Убайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 2

Ҳикоят Шайтонро пурсиданд, ки кадом тоифаро дўст дорй? Гуфт: — Даллолонро. Гуфтанд: — Чаро? Гуфт: —Аз баҳри он ки ман ба сухани дурўғ аз эшон хурсанд будам. Эшон савганди дурўғ низ бад-он афзуданд. Ҳикоят Ҷанозаеро ба роҳе мебурданд. Дарвеше бо писар бар сари роҳ истода буданд. Писар аз падар пурсид, ки бобо дар ин ҷо … Читать далееУбайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 2

Убайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 1

Ҳикоят   Талҳакро ба муҳимме пеши Хоразмшоҳ  фиристоданд. Муддате он ҷо бимонд, магар Хоразмшоҳ риояте, чунон ки ў мехост, намекард.  Рўзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояти мурғон ва хосияти ҳар яке мегуфтанд.  Талҳак гуфт: -Ҳеҷ мурғе аз лаклак зирактар нест. Гуфтанд: -Аз  чӣ донӣ? Гуфт: -Аз баҳри он ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд. Ҳикоят   Шахсе даъвои … Читать далееУбайди Зоконӣ — Рисолаи дилкушо қисми 1

Убайди Зоконӣ

Убайди Зоконӣ яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти форсу тоҷики асри XIV—дар масъалаи ҳаҷв ва танқиди бераҳмонаи сохти феодалии асри худ шўҳрати тамом ёфтааст ва бузургии ў низ, пеш аз ҳама, дар ҳамин аст. Убайди Зоконӣ тақрибан дар соли 1270 дар деҳаи Зокони шаҳри қазвин (дар шимолии Эрон) ба дунё омадааст. Ҳамон навъе ки аз рўи … Читать далееУбайди Зоконӣ

Гули Бодом

ШАҲПАРАК Шаҳпараки холдор, Боли ту — нақшу нигор. Нақшу нигорат бувад Манзараи навбаҳор. Болу парат — ранги гул, Ҷону дилат — беқарор. Ҳар гули боғу чаман — Дар раҳи ту интизор. Файз барад гул зи ту, Гул зи ту ояд ба бор. Аз бари гул омадӣ? Сӯйи гулӣ раҳсипор? Балки худат як гулӣ, Як гули … Читать далееГули Бодом

Математика синфи 2

1. Бачаҳо 14 сабад шафтолу чиданд. Онҳо 4 сабад шафтолуро ба ошхонаи мактаб фиристоданд. Чанд сабад шафтолу монд? 2. Дар қаламдон 6-то қалами сабз ва 2-то камтар қалами зард ҳаст. Дар қаламдон чандто қалами зард ҳаст? 3. Аз коғазҳои ранга Аҳмаду Фотима 10 гули сурх ва Кариму Зӯҳро 9 гули сабз сохтанд. Бачаҳо ҳамагӣ чанд … Читать далееМатематика синфи 2

Тоҷикон — Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна

ҶАМОАТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА ПАЛЕОЛИТ. СОХТИ ПЕШАЗҚАБИЛАВӢ. ПАЙДОИШИ ҶАМОАТИ ҚАБИЛАВӢ Осори палеолити поин (Палеолит: Аввалин давраи таърихии асри санг ба оғози истифодаи воситаҳои санг.) Замони пайдоиши нахустин одамонро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври яқин муайян кардан хеле душвор аст, зеро осори аз ҳама қадимаи ҳаёти онҳо боқӣ намондааст. Ба гумони баъзе олимон, гӯё Осиёи … Читать далееТоҷикон — Сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна

Садриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 3

 САМАРҚАНДУ БУХОРО Ҳаббазо, шаҳри Самарқанди биҳиштитимсол, Ҷуз биҳишташ ба тароват натавон ёфт мисол. Зарнисор аст заминаш чу кафи аҳли карам, Файзбор аст ҳавояш чу дили аҳли камол. Сабзазорест, ба ҳар сабза аён ранги тараб, Чашмасорест, зи ҳар чашма равон оби зулол. Мерасад накҳати кайфияти асҳоби ямин, Гар вазад боди шамол аз тарафи Боғи Шамол… Ин … Читать далееСадриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 3

Садриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 2

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Бар боғи ҷаҳон нахли шакарбори ман ин аст!
Дар хони амал лаълии хушбори ман ин аст!
Ҷони ману ҷонони ману ёри ман ин аст!
«Гў халқ бидонанд, ки дилдори ман ин аст!
Дилдори ҷафокори ситамгори ман ин аст!»
Эй бод, расон бар қадамаш мултамаси ман!
Шояд шавад ин лутфи ту фарёдраси ман!
Дар олами имкон ба ҷуз ў нест каси ман,
«Маҳбуби ману ҷони ману ҳамнафаси ман,
Хеши ману пайванди ману ёри ман ин аст!»
Ҳарчанд ки як бор накардӣ ту маро ёд,
Бе ёди ту ҳаргиз нашавад хотири ман шод,
Вақте ки дилам аз ғами ту буд ғамобод,
«Бўи сари зулфат ба ман овард шабе бод,
Аз ҳамнафасон ёри ҳаводори ман ин аст!»
Айнӣ шуда дар анҷумани ишқ ғазалхон,
Хурсанд нишинад чи ба васлу чи ба ҳиҷрон,
Онҳо, ки надонанд сурури ғами ҷонон,
«Гўянд: Камол, аз паи ў чанд канӣ ҷон?
То ҳаст зи ҷонам рамақе — кори ман ин аст!»

Читать далееСадриддин Айнӣ — шеърҳо қисми 2

Таърихи пайдоиши техникаи ҳисоббарор

Таърих ва шиносоӣ бо асбобҳои аввалини ҳисобкунӣ Одамон аз давраҳои қадим то ба имрўз доимо ба ҳисобкунӣ ва асбобҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷманд буданд ва ҳастанд. Аввалин асбобҳои ҳисобкунӣ ниҳоят содда буданд. Бо ёрии онҳо фақат чор амали арифметикиро иҷро мекарданд. Мисоли ин гуна асбобҳо ангуштони панҷаи даст буда, якумин асбоби ҳисоббарор аст. Одамон ангуштони панҷаи дасти … Читать далееТаърихи пайдоиши техникаи ҳисоббарор

Cохтор ва имкониятҳои шабакаи интернетӣ дар системаи идоракунӣ

(Мирзоев Н.Ҳ. дотсенти кафедраи Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт) Охирҳои cолҳои 70-ум маълум гашт, ки инкишофи андозаҳои Интернет бо инкишофи миқдори гурўҳҳои ба вай ҳавасманд алоқаманд гаштааст. Якчанд органҳои идоракунандае ташкил карда шуд. IAВ (Internet Architecture Board) барои идоракунии инкишофи сохтории шабакаи Интернет машғул буда, IETF (Internet Engineering Task Force) аз зергурўҳҳои корие иборат аст, ки … Читать далееCохтор ва имкониятҳои шабакаи интернетӣ дар системаи идоракунӣ

Таъмини бехатарии манбаҳои иттилоотӣ

Мирзоев Н.Ҳ. н.и.ф.-м  ДМТ, Разоқова А.-аспиранти ДМТ Дар системаҳои компютерӣ  ба иттилооти ҷамъбастӣ ба шахсон ва гурўҳи шахсон аз рўи вазифаи ишғол кардаашон  ва ташабусашон  ҳуқуқи истифодабари дода мешавад.  Барои он ки бехатарии  манбаҳои иттилоотӣ  таъмин карда шаванд, имкониятҳои  бе иҷозат  истифодабари  бартараф карда шаванд, таквия додани назорат аз болои иттилоотҳои махфи карда шуда иҷозат … Читать далееТаъмини бехатарии манбаҳои иттилоотӣ

Калимаҳои сермаъно, маҳдудмаъно

Маънои аслӣ он аст, ки калима ашёро бе иштироки маъноҳои дигар ифода мекунад: об, кўҳ, хок, дарахт ғ. Қисме аз калимаҳои забон як маъноро ифода мекунанд, онҳоро калимаҳои якмаъно ва ё моносемия меноманд. Моносемия калимаи юнонӣ буда, аз моно-як ва семия маъно таркиб ёфтааст. Якмаъноӣ асосан хоси истилоҳ мебошад Маънои маҷозӣ гуфта, онро меноманд, ки … Читать далееКалимаҳои сермаъно, маҳдудмаъно

Вабо

Дар тобистони соли 1893 (1310 ҳиҷрӣ) дар Бухоро боз вабо пайдо шуд. Маъмурони Руссияи подшоҳӣ, ки дар Когон менишастанд, дар ин кор бетараф намонданд: онҳо дар Когон, ки бевосита дар таҳти тасарруфи худашон буд, беморхонаи вабоӣ ташкил намуданд ва дар вокзали роҳи оҳан қоидаҳои карантинро ҷорӣ карданд. Ба ҳукумати Бухоро ҳам таклиф намуданд, ки беморхонаи … Читать далееВабо

Меъёри забони адабӣ. Забони адабӣ ва лаҳҷа

Ҳар забон умуман ва ҳам забони адабӣ меъёри муайяни баёни фикр дорад. Меъёри забони адабӣ ба тарзи мудохилаи фаъолона аз тарафи табақаҳои бомаърифати ҷомеа (аҳли қалам) ва муассисаҳои давлатӣ барқарор мегардад ва таҳти назорат қарор мегирад. Меъёри забони адабии тоҷик (дар гузашта меъёри забони адабии форсу тоҷик) маҳз ҳамин тариқа таҳаввул ва тадриҷан такмил ёфтааст. … Читать далееМеъёри забони адабӣ. Забони адабӣ ва лаҳҷа

Математикаи ҷавон

1. Даҳ дона гулро дар 5-қатор тарзе шинонед, ки дар ҳар қатор 4-тогӣ шавад. 2. Аз рақамҳои 1,2,3,4,5,6,7,8,9,10, 11, 12,13,14,15,16 истифода бурда, ҷамъи онҳо дар ҳама самтҳо ба 35 баробар шавад. 3. Панҷ адади дигари ин пайиро нависед: 8,5,10,5,12,5… 4. Периметри квадратеро ҳисоб кунед, ки масоҳаташ ба масоҳати росткунҷаи тарафҳояш 2 см ва 8см баробар … Читать далееМатематикаи ҷавон

Муодила

4+Х=10 Х-8=2 18-Х=6 13-Х=15 3Х=12 Х:4=8 18:Х=6 5Х+3=28 9Х-5=31 28+3Х=7Х 42-5Х=2Х 3у+18=15у 19z-14=12z Х+6=10 Х-5=7 25-Х=9 20-Х=24 5Х=45 Х:3=6 24:Х=4 7Х+5=26 7Х-8=41 18+5Х=8Х 16-2Х=2Х 7у-33=4у 17z+33=20z 2у+45=6у=17 14z+23=19z-2 5у=18=3у+38 7z-5=3z+3 3(Х+5)=36 16Х+10-21Х=35-10Х-5 5Х+13-2Х=100-20Х-18 7Х-9-8Х=23-15Х-18 2Х-10-7Х+9=8+8Х+4 7Х-9-3Х+5=11Х-6-Х 2Х-10-7Х+9=8+8Х+4 27Х+36-18Х-39+6Х=0 7Х-9-18Х+7=10Х+9-7Х-7 5(Х+1)+6(Х+2)=9(Х+3) 6(Х+ 1)+3(8-Х)=11(Х+2) 7(3Х+6)+5(Х-3)-2(Х-7)=5 4(5Х+2)-7(1-2Х)+5(8-Х)=128 8(3Х-1)-9(5Х-11)+2(7-2Х)=30 10(8-3Х)+11(Х-4)-3(4-3Х)=4 7(6Х-1)+3(2Х+1)-5(12Х-7)=23 3(2Х+1)-4(1-3Х)-5(6Х-7)=16 5(8Х-1)-7(4Х+1)+8(7-Х)=19 10(3Х-2)-3(5Х+2)+5(11-4Х)=25 2,5х=30 3,6х=18 3х-0,3х=16 8х-0,83х=3х+25 9х+6=10(9-0,5х) … Читать далееМуодила

Терминология

Терминология илмест, ки типология, пайдоиш (этимология), мазмун (моҳият) ва амалкарду истифода, ҳамгунсозӣ ва сохтани  лексикаи махсусро меомўзад. Ибтидои ин илм ба номи донишманди австрягӣ Ойген Вюстер ва терминологии маъруфи рус Дмитрий Семёнович  Лотте алоқаманд аст. Онҳо аввалин корҳои илмии худро солҳои 30-юми асри гузашта нашр карда буданд. Ҳоло ба коркард ва баррасии проблемаҳои назарияи терминология … Читать далееТерминология

Далелу рақам ва тафаккури мантиқӣ

Чунон ки аз таърифи услуби илмӣ маълум аст, фикр дар доираи ин услуб ба воситаи далелу рақам ва муҳокимаронии мантиқӣ ифода меёбад. Яъне дар услуби илмӣ маҳз ҳамин се таъбир асоси андешаро ташкил медиҳанд. Далел гуфта, вазъияти назариявӣ ё воқеиеро меноманд, ки бо ёрии он тезис ё андешаи асосӣ асосӣ асоснок мегардад. Далелҳое, ки як … Читать далееДалелу рақам ва тафаккури мантиқӣ

Зарбулмасалу мақолҳои англисӣ

Алмосро бо алмос мебуранд. Бадбахтӣ омўзгори хуб аст. Камбағал он нест, ки кам дорад, балки онест, ки орзуҳои бешумор дорад. Қашшоқ касест, ки дўст надорад. Бенавоён интихобро намедонанд. Агар орзую умед намебуд, дил кайҳо мекафид. Бе занбўр асал гирифта наметавонӣ, бе кор – пул. Ҷойи бехавф – мобайн. Аз чоҳи хушкшуда об кашидан бефоида аст. … Читать далееЗарбулмасалу мақолҳои англисӣ

Намунаи саволу масъалаҳои тест (қисми А)

СУБТЕСТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ Варианти 1 1. Дар кадом гурӯҳи калимаҳо ҳарфи ъ (аломати сакта) афтад, маънои дигар пайдо мекунад? А) аъзам, фаъол  В) шамъ, васеъ  С) эълон, таърих  D) раъд, суръат 2. Дар калимаҳое монанди «ангиштсанг», «баландқомат», «бистнафарӣ» ҳодисаи фонетикии афтидани овоз дар кадом ҳолат мушоҳида мешавад? А) ҷойивазкунии овозҳо   В) пайиҳам омадани ду-се ҳамсадо … Читать далееНамунаи саволу масъалаҳои тест (қисми А)