор буд. Як pӯз аз танҳоӣ зиқ шуду ба сари роҳ баромада бо сангпушту мӯрча вохӯрд. -Ту кӣ? – пурсид аз сангпушт! -Мана мепурсӣ? Ман сангпушт. — Ин ҷонварак чӣ? — Рӯбоҳ мӯрчаро нишон дод. Ин дӯсти … Читать далееҶазои ҳилагар

Мурғобича.

Дар як рӯзи хуби тобистон, мурғобие, ки дар назди девори ҳавлии соҳибаш лона сохта буд, ҳис кард, ки тухмҳои дар зераш буда ҷунбида истодаанд. Аз онҳо овозҳои маҳину борик баромаду ҳар яке фарёд мезад ва яке аз дигаре пештар сар ба берун меовард. — Ҳама баромада шуд? — пурсид модарашон ва ҳар кадомеро назорат мекард.- … Читать далееМурғобича.

Ҷавони Шоҳномахон

Дар як мадрасаи Бухоро ҷавони қашшоқе таҳсил мекард. Азбаски ӯ ба хондан шавқи бисёр дошт, ба ҳар азобу душворӣ тоқат мекард. Рӯзе шуд, ки на дар ҳамёни ӯ пул монду на дар ҳуҷрааш хӯрдание. Ҳамин ҳол чанд вақт давом кард. Ҷавон чӣ кор карданашро надониста, баъди фикру ҳаёл тадбире андешид: китоби «Шоҳнома»-ро гирифта ба кӯча … Читать далееҶавони Шоҳномахон

Деҳқони камбағал.

Як деҳқони камбағал буд. Дар дил орзуе дошт, ки бою бадавлат шавад. Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Аз зери хок бароварда дид, ки даруни кӯза пур аз тангаҳои зар! Марди деҳқон хурсанд шуда, кӯзаро ба халта андохта пинҳон кард. Пинҳон карду cap бардошта дар раҳе, ки … Читать далееДеҳқони камбағал.

Хаёлпараст

Буд-набуд, як кампир буд, дар бисоташ фақат як писар дошт. Вай чунон танбалу нокора буд, ки ба гуфтан рост намеомад. Кораш аз нишастану хобидан иборат буд. Поёнро обу болоро сел ба- рад, парво надошт. Ин аҳвол ба ҷони кампир расиду як рӯз ба писараш гуфт: -То кай ин хел шаб ҳангию рӯз бангӣ шуда хоб … Читать далееХаёлпараст

Аввал пурси, баъд кушиш

Мамлакате буд миёни мамлакатҳое, ки дар ин олам кам нестанд. Дар он мамлакат як сол на барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасидаву нодаравида монд, хушксолӣ пеш омаду гуруснагӣ, байни мардум муромурӣ cap шуд. Мамлакат мисли ҳар мамлакати дигар подшоҳе дошту подшоҳ вазир. Подшоҳ аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука … Читать далееАввал пурси, баъд кушиш

Афсона — Аҷали хирсу ҳасуд

Буд-набуд, ду ҳамсоя буд. Ба ҳам дӯст буданд он ду ҳамсоя. Баъд кори як ҳамсоя омад кард. Одами зираку кордону бағайрат, ки буд, пул меёфт, чизу чора харида, боғ обод кард, иморатҳои баланду зебои хишткорию чӯбкорию пур аз нақшу нигор сохт! Мардум медиданду ҳавасашон меомад. — Ана зисту зиндагонию ана ҷоҳу ҷалол! — мегуфтанд мардум. … Читать далееАфсона — Аҷали хирсу ҳасуд

Афсона — Давлат чист

Буд-набуд, як марди бадавлат буд. Се писар дошт ӯ. Рӯзе нисбати ин хонадон байни ду ҳамсояи ӯ гуфтугӯ ба амал омад: — Ҳамсоя, мо ҳам мисли ҳамин ҳамсояамон заҳмат мекашем, кор мекунем, ҳамеша дар тараддуд, вале сабаб чӣ бошад, ки ӯ бадавлат асту мо не? — Инро аз худи давлат пурсидан лозим, — гуфт ҳамсоя. … Читать далееАфсона — Давлат чист

Афсонаҳо

ДУ БУЗИЧА Буд набуд, ду бузича, ду бузичаи ширмасти шӯхаку ҷингилапо буд. Ду бузича дар ду канори ҷӯй шодӣ кардаю бозӣ карда, чарида мегаштанд. — Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар; ҳамроҳ бозӣ кунем! — гуфт як бузича. — Не, ту худат ба ин тараф гузар! — гуфт бузичаи дигар. — Хайр, ман ба пеши … Читать далееАфсонаҳо