Тоҷикистон — Ватани азизи ман

Силсилакӯҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои Осиёи Марказианд, дараҳои зебоманзар, водиҳои дорои вазъи иқлимии мӯътадил, ки дар онҳо киштҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳое, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нестанд, ҳамагӣ дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидаанд. Табиати афсункораш ҳар як бинандаро волаву шайдои хеш месозад. Сабк … Читать далееТоҷикистон — Ватани азизи ман

Навбаҳор

Табиат аз нафаси навбаҳор зинда шавад, Чу доғҳои дилам лолазор зинда шавад. Баҳор барфи саморо ба хок дафн кунад, Ки рудҳои сари кӯҳсор зинда шавад. Хуш аст омаданат, эй баҳори роҳатрез, Ба мақдами ту ҳазор обшор зинда шавад. Биё — биё ба заминҳои хушк, ишқмисол, Тапишхурад чу дилу сабзазор зинда шавад. Ҳузури ту кунад эҳёи … Читать далееНавбаҳор

Аз омаданат

Чун баҳори туву эҳё шавам аз омаданат, Теппаи хокаму зебо шавам аз омаданат. Рафтаи бе ҳаракат, лой шудам чун мурдоб. Ту қадам зан, ки мусаффо шавам аз омаданат. Сахттар аз саратон дарди ҷудоӣ будаст, Зуд о, то, ки мудово шавам аз омаданат. Пош хурдаст хаёлу дилу ақлам ҳар сӯ, Ҷамъ чун об ба якҷо шавам … Читать далееАз омаданат

Ёдам мекунӣ?

Гар шавам аз интизорат хок , ёдам мекунӣ? Гар бимирам бо дили садчок , ёдам мекунӣ? Ёд кун вақти ғуруб аз субҳи ишқоғози ман, Ёри ман он лаҳзаи ғамнок , ёдам мекунӣ. Гар равам аз пеши ту оинасон покам макун, Эй ба покӣ з-оина ҳам пок , ёдам мекунӣ? Зиндагӣ заҳрист қотил бе ту бовар … Читать далееЁдам мекунӣ?

Мундариҷан ғоявии достони «Сурўши Сталинград»

«Сурӯши Сталинград» Мӯъмин Қаноат маҳз бо ҳамин достонаш дар адабиёти ҷаҳонӣ маъруфу машҳур гашт. Дар бораи муҳо- рибаи Сталинград то Мўъмин асарҳои зиёди назмию насрӣ иншо шуда буданд. Аммо достони шоир бозёфти нав аст. Рўҳ, бузургии инсони некўсиришт асоси маънавӣ ва ғоявии асарро ташкил медиҳад. Бесабаб нест, ки худи шоир дар ин бора чунин мегўяд: … Читать далееМундариҷан ғоявии достони «Сурўши Сталинград»

Маълумоти умумӣ дар бора и эҷодиёти шоир

Мўъмин Қаноат шоири сермаҳсул аст. Ҳанўз маҷмўаи аввалини ў соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд. Имрўз бошад, зиёда аз 12 маҷмўаи ашъори Мўъмин нашр шудаанд. Дар байни солҳои 1980-1982 осори мунтахаби ў дар ду ҷилд ба хонандагон дастрас шуд. Дар ҷилди аввал ашъори лирикии адиб ва дар ҷилди дуюм достонҳои шоир гирд … Читать далееМаълумоти умумӣ дар бора и эҷодиёти шоир

Мӯъмин Қаноат — шарҳи ҳоли адиб.

Роcташро бигӯям, дар рӯзгори шоириям ду бор шунаво ва ошкоро гиристам. Яке гоҳи иншои порчаи «Мавҷҳои бародарӣ» бахшида ба бародари азизам Абдулло ва дигар соли 1968 дар Сталинград, вақте ки мисраъҳои зеринро менавиштам: Вале Матвей зери лаб фурў мебурд шеванро, Фурў мебурд оҳанро, Ки аз оҳаш Нагардад ногаҳон пайвандҳо канда, Нагардад аз лаби ояндаҳо лабхандҳо … Читать далееМӯъмин Қаноат — шарҳи ҳоли адиб.

Шириншоҳ Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи волости Шуғнони Помири ғарбӣ ҳаст. Соли 1899 дар деҳаи номбурда таваллуд ёфт. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Дар ҳоли ҳозир дар қайди ҳаёт нестанд. Тахминан соли 1908 ё соли 1909, вақте ки 8-9 сола буд, онҳо аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, … Читать далееШириншоҳ Шоҳтемур

Шеърҳо оиди ҷашни Сада

Яке ҷашн кард шабу бода х(в)ард, Сада номи он ҷашни фархунда кард. Абурайҳони Берунӣ Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад, Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад. Манучеҳрии Домғонӣ Сада ҷашни мулуки номдор аст, Зи Афридуну аз Ҷом ёдгор аст. Унсури Балхӣ Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор, Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр. Фирдавсӣ …К-ӯро фурӯғе … Читать далееШеърҳо оиди ҷашни Сада

Об: Аз хусусият то захира

Об калонтарин захира дар рӯи Замин аст. Агар масоҳати тамоми кураи Замин 510 млн км2 бошад, аз он 361 млн км2 ё худ 70%-и қисми болоии заминро об дар бар мегирад. Об барои сайёраи Замин шакли такрорнашавандаро медиҳад ва бо ҳамин он аз дигар сайёраҳои системаи офтобӣ фарқ мекунад.  Пайдоиши ин муъҷизаи беҳамторо дар кураи … Читать далееОб: Аз хусусият то захира

Мавзўъ ва мундариҷаи идеявии лирикаи Мирзо Турсунзода

Устод Турсунзода нахустин чакидаҳои табъашро дар жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, рубоӣ, мураббаъ, мусамман, мусаддас, қитъа ва ғайра иншо намуда буд ва ин амали хешро то поёни рўзгораш идома дод. Мавзўи асарҳои лирикии шоир гуногун буда, паҳлуҳои мухталифи ҳаётан муҳими одамони ҷомеаро дар бар мегиранд. Дар ашъори адиб тамоми намудҳои лирика ба назар мерасанд, вале лирикаи … Читать далееМавзўъ ва мундариҷаи идеявии лирикаи Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода

Ба хотири шоири бузург, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷози сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам. Ч. Айтматов. Тарҷумаи ҳол Моҳи октябри соли 1975 вақти хазонрез буду ҳаво сард. Мо чаҳор нафар толибилм аз Душанбе озими Маскав шудем. Чун ба манзил расидем, аллакай шаб доман паҳн карда буд. Мо хостем … Читать далееМирзо Турсунзода

Мероси адабии Мирзо Турсунзода

Ҳар як эҷодкор бо рўзгори хеш пайванди ногусастанӣ дорад. Вай пеш аз ҳама, фарзанди ҳамон айём буда, дар осори хеш ҳодисоту воқеоти рўзгори хешро инъикос менамояд. Чӣ хел ба қалам додану ҳал намудани ин масъала ба афкор, ҷаҳонбинӣ ва ҳунару истеъдоди фитрии ў вобастагии қавӣ дорад. Мирзо Турсунзода ҳам фарзанди замони худ буд. Ў солҳои … Читать далееМероси адабии Мирзо Турсунзода

Мавзўи шарқи хориҷӣ

Мирзо Турсунзода аслан пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун шоир, ҳамчун сиёсатмадор рушду камол ёфта, дар арсаи байналхалқӣ шўҳратёр гардид. Каломи сеҳрофаринаш чун уқобони кўҳӣ дар ақсои олам, ба ду қитъаи азияткашида, ранҷу озордида Осиё ва Африка баланд парвоз кард. Мардуми ин ду қитъаи бузург дар зери шиканҷа, дар ниҳояти хорию зорӣ, дар зери зулми … Читать далееМавзўи шарқи хориҷӣ

Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Ман аз шарқи озод»

Мазмун ва мундаричаи идеявии шеърҳои ин силсила Устод Турсунзода солҳои тўлонй раиси Комитети Сулҳи мамлакатҳои Осиё ва Африка буд. Ва чунон ки худаш мегўяд «ними умрам дар сафар бигзашт». Барои устод одат шуда буд, ки пас аз ҳар як сафараш барои хонандагон асаре офарад. Дар онҳо ҳаёту зиндагии мардуми хориҷаро аз нигоҳи файласуфона, аз диди … Читать далееСилсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Ман аз шарқи озод»

Фазлиддин Муҳаммадиев

Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи муқовабанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ходими адабии рўзномаи » Тоҷикистони сурх» буд. Соли 1951 мактаби марказии комсомоли назди Кумитаи марказии комсомолро дар шаҳри Маскав хатм намуд ва ба кори рўзноманигорӣ машғул шуд. Ҷонишини муҳаррири рўзномаи «Ҷавонони  Тоҷикистон» («Комсо-моли  Тоҷикистон «), муҳаррири … Читать далееФазлиддин Муҳаммадиев

«Соли Нав муборак!»

Боз омад ба дари мо соли нав, Боз омад бахти нав, иқболи нав. Боз омад соли неку фоли нав, Боз омад шӯри нав бо боли нав. Бар дар омад «Барфак»-и ҷомасапед, Ҳамроҳи «Бобои барф?» бо умед. Сайругашти пасту болову шикеб, Ваҳ, чӯ ҳусни дилрабову дилфиреб. Арчаҳои сабз қад афрохта, Базми соли нав басе афрошта. Нағмаю … Читать далее«Соли Нав муборак!»

Дар Ситоиши Хайём

Хайёмро чунин васф кардаанд: «Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» (Низомии Арўзии Самарқандӣ), «Аз машоҳири ҳукамои ҷаҳон ва аз наводири шуарои замон» (Ризоқулихони Ҳидоят), «Ҳакими Нишобурӣ марди фавқулодда» (Ризо Файласуф), «Устод, файласуф, Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» (Байҳақӣ), «Ватандори ду ватан» (Е. Долматовский) . Ӯро дар тўли беш аз 900 сол бо номҳои «Ҳаким, Ҳуҷҷат-ул-Хаққ, Хоҷа, Имом, ал-Файласуф, Ҳакими ҷаҳон, Файласуфи гетӣ, Шайх-ул-имом, Аллома, … Читать далееДар Ситоиши Хайём

Эй даҳр…

Умари Хайём маҳсули афкори иҷтимоӣ ва фалсафии асри XI ва XII мебошад. Аз ин ҷост, ки дар оинаи ақли хеш замони хешро аксандозӣ мекунад. Азбаски дар он замон на ҳар гуна суханро метавонист ошкоро бигўяд, бо сохтани ибораҳои халосгар «эй даҳр», «эй чарх», «фалак», «давр», «лайлу наҳор», «қавм», «доранда» ва ғайра ақидаҳои пешқадам ва фошгари … Читать далееЭй даҳр…

Мақоми Инсон

Хайём худ тимсоли ҷовидона, мураккаб, зебо ва дилпазири рубоиҳои худ буда, дар сатрҳои кўтоҳ — кохҳои забарҷадии мунаққашу оддиэҷоду олимазмун аввал Инсонро бо муҳаббати бузург ситоиш намуда, онро бо худаш шиносонида: Мақсуд зи кулли офариниш моем, Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем. Ин доираи ҷаҳон чу ангуштариест, Беҳ ҳеч шак(к)е, нақши нигинаш моем. Чун инсон … Читать далееМақоми Инсон