Умумӣ

Cабаби назми китоб.

Нахли баёни фазилати ишқ бастан
ва шохчаи оғози сабаби назми китоб ба он пайвастан

Дили фориғ зи дарди ишқ дил нест,
Тани бедарди дил ҷуз обу гил нест.
Зи олам рӯят овар дар ғами ишқ,
Ки бошад оламе хуш олами ишқ.
Ғами ишқ аз дили кас кам мабодо,
Дили беишқ дар олам мабодо!

Фалак саргашта аз савдои ишқ аст,
Ҷаҳон пурфитна аз ғавғои ишқ аст.
Асири ишқ шав, к-озод бошӣ,
Ғамаш дар сина неҳ, то шод бошӣ…
Зи ёди ишқ ошиқ тозагӣ ёфт,
Зи зикри ӯ баландовозагӣ ёфт.
Агар Маҷнун на май з-ин ҷом хӯрдӣ,
Кӣ ӯро дар ду олам ном бурдӣ?

Ҳазорон оқилу фарзона рафтанд,
Вале аз ошиқӣ бегона рафтанд.
На номе монд аз эшон, не нишоне,
На дар дасти замона достоне.
Басо мурғони хушпайкар, ки ҳастанд,
Ки халқ аз зикри эшон лаб бубастанд.
Чу аҳли дил зи ишқ афсона гӯянд,
Ҳадиси булбулу парвона гӯянд.
Ба гетӣ гарчи сад кор озмоӣ,
Ҳамин ишқат диҳад аз худ раҳоӣ…

Биҳамдуллаҳ, ки то будам дар ин дайр,
Ба роҳи ошиқӣ будам сабуксайр.
Чу доя мушки ман бенофа дида,
Ба теғи ошиқӣ нофам бурида.
Чу модар бар лабам пистон ниҳодаст,
Зи хунхории ишқам шир додаст.
Агарчи муи ман акнун чу шир аст,
Ҳанӯз он завқи ширам дар замир аст.

Ба пириву ҷавонӣ нест чун ишқ,
Дамад бар ман дамодам ин фусун ишқ.
Ки: Ҷомӣ, чун шудӣ дар ошиқӣ пир,
Сабукрӯҳӣ куну дар ошиқӣ мир.
Бинеҳ дар ишқбозӣ достоне,
Ки бошад аз ту дар олам нишоне.
Бикаш нақше зи килки нуктазоят,
Ки чун аз ҷо равӣ, монад, ба ҷоят.

Чу аз ишқ ин садо омад ба гӯшам,
Ба истиқбол берун рафт ҳушам.
Ба ҷон гаштам гарав фармонбариро,
Ниҳодам расми нав сеҳровариро.
Бар онам гар Худо тавфиқ бахшад,
Ки нахлам меваи таҳқиқ бахшад.
Кунам аз сӯзи ишқ он нуктаронӣ,
Ки сӯзад ақл рахти нуктадонӣ.
Дар ин фирӯзагунбад афганам дуд,
Кунам чашми кавокиб гиряолуд.
Суханро поя бар ҷое расонам,
Ки бинвозад ба аҳсант осмонам.

Leave a Reply