Cохтор ва имкониятҳои шабакаи интернетӣ дар системаи идоракунӣ

(Мирзоев Н.Ҳ. дотсенти кафедраи Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт)

Охирҳои cолҳои 70-ум маълум гашт, ки инкишофи андозаҳои Интернет бо инкишофи миқдори гурўҳҳои ба вай ҳавасманд алоқаманд гаштааст. Якчанд органҳои идоракунандае ташкил карда шуд. IAВ (Internet Architecture Board) барои идоракунии инкишофи сохтории шабакаи Интернет машғул буда, IETF (Internet Engineering Task Force) аз зергурўҳҳои корие иборат аст, ки бо ташкил ва тасдиқи стандартҳои Интернет кор мекунанд. Имрўзҳо дар IЕTF 75-то гурўҳҳои корӣ амал мекунанд, ки дараҷаҳои инкишофи Интернетро меомўзанд.

Дар натиҷа органи охирини шабакаи Интернетро дастгирии иттилоотӣ карда истода  ташкилоти ҷамъиятии Internet Society (ISOC) шуд.  ISOC ин ташкилоти ҷамъиятие мебошад, ки бо дастгирии спосорон амал мекунад. Ин ташкилот конференсияҳои зиёде мегузаронад ва маводҳои гуногуни иттилоотии хизматрасониро чоп менамояд.

Системаи автономӣ бояд на камтар аз 32 шабакаҳои хурди худ иборат бошад. Ба сифати системаҳои автономӣ шабакаҳои калони новобастаи миллӣ истифода мегарданд. Намунаи чунин шабакаҳо шабакаи EUNet шуда метавонад, ки тамоми давлатҳои Европоиро фаро мегирад.

Cистемаҳои автономӣ ширкатҳоеро ташкил медиҳанд, ки ба хизматроасонии иҷозат (доступ) дар шабакаи Интернет машғуланд ва онҳоро провайдерҳо низ меноманд. Чунин провайдерҳо дар мо ширкатҳои Интерком, Ясим, дар ИМА  UUnet ва дар давлати Россия Relcom ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Дар дохили системаи автономӣ маълумотҳо аз як шабака ба дигараш фақат дар сурати мавҷудияти шартномаи интиқолкунӣ фиристода мешаванд. Аз ҳамин сабаб ҳам барои истифодабарандагони  системаҳои автономӣ вақти иҷозат ба ҳамон як захира гуногун буда метавонад.

Шабакаҳои ба системаҳои автономӣ пайваст буда, шабакаҳои музофотӣ, шабакаҳои дохили корхонаҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ тадқиқотию ширкатҳои гуногуни тиҷоратиро ташкил медиҳанд.

Параметрҳои асосии муайянкунандаи сифати кори шабакаи Интернет ин суръати иҷозат ба захираҳои шабака ба ҳисоб меравад. Суръати иҷозат ба имконияти фиристонандагии канали алоқаи байни дохили системаи автономӣ ва байни системаҳои автономӣ вобастагӣ дорад. Барои истифодабарандагоне, ки дар хонаҳои худ бо ёрии модем пайваст мешаванд, суръати 19,2 то 57,6 Кбит/с, барои алоқаҳои хатҳои телефонӣ аз 64 Кбит/c то 2 Мбит/c, барои каналҳои алоқаи радифӣ ва дигарҳояш аз 2 Мбит/с зиёдтарро ташкил медиҳанд.

Дар шабакаи Интернет аз оилаи протоколҳои ТСР/IР истифода мебаранд. Дар дараҷаҳои каналӣ ва физикии ОSI  протоколи ТСР/IР стандарҳои гуногунеро, ки бо интиқоли маълумотҳо машғуланд, дастгирӣ мекунанд. Инҳо технологияҳои Еthеrnet ва  FDDI барои шабакаҳои локалӣ `Х.25 ва ISDN барои шабаки корхонаҳо ва музофотҳо шуда метавонанд.

Асоси оилаи проколҳои ТСР/IР-ро дараҷаи шабакавӣ, ки бо протоколи IР ифода меёбад ва дигар протоколҳои самтӣ ташкил медиҳанд. Андозаҳои дастаи маълумотҳо, параметрҳои интиқол, назорати бутунияти иттилоот дар дараҷаи нақлӣ бо протоколи ТСР муайян мегардад. Протоколи UDР низ бо чунин дараҷа амал мекунад ва дар сурати суст будани назорати эътимоднокии интиқол амал мекунад. Дараҷаҳои амалӣ тамоми шуъбаҳои ба истифодабаранда додаи системаро ташкил медиҳанд. Ба протоколи амалии муҳим протоколи иҷозати дур tеlnеt, протоколи интиқоли файлҳо FTР, интиқоли гиперматнҳо НТТР, протоколи кор бо почтаи электронӣ : SMТР, РОР, IMAР ва МIМЕ дохил мешаванд.

Cохтори шабакаи глобалии Интернет соли 1962 дар асоси лоиҳаи шабакаи телекоммуникатсионӣ аз тарафи Paul Baran (Rand Corporation) пешниҳод карда шудааст. Лоиҳа пункти марказии  диспечерии коммутатсиониро дарбар намегирифт. Хабарҳои барои фиристодан нигаронидашуда ба қисмҳои алоҳида тақсим карда шуда ба дастаҳо ҷойгир карда мешуд. Ҳар як дастаи хабарҳо дорои суроғаи фиристонанда ва қабулкунандаи иттилоот буд. Дастаҳо ба самтҳои лозимӣ омада расида, ҷамъ карда шуда, иттилооти аввала барқарор карда мешуд.

Ба монанди дигар шабакаҳо Интернет низ аз маҷмўи компютерҳои бо ҳамдигар алоқаманд иборат аст, ки бо хатҳои алоқа пайваст мебошанд. Ин компютерҳо тавасути барномаҳои дар он гузошташуда идора карда мешаванд.

Намуди барномаҳои гузошташуда аз рўи архитектураи мизоҷ-сервер, ки асоси серверҳои тамоми Интернетро ташкил медиҳанд,  амал мекунанд. Ҳар кадом амалиётҳои шабакаи Интернет аз  ҳамкории се то элементи зерин иборат аст: мизоҷ, сервер, шабакаи Интернет, ки пурсиши мизоҷро ба сервер бурда, аз вай ба мизоҷ ҷавоб мегардонад. Дар мазмуни мизоҷ барномаҳое фаҳмида мешаванд, ки бо ёрии онҳо истифодабарандагони алоҳида ба ин ё он сервери шабакаи Интернет муроҷиат мекунад. Калимаи сервер имрўзҳо якчанд маъно дорад. Ин метавонад барномае бошад, ки ба мизоҷон маълумотҳои гуногунро медиҳад, компютере бошад, ки дар вай ин барнома иҷро мегардад  ё ин ки  ҳамбастагии компютер ва барномаро ифода мекунад.

Истифодабарандаи Интернет ба шабакаи Интернет тавасути компютери ташкилотҳои махсус пайваст мегардад, ки онҳоро таъминкунандагони хизмати Интернет ё провайдер меноманд.

Ба шабакаи Интернет ҳар як компютери алоҳида ё маҷмўи компютерҳои шабака пайваст мешаванд. Агар якто компютери шабакаи локалӣ бо Интернет пайваст бошад, он гоҳ тамоми компютерҳои шабаки мазкур бо Интернет пайвастшуда ҳисобида мешаванд.

Пайвастшавӣ бо Интернет доимӣ ё мувақатӣ мешавад. Провайдерҳои Интернет  хатҳои зиёди пайвастгавии дорои суръати калони кориро доранд. Таъминкунандагони хурдтарин бо таъминкунандагони боз калонтар алоқаманд мебошанд. Тамоми ташкилотҳое, ки бо хати алоқа пайвастанд, қисми базавии шабакаро ташкил медиҳанд.

Умуман, Интернет мубодилаи иттилоотии байни ду ва зиёда компютерҳоро ташкил медиҳад. Компютерҳое, ки ба шабакаи Интернет пайвастанд, узлҳои Интернет номида мешаванд.

Омўзиши принсипҳои асосии интиқоли иттилоот дар шабака бо мафҳумҳои суроға  ва протокол пайваст аст. Суроғаи ягонаи худро дилхоҳ комптери ба шабака пайваст буда дорад. Протокол ин қоидаҳо барои кори компютерест, ки  дар шабакаи Интернет мебошад. Ҳама қоидаҳои ҳамкории компютерҳо дар як протоколи  шабакавӣ ҷой дода намешавад, бинобар ин принсипи сохтори зинавии протоколҳо сохта шудаанд. Дар зинаи поёнӣ ва болоӣ  протоколҳои асосии зерин амал мекунанд: IP (Internet Protocol)  ва ТСР (Transmission Control Protocol – протоколи идоракунии додугирифт).

Протоколи IP бо суроға расонидани  (маршрутизатсияи) дастаҳои шабакавиро иҷро мекунад. Пртоколи ТСР протоколи зинаи болоӣ буда, барои эътимоднокии додугирифти ҳаҷми калони иттилоот ҷавобгар аст, фаъолияти муътадили кори шабакаро таъмин мекунад. ТСР протокол хабарҳои калонро ба дастаҳои алоҳида тақсим карда , дар ТСР- лифофа ( конверт) ҷой  медиҳад ва сипас онро ба IP –конверт   мегузаронад.

Ҳар кадоме аз ТСР – конвертҳо бо шакли муайяне ба қайд гирифта мешаванд, чунки баъди тақсимот боз ҷамъоварии хабарҳо ба намуди бутун имконият дошта бошад.

Протоколҳои ТСР ва IP  сахт алоқаманданд ва баъзан мегўянд, ки дар Интернет протоколи ТСР/IP асосӣ мебошад.

Барои ягона муайянкунии компютер дар шабакаи Интернет системаи суроғавии IP-суроғаҳо истифода  мешавад. Суроғаи компютерҳо дар шабакаи Интернет аз чор адади бо аломати нуқта ҷудо кардашудае иборат аст, ки ҳар яке аз ин ададҳо аз адади 256  калон нест.

Масалан суроғаи ададии зерин:     194. 85. 26. 130.

Суроғаҳои ададӣ аз тарафи компютерҳо барои алоқаҳои байниҳамдигариашон истифода мешаванд ва онҳо барои истифода ва дар хотира нигоҳдории одамон ноқулай аст. Бинобар ин дар шабакаи Интернет системаи номҳои доменӣ истифода мешаванд (Domеin Namе Systеm – DNS), ки дар баробари IP-суроғаҳо ба компютер гузошта мешаванд.

Масалан,  барои   суроғаи дар боло овардашудаи мо номи домении зерин мувофиқ меояд:  dер-86.bеrc.rssi.ru.

Компютерҳо дар вақти додугирифт аз номҳои ададии худ истифода мебаранд. Ба соҳиб надоштани Интернет нигоҳ накарда бисёре аз ташкилотҳое ҳастанд, ки ба тафтиш ва додани суроғаҳо машғуланд.

Дар асоси системаи доменӣ принсипи иерархӣ мехобад. Ном аз якчанд элемент сохта мешавад, ки дар байни онҳо нуқта гузошта мешавад. Ном аз тарафи рост ба чап хонда мешавад. Масалан, дар номи овардаи мо элементи аз ҳама калонӣ домени ru буда, ба вай домени rssi, ба вай домени bеrc ва ғайраҳо таалуқ доранд.

Системаи доменҳои номҳо тавсифи музофотиро низ доранд. Одатан охирин (калонтарин) элементи ном рамзи дусимволаи  мамлакат мебошад. Масалан: tj –Тоҷкистон, ru – Россия, us –ИМА,  jp –Япония, dе – Олмон, uа – Украина ва uайраҳо. Аз сабаби он ки Интернет дар асоси шабакаҳои ИМА ташкил карда шудааст, номи ин давлат одатан қайд карда намешавад. Ба ҷои он гурўҳҳои калони зерин нишон дода мешаванд:  nеt –  захираҳои шабака;  еdu – ташкмлотҳои маорифу илм; com – ташкилотҳои тиҷоратӣ;  mil – ташкилотҳои ҳарбӣ; gov –  ташкилотҳои давлатӣ ва ғайраҳо.

Одатан, номи домении дараҷаи  дуюм ба ширкатҳо ва ташкилотҳо ё таалуқ доранд ё  вазифаи серверро муайян менамояд. Масалан,  ehost.tj.  Дар ин ҷо ба сифати домени дараҷаи дуюм номи ширкати Майкрософт меояд. Ин дар хотир нигоҳ доштани номҳоро осон мегардонад. Масалан, монанди ин мумкин аст, ки ба Wеb-сервери ширкати IBM бо суроғаи зерин ворид шавем: www. ibm.com .

Ҳангоми кор дар шабаки Интернет на танҳо номҳои доменӣ балки нишонаҳои универсалии захираҳо URL (Universal Resource Locator) истифода мешаванд. URL – суроға ин суроғаи дилхоҳ захираи шабакаи Интернет мебошад, ки он намуди протоколи муроҷиаткуниро ифода менамояд. Масалан: http:// – нишонаи саҳифаи гиперматнӣ; ftp:// – нишонаи иҷозат ба тавасути ftp; filе:// – нишона ба файл; gophеr://- нишона ба захираҳои Gophеr.

Якчанд намунаи дорои истинодҳои пурраи гиперматнҳо ва  саҳифаҳои якчанд ташкилотҳоро меорем:

http:// www.ibm.com

http://misol.tj

http:// www.micrsoft.com  ва ғайраҳо.

Серверҳое мавҷуданд, ки дар онҳо қуттичаи почтавиро бе пардохти маблағ кушодан мумкин аст. Масалан, дар mail.ru, hotmail.ru, yandeх.ru, yahoo. сom ва ғайраҳо. Бисёриҳо дар онҳо қуттичаҳои почтавии худро мекушоянд, ки он ба суроғаҳои доштаашон иловагӣ ҳисобида мешавад.

Ба имкониятҳои шабакаи глобалии Интернет почтаи электронӣ (Е-mail), гурўҳи хабарҳои USENET NEWS, хизматрасонии Telnet, хизматрасонии FTP- File Transfer Protocol (Протоколи додани файлҳо),WWW –  World Wide Web , хизматрасонии Archie, Gopher, WAIS – Wide Arеa Information Service (Хизматрасонии иттилоотии соҳаи васеъ), тиҷорати электронӣ ташкил медиҳанд.

Likes:
0 0
Views:
62
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply