Навбаҳор

Табиат аз нафаси навбаҳор зинда шавад, Чу доғҳои дилам лолазор зинда шавад. Баҳор барфи саморо ба хок дафн кунад, Ки рудҳои сари кӯҳсор зинда шавад. Хуш аст омаданат, эй баҳори роҳатрез, Ба мақдами ту ҳазор обшор зинда шавад. Биё — биё ба заминҳои хушк, ишқмисол, Тапишхурад чу дилу сабзазор зинда шавад. Ҳузури ту кунад эҳёи … Читать далееНавбаҳор

Аз омаданат

Чун баҳори туву эҳё шавам аз омаданат, Теппаи хокаму зебо шавам аз омаданат. Рафтаи бе ҳаракат, лой шудам чун мурдоб. Ту қадам зан, ки мусаффо шавам аз омаданат. Сахттар аз саратон дарди ҷудоӣ будаст, Зуд о, то, ки мудово шавам аз омаданат. Пош хурдаст хаёлу дилу ақлам ҳар сӯ, Ҷамъ чун об ба якҷо шавам … Читать далееАз омаданат

Ёдам мекунӣ?

Гар шавам аз интизорат хок , ёдам мекунӣ? Гар бимирам бо дили садчок , ёдам мекунӣ? Ёд кун вақти ғуруб аз субҳи ишқоғози ман, Ёри ман он лаҳзаи ғамнок , ёдам мекунӣ. Гар равам аз пеши ту оинасон покам макун, Эй ба покӣ з-оина ҳам пок , ёдам мекунӣ? Зиндагӣ заҳрист қотил бе ту бовар … Читать далееЁдам мекунӣ?

Манзури Хайём аз шароби ноб чӣ чизе буда?

Дар эҷодиёти Хайём тавсифи май мақоми хоса дорад. Ин намунаи закои инсонӣ алайҳи мутаассибони гузарое, ки баҳри ақли инсониро занҷирбанд, дилашро аз хушиҳои ҳаёт сард, дасташро дар доманаи фалак муаллақ мондану дар ҷони тираашон ғашдоруи ороминогузор рехтан мекўшиданд аз ин тимсоли аҷиб — образи май бо камоли маҳорату ҳунармандӣ истифода бурд. Пеш аз Хайём низ … Читать далееМанзури Хайём аз шароби ноб чӣ чизе буда?

Дар базми бодагусорон

Чаро бузургтарин шуаро амсоли Хайём ва тавонотарин абармардони тавсифкардаи шуарои яздонқудрат дар лаҳзаҳои дар чорсўи зиндагӣ ҳайрону «нотавон» монданашон, дар ҳолатҳои дар ҷисми худ гунҷида натавонистан, заминро сахту осмонро баланд пиндоштан, додрасу додхоҳу додгоҳу муаммокушои роз наёфтан, бо фалаку сипеҳру «Яздон» даст ба гиребон шудану таслим нашудан, сари фарозу ғурур паст накардан, ҳеч илоҷе наёфтан, … Читать далееДар базми бодагусорон

Ба тоҷи шоҳи

(Тоҳо) ба тоҷи шоҳи, «Ё син» қадри пушок, » Вал — лайл » ро ба зулфат гуфтаст Холиқи пок. Дар аҳди лоларуён якто шукуфта шамъе, Меъроҷ рафтӣ эй шаҳ болотарини афлок. «Андар мақоми қурбат «қавсайну қоб омад, Хонанд ошиқонат бо дидаҳои намнок. Аз ҳурмати ту Раҳмон дода хабар ба қуръон, В -аз рую мӯю чашмон … Читать далееБа тоҷи шоҳи

Мухаммаси Фозил бар ғазали Ҳофиз

Шаби муштоқи рӯят чун саҳар бод. Вафоят дар дили мо мустақар бод. Ҳасуд аз нури ҳуснат бе басар бод. “Ҷамолат офтоби ҳар назар бод, Зи хуби руи хубат хубтар бод» Зиреҳ аз меҳр бодо пайкаратро, Вуҷуди нозуки меҳрофаратро. Хати сероби гулбарги таратро, “Ҳумои зулфи шоҳинпарваратро, Ҳама шоҳони олам зири пар бод» Сазои мақдами улфат набошад, … Читать далееМухаммаси Фозил бар ғазали Ҳофиз

Мерасад ҷон

Мерасад ҷон ба лаб аз бекасию танҳойи, Мезани бар дили ман ханҷари бе парвойи. Ба камолоти ҷамолат қасам, эй моҳи мунир, Ки ба ҳусни ту баробар нашавад симойи. Воъизо панд мадеҳ қисматам аз рузи азал, Будааст ошиқию шефтагию шайдойи. Сари худ хоки дарат мекунам аз руйи вафо, Ба умеде, ки ба рӯям дари худ бикшойи. … Читать далееМерасад ҷон

Боз ояд

Гар зи ту аз сари риққат ба ман овоз ояд, Ҷони беруншуда аз тан ба танам боз ояд. Риштаи айши маро ҳаҷри рухат бибридаст , Чи шавад ришта, ки бар ханҷару миқроз ояд. Ду ҷаҳонро ба ҷави қадр нахоҳад кардан, Онки бар рӯйи ту муштоқу назарбоз ояд. Рамзи ишқ аз назари сифлагон пинҳон аст, Он … Читать далееБоз ояд

Ғам расид

Ғам расид лабҳоям мегурезад аз ханда, Гирдбоди гам карда ҳастиям пароканда. Аз таҷалли ҳуснат шаш ҷиҳат гулистон буд, Рафтию намеояд чун, ту дигар оянда. Ганҷи меҳр дар сина парваридан осон нест, Нақди ҷон ба ин гавҳар ҳеҷ нест арзанда. Баҳри дӯст агар инҷо мекуни фидо ҷонро, Толеъест фархунда давлатист поянда. Иззу ҷоҳи ин олам он … Читать далееҒам расид

Дӯстат медорам

Ошкору ниҳон дӯстат медорам, Бе ҳарфу баён дӯстат медорам. Эй шамъи сафо, эй моҳи мунир, Бе шакку гумон дӯстат медорам. Эй рашки парӣ бо лафзи дарӣ, Гӯям ба забон дӯстат медорам. Қурбони туянд бисёру вале, Беш аз ҳамагон дӯстат медорам. Бемори туям дар бистари гам, Эй ҷони ҷаҳон, дӯстат медорам. Магзору марав, бархезу биё, Наздик … Читать далееДӯстат медорам

Боз меояд

Боз меояд ба ҷилва мебарад аз ман нигор Тоқат аз ҷон, ҳуш аз сар, дил зи бар, аз дил қарор, Баҳри озору шикасту қасди ҷонам кардааст, Чашмсайёд, нозханҷар, ҷилвадому ғамза хор. Ҳоли мо бе ӯ чунон будаст, монад инчунин, Ҷон ҳаваснок, хок бар сар, қалб пурхун, дида чор. Ончӣ аз ишқаш насибам гашт, дар ин … Читать далееБоз меояд

Мимирaм aфсус

Нaдидa aйши чон мимирaм aфсус Ба фарёду фигон мимирам афсус Надорам шиква аз марги чавони Чудо з-он дилситон мимирам афсус Ъаён дида хазони ъумри худро Якин орзурда чон мимирам афсус Висолат орзуи чони ман буд кунун пур ормон мимирам афсус Вафодори туям дони надони Ки ошик хамчунон мимирам афсус Кашида ранчи сахти интизори Бароят мехрубон … Читать далееМимирaм aфсус

Шоири безамони

Бо ҳама ибтикори хеш латма задам низомро. Захми кадимиям наёфт фурсати илтиёмро. Боз зи ҳабси дурият нолакунон фирориям, То ба замини кишвари васл кунам мақомро. Ҳаст тулуъи ҷилваат ҳуҷатти пойдориям, Хислати офтобият медиҳадам давомро. Сафхаи синаам кушо вориди рамз кун бубин Силсилаи паёмро ҷозибаи каломро Бо ҳама ҷонфишониям қосираму гуноҳгор, Аз ки ситонам интиқом бо … Читать далееШоири безамони

Бо нигоҳи ту

Бо нигаҳи ту тавъам аст шаъшаъаи ҷавониям, Мерави ҳазф мешавад номаи комрониям. Огаҳи аз ниёзи ман рамзкушои рози ман, Чун Хати субҳ ошкор пиши ту ҳар ниҳониям. Хоки танам мабин чунин ин қафасист руҳро, Бо ту уруҷ мекунад нимаи осмониям. Вазъи баҳор доштам зири ҳимояи шубоб, Эй ки насиби чашми туст. марҳалаи хазониям. Қатъи умед … Читать далееБо нигоҳи ту

Шарори ҳодисаҳо

Шарори ҳодисаҳо сухт хирмани моро. Ғубори ғусса гирифтаст домани моро. Чу ранг маҳмили мо бе садо сафар дорад, Бубин асоси ба ғафлат нишастани моро. Ки ибрат аз асари рафтагон ҳамегирад,? Кушояд ӯ гириҳи дил бубастани моро. Маоли мо ба ҷуз аз ҳарзакории набувад, Агар шикаст шикастаст гардани моро. Иноншикастанафас боб мекунад мафтуҳ, Замон Бурун кунад … Читать далееШарори ҳодисаҳо

Ниқоби шаб

Сафири субҳ дигарбора ру намуд биё. Ниқоби шаб зи дили каҳкашон зудуд биё. Шукуфаҳои баҳори видоъи олам кард, Хазон гилими зарандудро кушуд биё. Қарор аз дили мо Рафт чун тароватҳо, Ту чун баҳори нав Эй мояи рукуд биё. Чу сабза бе ту нишастам харобу хок ба сар, Мисоли абри баҳориву обу руд биё. Силоҳи сулҳ … Читать далееНиқоби шаб

Роҳёб туи

Ба ҳар дили ки туро ёфт роҳёб туӣ, Ниҳону ҷилваю урёнӣю ниқоб туӣ. На рангу боду на офоқу на баҳору хазон, На ончи Ақл кунад радду иҷтиноб туӣ. Ту бе ниёзию ашё ниёзманди туанд, Сурурбахшу адамсози изтироб туӣ. На зодаиву на зодашуда зи ҳеҷ вуҷуд, Раҳиму тавбапазиранда бе ҳисоб туӣ. Ту бе назирию якто, ки … Читать далееРоҳёб туи

Таманои ту

Он чунон шуру таманноӣ ту бар сар дорам, Лашкари толиби дидори туро сардорам. Домани ишқи туву дасти талабҳои дилам, Дил набардорам агарчи бикаши бардорам. Нест нақши ба ҷуз аз нақши ту бар дафтари дил, Зори дармони туям аз ҳамагон безорам. Накашам миннати кас чунки манам бандаи ту, Аз ту дар хавф фитам ҳам зи ту … Читать далееТаманои ту

Ишқ

Он лаҳза, ки лабҳои ту афтод зи гуфтор, Он лаҳза, ки олам ҳама шуд ҷилвагаҳи ёр. Он лаҳза, ки аз пой фигандат ғами бисёр, Он лаҳза, ки ҷон бахши ба як лаҳзаи дидор. Он ишқ бувад, ишқ бувад, ишқ бувад ишқ. Он рӯз, ки аз мурдану куштор натарсӣ, Он рӯз, ки аз тири шарарбор натарсӣ. … Читать далееИшқ