Мухаммас бар ғазали Ҳилолӣ.

Аз дарди ту ман доруву дармон напазирам, Гар мезаниям теғ, зи дасти ту нагирам. Дарвешам агарчанд ва ё шоҳу амирам, Хоҳам ки ба зери қадамат зор бимирам. Ҳарчанд куни зинда дигар бор бемирам. То чанд ту бераҳм ба ушшоқ ситезӣ, Дар чашми дил аз мадумаки дида азизӣ, Аз ман, ки ба оғӯши рақибон бигурезӣ, Донам, … Читать далееМухаммас бар ғазали Ҳилолӣ.

Пиндорам туӣ…

Мавлоно Ҷомӣ дар маҷлисе ғазале суруд, ки матлааш ин буд: Баски дар ҷони фигору ҷисми беморам туӣ, Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ. Яке аз шайхзодаҳои шаҳр, ки холӣ аз балоғат набуд ва даъвии шеъру шоирӣ мекард, бар матлаи ғазали Мавлоно Ҷомӣ эътироз намуд ва гуфт: — Ҷаноби Мавлано! Шумо дар ин матлаъ … Читать далееПиндорам туӣ…

Ғазали «Оташ андар хирмани мо зад»-и Ҷомӣ.

Оташ андар хирмани мо зад рухат в-ин равшан аст, Холи мушкини ту бар рух донае з-ин хирман аст. Он рухи нозук чу об аз дида рафт, аммо ҳанўз, Нақши холаш чун сиёҳӣ монда дар чашми ман аст. Ту маро чашмиву то бар бому равзан омадӣ, Чашми ман гаҳ бар канори бому гаҳ бар равзан аст. … Читать далееҒазали «Оташ андар хирмани мо зад»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Шабам дар мотами ҳиҷрон»-и Ҷомӣ.

Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абрӯ дар хаёл омад, Ба сина ҳар куҷо нохун задам, шакли ҳилол омад. Пас аз марг, эй ҳумоюнзоғ, афган устухонамро Дар он саҳро, ки рӯзе бӯи он мушкинғизол омад. Равам дар сояи девори он хуршедрӯ мирам, Чу хоҳад офтоби умрро рӯзе завол омад. Нишони наълҳои маркабаш ҷӯяд сиришки ман, Бале, … Читать далееҒазали «Шабам дар мотами ҳиҷрон»-и Ҷомӣ.

Ғазали «Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд»-и Ҷомӣ.

Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд, Ростон майл бад-он қомати дилҷӯй кунанд. Ғамзаҳоро макун ангез паи ғopaти дин, Кофиронанд, мабодо, ки бад-ин хӯй кунанд, Чун хати сабзи ту нозук натавонанд навишт, Хушнависон ба масал гap қалам аз мӯй кунанд. Чун шавад хок сарам, бар сари кӯяш фиганед, Бошад, ин коса сафоли саги он кӯй кунанд. … Читать далееҒазали «Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд»-и Ҷомӣ.

Мундариҷаи ғазалҳои Ҷомӣ.

1. Аз ёри куҳан намекунӣ ёд. 2. Он ки бар гул гиреҳ аз ҷаъди суманбўи ту баст. 3. То диламро по дар он кӯ баста шуд. 4. Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст. 5. Оташ андар хирмани мо зад рухат в-ин равшан аст. 6. Боз ҳавои чаманам орзуст. 7. На ғизоле, … Читать далееМундариҷаи ғазалҳои Ҷомӣ.

Ғазали «Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст»-и Ҷомӣ.

Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст, Гар ба сурат ғоиб аст, аммо ба маънӣ ҳозир аст. Ошиқ андар зоҳиру ботин набинад ғайри дўст, Пеши аҳли ботин ин маънӣ, ки гуфтам, зоҳир аст. Дар ҳузури дўст ҳар ҷониб назар кардан хатост, Як замон ҳозир нишин, эй дил, ки ҷонон нозир аст. Хотирам … Читать далееҒазали «Ёр рафт аз чашму лекин рўзу шаб дар хотир аст»-и Ҷомӣ.

Ғазали «То диламро по дар он кў баста шуд»-и Ҷомӣ.

То диламро по дар он кў баста шуд, Роҳи рафторам зи ҳар сў баста шуд. Ноқаи азми ҷаҳонпаймойро Бар сари он кўй зону баста шуд. Он миён омад чу мўям бар хаёл, Риштаи ҷонам бар он мў баста шуд. Шишаи дилро ба фикри қоматаш, Дар дарун сад нахли дилҷў баста шуд. Чашми ман н-омад ба … Читать далееҒазали «То диламро по дар он кў баста шуд»-и Ҷомӣ.

Симои Зулайхо.

Зулайхо низ образи мусбат ва намунавист, ки қиёс надорад. Ў ҳанўз Юсуфро(а) дар хоб дида ошиқ мешавад ва аз пайи ана ҳамин орзуяш ҳастии худро ба гарав мегузорад. Вайро ғайри хоҳиш ба Азизи Миср хонадор мекунанд, вале ў устувориро якумрӣ нигоҳ медорад. Албатта, аз рўи хоби дидааш Азизи Мисрро Юсуф (а) мепиндораду розӣ мешавад. Чун … Читать далееСимои Зулайхо.

«Дар ишорат ба ишқ»-и Ҷомӣ.

Дар ишорат ба ишқ, ки шўри он намаки хони ҷигархўрон аст ва ҷароҳати он роҳати ҷони дилфигорон Равнақи айёми ҷавонист ишқ, Мояи коми ду ҷаҳонист ишқ. Майли таҳаррук ба фалак ишқ дод, Завқи таҷарруд ба малак ишқ дод. Чун гули нон бўи таашшуқ гирифт, Бо гили тан ранги тааллуқ гирифт. Робитаи ҷону тани мо аз … Читать далее«Дар ишорат ба ишқ»-и Ҷомӣ.

Ҳикояти «Ошиқи булҳавас».

Булҳавасе бар сари роҳе расид, Ҷилвакунон чордамоҳе1 расид. Ҳола шуда гирди қамар маъҷараш2, Хайма зада бар маҳу хур3 чодараш. Нағмасаро ҷунбиши халхоли4 ў, Нофакушо зулф зи дунболи ў. Наъра баровард, ки : «Эй худпараст! Пой макун тез, ки рафтам зи даст. Аз ту ба фарёд шудам, ҳамнафас, Роҳи карам гиру ба фарёд рас!» Тозасанам чу … Читать далееҲикояти «Ошиқи булҳавас».

Ҳикояти «Кашаф ва ду бат»

Баст ба сад меҳр бар атрофи Шат1 Ақди муҳаббат кашафе2 бо ду бат3. Шуд ба фароғат зи ғами рўзгор Қоидаи сўҳбаташон устувор. Рўзе аз он ҷо фалаки ростхўй Гашт зи бемеҳриашон кинаҷўй. Табъи батон аз лаби дарё гирифт, Рои сафар дар дилашон ҷо гирифт. Кард Кашаф нола, ки: Ай ҳамдамон, В-аз алами фурқати ман беғамон! … Читать далееҲикояти «Кашаф ва ду бат»

«Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ

Ишорат ба он ки мурод аз ин қисса сурати  қисса нест, балки мақсуд аз он маънии дигар аст, ки баён карда хоҳад шуд. Бошад андар сурати ҳар қиссае, Хӯрдабинонро зи маънӣ ҳиccae. Сурати ин қисса чун итмом ёфт, Боядат аз маънии он ком ёфт. Вазъи инро роҳдоне дигар аст, К-ӯ ба сирри кор роҳ овардааст. 3-он ғараз … Читать далее«Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ

«Сабҳат-ул-аброр»(«Донаҳои накӯкорон»)-и Ҷомӣ

Маснавии мазкур достони чаҳоруми «Ҳафт авранг» буда, дар баҳри Рамали мусаддаси махбуни махзуф ё мақсур навишта шуда, аз 2885 байт иборат аст ва таълифи он соли 1482 иттифоқ афтодааст. Шоир ба хусус дар васфи сухан хеле ҷаҳд кардааст ва муқаддас будани суханро таъкид ба таъкид арз мекунад: Дар булӯрин садафи чархи куҳан, Нест воло гуҳаре … Читать далее«Сабҳат-ул-аброр»(«Донаҳои накӯкорон»)-и Ҷомӣ

Сидқ — ростӣ, росткорӣ (сабҳат-ул-аброр).

ДАР СИДҚ1 Эй гарав2 карда забонро ба дурўғ, Бурда бўҳтон3 зи каломи ту фурўғ4! Ин на шоистаи ҳар дидавар5 аст, Ки забонат дигару дил дигар аст. Аз раҳи сидқу сафо дурӣ чанд? Дили қирӣ6, рухи кофурӣ7 чанд? Рўй дар қоидаи эҳсон8 кун! Зоҳиру ботини худ яксон кун! Якдилу якҷиҳату якрў бош В-аз дурўёни ҷаҳон яксў … Читать далееСидқ — ростӣ, росткорӣ (сабҳат-ул-аброр).

Тасвири ҷамъияти хаёлӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.

Дар достон идеяи ҷамъияти хаёлӣ характери ҷамъбастӣ дошта, аз нигоҳи фалсафӣ ниҳоят қавист. Мувофиқи тасвири Ҷомӣ Искандар пас аз ҷаҳонгирӣ, тай намудани кишвару мамлакатҳои зиёд ба шаҳре, ки ҳама мардум покизарўзгор буданд, мерасад. Аз тасвири Ҷомӣ равшан мегардад, ки Искандар аз Рум на барои қатлу ғорат, забт намудани кишвару бум, баҳру бар, боигарию сарват, чунон … Читать далееТасвири ҷамъияти хаёлӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.

Идеяи шоҳи одил ва маърифатпарвар-и Ҷомӣ.

Аз сюжети достон чунин ба назар мерасад, ки Искандар аз рўзе, ки ба сари тахт нишаст, дар кишвар адлу адолатро барқарор намуд. Сониян, ба ҳар мамлакате, ки мерафт, барои ободию осудагии мардуми он саъю кўшиш мекард, шаҳрҳои нав месохт. Аз ин ҳиҳат достони Ҷомӣ, ба маснавиҳои шоирони гузашта то андозае шабеҳ аст. Ба ақидаи Ҷомӣ … Читать далееИдеяи шоҳи одил ва маърифатпарвар-и Ҷомӣ.

Мазмуни мухтасари «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.

«Хирадномаи Искандарӣ», ки ҳафтумин достони «Ҳафт авранг» аст, 2315 байтро фаро гирифта, соли 1485 (890 ҳиҷрӣ) дар вазни мутақориб таълиф гардидааст. Достони Искандар дар адабиёти Шарқ мавзўи анъанавӣ буда, Ҷомӣ на ҷангнома, балки хираднома навиштааст. Искандар (Александр) ҳангоми солхўрда будани падараш таваллуд мешавад. Падараш Файлақус (Филипп) ўро барои тарбия ба ихтиёри Арасту (Аристотел) медиҳад. Арасту … Читать далееМазмуни мухтасари «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.

«Хирадномаи Искандар»-и Ҷомӣ (расидани Искандар ба шаҳре).

ДОСТОНИ РАСИДАНИ ИСКАНДАР БА ШАҲРЕ КИ ҲАМАИ МАРДУМ ПОКИЗАРЎЗГОР БУДАНД ВА САВОЛУ ҶАВОБИ ЭШОН Сикандар чу мегашт гирди ҷаҳон, Хабарпурси ҳар ошкору ниҳон. Дар аснои рафтан ба шаҳре расид, Дар он шаҳр қавме писандида дид. Зи гуфтори беҳуда лабҳо хамўш, Фурўбаста аз носазо чашму гўш. Наҷуста ба бад ҳаргиз озори ҳам, Ба ҳар кори некў … Читать далее«Хирадномаи Искандар»-и Ҷомӣ (расидани Искандар ба шаҳре).

«Хирадномаи Искандар»-и Ҷомӣ.

ХИРАДНОМАИ ИСКАНДАР Сикандар, ки ганҷинаи роз буд, Дари ганҷи ҳикмат бад ў боз буд. Зи ҳикмат басо гавҳари шабфурўз, К-аз ў монда пайдост бар рўи рўз. Биё, гўшро қоиди ҳуш кун, В-з он гавҳар овезаи гўш кун. Чу дорӣ дилу ҳуши ҳикматгарав, Бикаш пунба аз гўшу ҳикмат шунав. Арасту, к-аш устоди таълим буд, Бад-ў нақди … Читать далее«Хирадномаи Искандар»-и Ҷомӣ.