Бадриддин Ҳилолӣ — Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» нуқтаи баландтарини эҷодиёти Бадриддин Ҳилолист. Мавзўи достон нав нест. Қиссаи Лайлӣ ва Маҷнун ҳанўз дар эҷодиёти шоирони асри X ёдрас шудааст. Ин қисса яке аз афсонаҳои маъмули мардуми араб буда, пас аз истилои арабҳо дар байни халқи мо паҳн мешавад. Бори аввал дар таърихи адабиёти тоҷику форс шоири асри XII Низомии … Читать далееБадриддин Ҳилолӣ — Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»

Низомии Ганҷавӣ — Достони «Хусрав ва Ширин»

Тавзеҳ   Достони «Хусрав ва Ширин» дуввумин маснавии Хамсаи Низомии Ганҷавӣ буда, шоир ба сурудани он соли 1177 оғоз намуда, соли 1180 ба итмом расонд. Ҳаҷми достон 6500 байт аст. Шоир баъди тамом шудани достон онро ба ҳокими Озарбойҷон Атобак Шамсиддин Муҳаммад Ҷаҳонпаҳлавон (1174-1186) бахшида буд. Вале соли 1186 шоир ба ҳузури бародари Ҷаҳонпаҳлавон Қизил … Читать далееНизомии Ганҷавӣ — Достони «Хусрав ва Ширин»

Низомии Ганҷавӣ — Хамса

  Аз рўи илми назарияи адабиёт, аслан «Хамса» жанри адабӣ нест ва ҳеҷ гуна хусусиятҳои махсуси шаклӣ ва мундариҷавӣ надорад. Воқеан худи калимаи хамса  аз лафзи арабии «хамс»-панҷ ё панҷгона буда, аслан ифодаи рақами панҷ шумораи миқдорӣ аст, вале аз эҷодиёти ҳаким Низомии Ганҷавӣ ба минбаъд «Хамса» тобиши нави маъноӣ гирифта, то ба дараҷае моҳияти … Читать далееНизомии Ганҷавӣ — Хамса

Мавлоно — «Маснавии маънавӣ»

Ҳамин «Маснавии маънавӣ»-ст, ки номи Мавлоноро шўҳратёр кардаву тавони суханвариашро найваста меафзояд. Ин асар дар вазни рамали мусаддаси мақзуф (фоилотун, фоилотун, фоилун: -V — — / -V — — / — V -) навишта шуда, дар он масойили бисёри диниву мазҳабӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ ва иҷтимоъиву сиёсии замони пурмоҷарои мутафаккир акс ёфтааст. Тавре ки ишора рафт, … Читать далееМавлоно — «Маснавии маънавӣ»

Бадриддин Ҳилолӣ — Маснавиёт

Маснавиёти Ҳилолӣ Баъди он ки Ҳилолӣ шоири машҳури ғазалсаро гардида, дар байни аҳли илму адаб эътибори сазовор меёбад, баъзе адибон ўро таъна мекунанд, ки ҳамаи ин шўҳрату дағдаға танҳо дар ғазал аст ва иқтидори ў ба сароидани маснавӣ намерасад. Пас аз ин Ҳилолӣ ба гуфтани маснавиҳо низ камари ҳиммат мебандад. Нахустин маснавии Ҳилолӣ достони «Шоҳу … Читать далееБадриддин Ҳилолӣ — Маснавиёт

Бадриддин Ҳилолӣ — Эҷодиёт

Эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ аз ғазал шурўъ шудааст. Ў аз аввали ҷавонӣ то охири ҳаёти худ ғазал мегуфт ва дар ҳамин жанри лирикӣ истеъдоди фавқулоддае дошт. Ба гуфти Саид Нафисӣ, «беҳтарин шоири ғазалсарои рўзгори худ буд». Ин мулоҳизаро ҳамаи муаллифони сарчашмаҳои замони Ҳилолӣ ба як қавл тасдиқ карда буданд. Далели ин ҳанўз дар рўзгори ҷавонии шоир … Читать далееБадриддин Ҳилолӣ — Эҷодиёт

Бадриддин Ҳилолӣ — Мероси адабӣ

Мероси адабии Ҳилолӣ Бадриддин Ҳилолӣ, асосан, дар байни хосу ом ҳамчун шоири ғазалсаро машҳур гардидааст. Дар ин бора худи адиб чунин мегўяд: Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст, Шукри борӣ, ки назми ман ғазал аст. Он, ки назми ғазал тавонад гуфт, Маснавиро чу дур тавонад суфт! Аз ин рў, қисмати зиёди девони Ҳилолиро, ки соли 1521 … Читать далееБадриддин Ҳилолӣ — Мероси адабӣ

Санъатҳои бадеӣ дар эҷодиёти Сайидо

Санъату оадеиёти шеъри шоир хеле олист. Маҳорати шоир, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ў мазмунҳои олиро бо забони хушобуранг, фасеҳ ба қалам медиҳад. Ягонагии шаклу мазмун бо тамоми ҷузъиёташ дар асарҳои шоир нигоҳ дошта шудааст. Ў вобаста ба мазмун ва идеяи асар шаклро интихоб мекунад, ки мисоли равшани ин «Баҳориёт» шуда метавонад. Шоир … Читать далееСанъатҳои бадеӣ дар эҷодиёти Сайидо

Сайидои Насафӣ — Баҳориёт

Мазмун ва мундариҷаи идеявии «Баҳориёт» «Баҳориёт» ё «Ҳайвонотнома» яке аз асарҳои мукаммали Сайидо буда, дар он беҳтарин ақидаҳои сиёсиву иҷти-моии адиб ифода ёфтаанд. Асар аз ҷиҳати сохт тамсилист, зеро персонажҳои он ҳайвонотанд. Аз тарафи дигар, «Баҳориёт» аз рўи мазмун асари мунозиравӣ мебошад. Дар он ҳайвоноти гуногун бо ҳам мунозира карда, аввал рақибашонро мазаммат карда, сониян … Читать далееСайидои Насафӣ — Баҳориёт

Сайидои Насафӣ — Мухаммас

Мухаммас чист? Мавзўи мухаммасҳои Сайидо Мухаммас шакли шеъриеро мегўянд, ки ҳар банди он аз панҷ мисраъ иборат бошад. Мухаммас мувофиқи мазмун ва салоҳдиди шоир 5-6 банд шуда метавонад. Тарзи қофиябандии он чунин аст: мисраъҳои банди аввал ҳамқофияанд (а а а а а), чор мисраи банди сонӣ ҳамқофия буда, мисраи панҷум ба мисраъҳои банди аввал ҳамқофия … Читать далееСайидои Насафӣ — Мухаммас

Шоҳнома — Ҳалоки Рустам

Барои мо ровии достонҳои қадимаи халқҳои эронинажод Фирдавсии бузург аст. Ба навбати худ ў низ ровиён доштааст, ривоятҳои аксари ровиёни шоир пеш аз ў дар «Шоҳнома»-и мансур дарҷ шуда будаанд, ки сарчашмаи асосии асари ҷовидонии Фирдавсӣ ҳамон китоб мебошад. Аммо шоир баъзе достонҳоро аз забони гўяндагон ва ноқилони зиндаи халқӣ низ шунида ба назм даровардааст, … Читать далееШоҳнома — Ҳалоки Рустам

Шоҳнома — Фоҷиаи Маздак

Дар замони подшоҳии Қубод дар Эрон аз байни халқ Маздак ном марди доно ва суханваре падид омад, шоҳ ўро вазири худ кард. Боре хушксолӣ рўй дод, зимистони камбарф омад, баҳору тобистон дар ҳаво тиккаи абре пайдо набуд, қатра бороне наборид; тухми ҷаву гандум майса шуду хушкид, ғўраи меваҳо пажмуриду рехт; дар дашту саҳро алаф норасида … Читать далееШоҳнома — Фоҷиаи Маздак

Абулқосими Фирдавсӣ — Ғояи асосии «Шоҳнома»

Ғоя, яъне идея фикри муайянест, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳаёт, инсон ва ашё баёy мешавад. Пас ғояи асосии «Шоҳнома» чист? Фирдавсӣ дар ин асари худ, асосан кадом ғоя — идеяро талқин кардааст? Адибони бузург ба воқеаю ҳодисаҳои замони худ бетараф буда наметавонанд. Онҳо ба он ҳодисаю воқеаҳо бодиққат назар намуда, тарафҳои неку бади он ҳодисаро … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — Ғояи асосии «Шоҳнома»

Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома»

«ШОҲНОМА» ВА ҚИСМАТҲОИ АСОСИИ ОН «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ достони бемисли қаҳрамонӣ буда, аз 60 ҳазор байт иборат аст. Вазни «Шоҳнома» оҳанги ҷанговарона дорад. Агар афоили онро бо шиддат талаффуз кунем, як навъ оҳанги марш пайдо мешавад, аз ин вазн садои мусиқии ҳарбӣ, овози нағораи ҷанг, зарбаи пои аскарон ва ба таври ҳарбӣ баробар қадам задани онҳо … Читать далееАбулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома»

Абӯалӣ Ибни Сино — Урҷуза фитибб

  Асарҳои манзуми арабии Ибни Синоро ба ду дастаи асосӣ тақсим кардан лозим аст: яке, асарҳои манзуми илмӣ ё урҷузаҳо ва дигаре, — қасида, қитъа, абёти фалсафӣ ва панду ахлоқ.   Асарҳои манзуми илмии Ибни Сино алҳол пурра омўхта нашудаанд. Матни ҳамаи урҷузаҳо ҳанўз ба табъ  нарасидаанд. Дар бораи моҳият ва мақсаду вазифаи урҷузаҳо Ибни … Читать далееАбӯалӣ Ибни Сино — Урҷуза фитибб

Абӯалӣ Ибни Сино — «Алқонун фитибб»

Пеш аз «Алқонун»-и Ибни Сино дар Арабу Аҷам дастурҳои машҳури тиббӣ «Алкитобалҳовӣ» ва «Алкитобалмансурӣ»-и Абўбакри Розӣ (865—925), «Китобалмаликӣ»-и Алӣ ибни Аббос ва якчанд китобҳои дигар буданд. Абуалӣ ибни Сино бузургтарин намояндаи тибби пешқадами ҷаҳони онрўза, ҳакималҳукамои маркази ҷаҳонии тибби он аср — Осиёи Миёна ва Эрон буд. Илми тиббро вай дар ватани худ бо роҳбарии … Читать далееАбӯалӣ Ибни Сино — «Алқонун фитибб»

Абӯалӣ Ибни Сино — Қасидаи айния

Аз асарҳои арабии Ибни Сино «Қасидаи айния», ки номи пурраи он «Алқасидат улайният аррўҳият фӣ нафс» мебошад, бештар диққати аҳли таҳқиқу мутолиаро ба худ ҷалб кардааст. «Қасидаи Айния» чанд бор ба забони форсӣ ҳам бо саъйи чанде аз донишмандон баргардонида шуд. Яке аз охирин тарҷумаҳои ин қасида ба Муҳаммад Алии Фариданӣ тааллуқ дорад. Тарҷумаи ин … Читать далееАбӯалӣ Ибни Сино — Қасидаи айния

Абӯалӣ ибни Сино — Донишномаи Алоӣ

      Шайхурраис китоби «Донишномаи Алоӣ»-ро ба забони модариаш, замоне ки дар Исфаҳон мезист, барои ҳомии худ амир Алоуддавла навиштааст. (Ин амири олимпарвар забони арабиро намедониста ва мегуфтааст, ки агар илмҳо ба форсӣ мебуданд, вай онҳоро медонист). Ў дар он аср илмҳоро, ки фалсафа дар бар мегирифт: мантиқ, табииёт, ҳайат (нуҷум), илоҳиёт, назарияи мусиқиро нахустин бор … Читать далееАбӯалӣ ибни Сино — Донишномаи Алоӣ

Абӯалӣ Ибни Сино — Пирўзинома

Дар рўзгори Анўшервони одил ҳеч чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои (донишмандони) он аср ҳама муттақӣ (тақводор) ва парҳезкор буданд. Як рўз Анўшервон Абўзарҷмеҳрро талаб кард ва гуфт: —Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафзи андаку маъонии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунё судманд бошад. Абўзарҷмеҳр як сол мўҳлат хост ва ин чанд каламотро … Читать далееАбӯалӣ Ибни Сино — Пирўзинома

Мероси илмӣ ва адабии Абўалӣ ибни Сино

Абўалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон аст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18-солагиаш дар солҳои 996-997 шурўъ шуда, расо чиҳил сол давом кардааст. Ў асарҳояшро бо насру назм ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ навиштааст. Сабаби бисёр асарҳои илмии худро ба забони арабӣ навиштани Абўалӣ ибни Сино он аст, ки забони … Читать далееМероси илмӣ ва адабии Абўалӣ ибни Сино