Зан модар тоҷи офариниш

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст, Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст. Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим, Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз … Читать далееЗан модар тоҷи офариниш

Шеърҳо дар васфи Ватан

Тоҷикистон- мазҳари ман, Cарзамини камзамин, Ту саросар кӯҳсорӣ, Ту саросар сангзорӣ, Чунки фарзандони ту дар тули таърихи дароз Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд. Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷӯи бахти худ Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд. Ҳар куҷо рафтанд маҳҷуру ғариб Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андӯҳ шуд. Ҷумла дар кӯи … Читать далееШеърҳо дар васфи Ватан

Садриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 3

 САМАРҚАНДУ БУХОРО Ҳаббазо, шаҳри Самарқанди биҳиштитимсол, Ҷуз биҳишташ ба тароват натавон ёфт мисол. Зарнисор аст заминаш чу кафи аҳли карам, Файзбор аст ҳавояш чу дили аҳли камол. Сабзазорест, ба ҳар сабза аён ранги тараб, Чашмасорест, зи ҳар чашма равон оби зулол. Мерасад накҳати кайфияти асҳоби ямин, Гар вазад боди шамол аз тарафи Боғи Шамол… Ин … Читать далееСадриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 3

Садриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 2

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Бар боғи ҷаҳон нахли шакарбори ман ин аст!
Дар хони амал лаълии хушбори ман ин аст!
Ҷони ману ҷонони ману ёри ман ин аст!
«Гў халқ бидонанд, ки дилдори ман ин аст!
Дилдори ҷафокори ситамгори ман ин аст!»
Эй бод, расон бар қадамаш мултамаси ман!
Шояд шавад ин лутфи ту фарёдраси ман!
Дар олами имкон ба ҷуз ў нест каси ман,
«Маҳбуби ману ҷони ману ҳамнафаси ман,
Хеши ману пайванди ману ёри ман ин аст!»
Ҳарчанд ки як бор накардӣ ту маро ёд,
Бе ёди ту ҳаргиз нашавад хотири ман шод,
Вақте ки дилам аз ғами ту буд ғамобод,
«Бўи сари зулфат ба ман овард шабе бод,
Аз ҳамнафасон ёри ҳаводори ман ин аст!»
Айнӣ шуда дар анҷумани ишқ ғазалхон,
Хурсанд нишинад чи ба васлу чи ба ҳиҷрон,
Онҳо, ки надонанд сурури ғами ҷонон,
«Гўянд: Камол, аз паи ў чанд канӣ ҷон?
То ҳаст зи ҷонам рамақе — кори ман ин аст!»

Читать далееСадриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 2

Нақши Абўалӣ ибни Сино дар ташаккули истилоҳоти илмӣ

Тавре ки донишмандони таърихи забони форсӣ гувоҳӣ медиҳанд, забони мазкур дар гузашта, махсусан пас аз истилои араб, ҳеҷ гоҳ бистари воқеии илм набудааст. Ба ин забон осори зиёде дар бахшҳои гуногуни илм падид омада буд, вале ба далелҳои бешумори айниву зеҳнӣ гўяндагони форсизабон танҳо матлаби илмиро ба забони модарияшон дарҷ кардаанду бас. Ба ибораи дигар, … Читать далееНақши Абўалӣ ибни Сино дар ташаккули истилоҳоти илмӣ

Садриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 1

ДАР ТАТАББЎЪ ВА ТАЗМИНИ САЪДӢ

Ёри ман ширинадоӣ мекунад,
Ҳар замон сад дилрабоӣ мекунад.
Мекунад бо дўстон бегонагӣ,
Душманонро ошноӣ мекунад.
Дар вафояш умр шуд, он шўх низ
Ҳамчу умрам бевафоӣ мекунад.
Гарчи шоми ҳаҷри абролудро
Моҳи рўяш камнамоӣ мекунад.
Кулбаи эҳзони торики маро
Ёди рўяш рўшноӣ мекунад.
Ёри ман аз ман ҷудо шуд, дўстон,
Ҷони ман аз ман ҷудоӣ мекунад.
Қомати он ҳурзод аз ҷилвае
Чун қиёмат фитназоӣ мекунад.
Дардам аз белутфии ёр асту бас,
Хоҳад аз лутфе давое мекунад.
Айнии мискин ба ҳасби ҳоли худ
Байте аз Саъдӣ гадоӣ мекунад:
«Ёри ман авбошу каллош асту ринд,
Бар ман аммо порсоӣ мекунад».

Читать далееСадриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 1

Садриддин Айнӣ — Мактаби кўҳна

I Ман бояд шашсола шуда бошам, ки маро падарам ба мактаби пеши масҷиди қишлоқ бурда монд, модарам мегуфт: — Туро дар вақти 4-сола, 4-моҳа, 4-ҳафта ва 4-рӯза буданат бо лаълӣ ва дастурхон ба мактаб фиристода сабақ сар кунонда монда будем. Аммо ту он вақтҳо бисёр хурд будӣ; дили ман ба ту месўхт, ки дар мактаб … Читать далееСадриддин Айнӣ — Мактаби кўҳна

Адабиёти муосири тоҷик — Садриддин Айнӣ

Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар  зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодзодагон кард ва партаве бар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурў нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд. Саид Нафисӣ Тарҷумаи ҳол           «Ёд дорам, — мегӯяд шодравон адабиётшинос Турақул Зеҳнӣ, — ки саҳни Регистон моломоли одам буд. Ман ҳам … Читать далееАдабиёти муосири тоҷик — Садриддин Айнӣ

Калимаҳои сермаъно, маҳдудмаъно

Маънои аслӣ он аст, ки калима ашёро бе иштироки маъноҳои дигар ифода мекунад: об, кўҳ, хок, дарахт ғ. Қисме аз калимаҳои забон як маъноро ифода мекунанд, онҳоро калимаҳои якмаъно ва ё моносемия меноманд. Моносемия калимаи юнонӣ буда, аз моно-як ва семия маъно таркиб ёфтааст. Якмаъноӣ асосан хоси истилоҳ мебошад Маънои маҷозӣ гуфта, онро меноманд, ки … Читать далееКалимаҳои сермаъно, маҳдудмаъно

Вабо

Дар тобистони соли 1893 (1310 ҳиҷрӣ) дар Бухоро боз вабо пайдо шуд. Маъмурони Руссияи подшоҳӣ, ки дар Когон менишастанд, дар ин кор бетараф намонданд: онҳо дар Когон, ки бевосита дар таҳти тасарруфи худашон буд, беморхонаи вабоӣ ташкил намуданд ва дар вокзали роҳи оҳан қоидаҳои карантинро ҷорӣ карданд. Ба ҳукумати Бухоро ҳам таклиф намуданд, ки беморхонаи … Читать далееВабо

Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо

Сарандозон ҳамеоӣ, нигорини ҷигархора?! Дилам бурдӣ, намедонам, чӣ овардӣ дигарбора?! Фиғон аз чашми маккорат, к-аз аввал буд ин корат, Ки пора-пора пеш оиву бирбоӣ дили пора. Барои моҳи бечунро кашидӣ ҷаври гардунро, Мусаллам гашт Маҷнунро, ки оқил нест инкора. Биёр он ҷоми пуроташ, ки то мо даркашемаш хуш, Ба ишқи рўи он маҳваш бурун аз … Читать далееМавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ — Ғазалҳо

Садриддин Айнӣ

(1878—1954) АЗ ТАЪРИХИ РЎЗГОР … Бояд гуфт, ки рўзгори воқеии С. Айнӣ баъд аз пирўзии Инқилоби халқии Бухоро (2.09.1920) то имрўз барои алоқамандони адабиёти бадеӣ чандон равшан нест. Он чи ба ин бахши сарнавишти ў сурат бастааст, дар муҳити сиёсии дигар навишта шудааст. Назар ба иқрори К. Айнӣ (фарзанди бузурги адиб) дар Инқилоби Бухоро мардум … Читать далееСадриддин Айнӣ