Абдураҳмони Мушфиқӣ — Ғазалиёт

АЗ ҒАЗАЛИЁТ Фитод аз лола оташ тавбаи парҳезгоронро, Ки оташбарг шуд қавсу қузаҳ абри баҳоронро. Чи гуна чоки гул дўзад сабо аз сўзани сабза, Ки дар ҳар ришта беш аз сад гираҳ афтода боронро. Бақое нест бедоди гулу фарёди булбулро. Басе гулҳо тамошо кардаму дидам ҳазоронро, Саги ў дар вафо аз худ маро камтар намедонад, … Читать далееАбдураҳмони Мушфиқӣ — Ғазалиёт

Аттори Нишопурӣ — Девони ашъор

Пешгуфтор Аттор асосан шоири ғазалсаро буда, дар осораш ғолибан ғазал мавқеи аввалиндараҷа дорад. Девони ашъори Аттор, ки 10 ҳазор байтро фаро мегирад, дақиқан, 9 ҳазору 943 байт аст ва дар ин миён асосан ғазал 873-адад, қасида 30-то, тарҷеот 6-то, рубоиёт 5-ҳазор то ва ғ. Аз ин миён наздик ба ҳазор ғазалу қитъа аст, ки адабиётшиносон … Читать далееАттори Нишопурӣ — Девони ашъор

Камоли Хуҷандӣ — Ғазал

Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро, Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро. Гўиям рав з-ин дару султони вақти хеш бош! Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро. Чокаронатро намегўям, ки хоки он дарам, Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро. Гуфтамаш: дар оби ораз акси ҷони мо намо! Гуфт: ҳар дам худнамоӣ хуш намеояд … Читать далееКамоли Хуҷандӣ — Ғазал

Мирзо Абдулқодири Бедил — «Комду ва Мудан»

Мутриби сози иқтидороҳанг, Мезанад нағмаи дига бар чанг. Ки дар иқлими Ҳинд шоҳе буд, Гулнигину чаманкулоҳе буд, Равнақи мулкаш аз тарабсозӣ, Ҳамчу гулшан ба ҷўши гулбозӣ, Ғулғули табли ҷоҳ—нағмахурўш, Ҷўши гарди ҳашам —-баҳороғўш. Дар замонаш зи нашъаи иқбол Ҷоми май буд гардиши маҳу сол. Рўзаш —оинаи суманбўён, Шом — гесўи анбаринмўён. Комде ном лўъбати найранг, … Читать далееМирзо Абдулқодири Бедил — «Комду ва Мудан»

Мирзо Абдулқодири Бедил — Ғазалиёт

Зи чашми бенигаҳ будам харобободи ғоратҳо, Ба ҳайронӣ мижа бардоштам кардам иморатҳо. Саводи номаам кам нест дар манъи сафои дил, Ғубори маънии улфат набошад аз иборатҳо. Ба завқи каъба магзар аз тавофи кулбаи Маҷнун, Зи дил ҳар ҷо сувайдо ҷўш зад, дорад зиёратҳо. Ҳуҷуми доғи шавкат кард эҷоди сиришки ман, Арақрез аст ҳар ҷо ҷамъ … Читать далееМирзо Абдулқодири Бедил — Ғазалиёт

Маликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор — Ғазал

ФИРДАВСӢ Сухан бузург шавад, чун дуруст бошаду рост, Кас ар бузург шуд аз гуфтаи бузург, равост. Чи чид, чи ҳазл дарояд ба озмоиши каҷ, Ҳар он сухан ки напайваст бо маонии1 рост. Шунидаӣ ки ба як байт фитнае бинишаст? Шунидаӣ ки зи як шеър кинае бархост? Сухан гар аз дили доно нахост зебо нест, Гараш … Читать далееМаликушшуаро Муҳаммад Тақии Баҳор — Ғазал

Саноии Ғазнавӣ — Ғазалҳо

Аҳсанту зеҳ, эй нигори зебо, Ороста омадӣ бари мо. Имрўз ба ҷои ту касам нест, К-аз ту ба худам намонд парво. Бикшой камар, пиёла бистон, Ороста кун ту маҷлиси мо. То кай камару кулоҳу мўза? То кай сафару нишоти саҳро? Имрўз замона хуш гузорем, Падруд кунем дию фардо. Ман тоқати ҳаҷри ту надорам, Бо ту … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Ғазалҳо

Саноии Ғазнавӣ — Маснавии Тариқуттаҳқиқ

ПАНД Умр зоеъ макун ба бехирадӣ, Дур шав дур аз сифоти дадӣ. Бо даду дев чанд ҳамнафасӣ, Илм омўз то ба Ҳаққ бирасӣ. Ҳар кӣ аз илми ҳақ нашуд огоҳ Дар биёбони ҷаҳл шуд гумроҳ. Охир ин кори илмбозӣ нест, Илми дин порсию тозӣ нест… Чист илм? Аз ҳаво раҳонанда Соҳибашро ба Ҳаққ расонанда. Ҳар … Читать далееСаноии Ғазнавӣ — Маснавии Тариқуттаҳқиқ

Мухаммас бар ғазали Бедил — Садриддин Айнӣ

Абри хат бебок чун бар рўи моҳе меравад, Ашки сурхам з-ин алам бар чеҳрагоҳе меравад. Гарчи имрўзат лақаб навхат паноҳӣ меравад, «Баъд аз инат сабзаи хат дар сиёҳӣ меравад, Эй зи худ ғофил, замони хушнигоҳӣ меравад». Нест ҳоҷат корвони ишқро бонги дуҳул, Ошиқонро аз назар пўшида мебошад субул, Аз куҷо омад, надонӣ, нашъа дар минои … Читать далееМухаммас бар ғазали Бедил — Садриддин Айнӣ

Убайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 3

Афтод бозам дар сар ҳавое, Дил боз дорад майле ба ҷое. Ў шаҳриёре, ман хоксоре, Ў подшоҳе, ман бенавое. Болобаланде, гесўкаманде, Султони ҳусне, фармонравое, Абрўкамоне, нозукмиёне, Номеҳрубоне, шанге,272  дағое.273 3-ин дилнавозӣ, з-ин сарфарозӣ, 3-ин ҷавфурўшӣ, гандумнамоӣ. Бе ў набахшад хуршед нуре, Бе ў надорад олам сафое. Ҳар ҷо, ки лаълаш дар ханда ояд, Шаккар надорад … Читать далееУбайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 3

Убайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 2

Маро зи васли ту ҳосил ба ҷуз таманно нест, Хаёли зулфи ту бастан хилофи савдо нест. Вафо зи аҳди ту меҷуст дўш хотири ман, Ҷавоб дод, ки худ ин матоъ бо мо нест! Басе бигуфтамат, эй, дўст, ҳаст раъи манат? Даҳон зи шарм фурў бастаӣ, ҳамоно нест. Ҳазор бўса зи лаб ваъда кардаиву яке Намедиҳиву … Читать далееУбайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 2

Убайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 1

Бикушт ғамзаи он шўх бегуноҳ маро! Фиканд себи занахдони ў ба чоҳ маро! Ғуломи ҳиндуи холаш шудам, надонистам, К-асири хеш кунад зангии сиёҳ маро. Дилам ба ҷову димоғам салим буд, вале Зи роҳи рафтани ў дил бишуд зи роҳ маро. Ҳазор бор фитодам ба доми дидаву дил, Ҳанўз ҳеҷ намебошад интибоҳ214  маро. Зи меҳри ў … Читать далееУбайди Зоконӣ — Ғазалиёт Қисми 1