Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»! Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. … Читать далееТабрикот «Зодрӯз муборак!»

ТОҶИКОН — Муборизаи халқҳои Осиёи миёна бо қӯшунҳои Юнону Макдунӣ.

Қувваҳои ҳарбӣ ва ҳунари ҷангии халқҳои Осиёи Миёна Халқҳои Осиёи Миёна бо кадомин қувваҳо муқобили Искандари Мақдунӣ муқовимат карданд? Бояд қайд кард, ки камбудии асосии қувваҳои мудофиавии Осиёи Миёна марказият надоштани онҳо буд. Дар даврае, ки мавриди баҳси мо қарор гирифтааст, фақат як қисми Осиёи Миёна ба қаламрави ҳахоманишиҳо дохил шуда ва он ҳам ба … Читать далееТОҶИКОН — Муборизаи халқҳои Осиёи миёна бо қӯшунҳои Юнону Макдунӣ.

ТОҶИКОН — Лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ба Шарқ.

Дар аҳди салтанати Файлақуси II (359–336 пеш аз милод) иқтидори Мақдуния афзуда, марказиятнокӣ ва иттиҳоди он устувор мегардад, ки дар ин бобат барҳам додани майлҳои ҷудоихоҳии аъёну ашрофи мақдунӣ роли муҳим бозид. Файлақус дар ташкили қӯшун ҳам дигаргунӣ ба амал овард. Аз ҷумла, дар қӯшуни пиёдагард воҳидҳои ҷудогона – сафҳои зичро ҷорӣ кард. Хусусан кор … Читать далееТОҶИКОН — Лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ба Шарқ.

ТОҶИКОН — Асри аввали оҳан.

Материалҳои археологӣ бо қиёси баъзе мадракҳои забонӣ ва ҳамчунин сарчашмаҳои хаттии қадим, ки ба давраҳои баъдтар тааллуқ доранд, манзараи ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милодро равшан месозанд. Дар ибтидои ҳазораи I пеш аз милод сокинони Осиёи Миёна аз маъдан истеҳсол кардани оҳанро ёд гирифта буданд. Ф.Энгелс аҳамияти … Читать далееТОҶИКОН — Асри аввали оҳан.

ТОҶИКОН — Замони мезолит ва неолит.

Замони мезолит ва неолитро одатан ба 10–15 ҳазор сол тахмин мекунанд. Лекин давоми ин давраи ҳаёти инсонӣ дар ҳар маҳал ҳар хел будааст. Дар асоси маълумот ва мадракҳои мавҷудаи археологӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аҳолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти қабилавии модаршоҳӣ зиндагонӣ мекардаанд. Дар ин … Читать далееТОҶИКОН — Замони мезолит ва неолит.

Таҳлил ва коркарди натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ.

Тадқиқоти сотсиологӣ бо таҳлилу коркарди маълумотҳои бадастомада, хулосабарорӣ ва омодасозии тавсияҳо анҷом меёбад. Маҳз коркарди маълумотҳо имконият медиҳанд, ки миқдори зиёди маводҳои амалии ҷамъшуда ба тартиб дароварда шаванд, ба гурўҳҳо ҷудо ва таснифоти он муайян карда шаванд. Дар барномаи тадқиқоти сотсиологӣ бояд пешакӣ роҳҳо ва шаклҳои коркарди маълумотҳо бо назардошти вазифаҳо ва фарзияҳои тадқиқоти сотсиологӣ … Читать далееТаҳлил ва коркарди натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ.

Озмоиши иҷтимоӣ.

Озмоиш яке аз усулҳои аз ҳама гуногуншакл ва мураккабу маъмули ғун кардани иттилооти ибтидоии сотсиологӣ мебошад. Озмоиш дар сотсиология — ин чунин усули ғун кардан ва таҳлили маълумотҳои амалӣ мебошад, ки бо ёрии он бо роҳи аз рўи нақша идора намудани шароитҳо ва фарзияҳо оиди сабабҳои робитаҳои ҳодисаҳо санҷида мешаванд. Аз байни ҳамаи усулҳо маҳз … Читать далееОзмоиши иҷтимоӣ.

Таҳлили ҳуҷҷатҳо.

Маълумотҳои зиёди барои кори тадқиқотчӣ зарур дар сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ ҷойгиранд. Дар сотсиология омўзиши ҳуҷҷатҳо ҳамчун як намуди фаъолият мебошад. Таҳлили сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ дар бисер мавридҳо имконияти гирифтани маълумотҳои расоро барои ҳалли масъалаҳои пешомада ва ё таҳлили масъала осонтар мекунад. Таҳлили ҳуҷҷатҳо маълумоти якуминдараҷа медиҳад ва имконият медиҳад, ки дигар усулҳои тадқиқот аниқ истифода бурда шаванд … Читать далееТаҳлили ҳуҷҷатҳо.

Усули мушоҳида дар сотсиология.

Мушоҳида — ин чунин усули ғун кардани маълумотҳои амалӣ мебошад, ки ба воситаи он ҷараёнҳо, ҳодисаҳо ва воқеаҳои муҳими иҷтимоӣ бевосита сабт, назорат ва санҷида мешаванд. Мушоҳидаи илмӣ аз мушоҳидаи муқаррарӣ (оддӣ) чунин фарқиятҳо дорад:  Мақсадҳо, вазифаҳо, объект ва предмети мушоҳида аниқ муайян шудаанд;  Мушоҳидаи мақсаднок аз рўи нақшаи пешакӣ тартиб додашуда гузаронда … Читать далееУсули мушоҳида дар сотсиология.

Барнома ва нақшаи тадқиқоти сотсиологӣ

Барои гузарондани тадқиқоти сотсиологӣ лозим аст, ки омодагии хубу ҳаматарафа дида шавад. Дар давраи омодагӣ барнома ва нақшаи тадқиқот тайёр карда мешаванд. Барномаи тадқиқоти сотсиологӣ — ин иншои заминаҳои назариявӣ — методологии таълимоти умумии тадқиқот мутобиқи мақсадҳои асосии корҳои дар пешистода ва фарзияҳои тадқиқот бо нишон додани қоидаҳои амалиёт ва пайдарҳамии мантиқии корҳо барои санҷиши … Читать далееБарнома ва нақшаи тадқиқоти сотсиологӣ

Усули пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ.

Пурсиш усули гирдоварии иттиилооти иҷтимоӣ оиди объекти омўхташаванда мебошад, ки дар рафти муоширати бавосита (бо саволнома) ё бевосита (бо мусоҳиб) — и иҷтимоӣ — равоншиносии ҷомеашинос ва посухдиҳанда иттилощт бо роҳи бақайдгирии ҷавобҳо ба низоми саволҳо тибқи ҳадафу вазифаҳои тадқиқот ба даст меояд. Пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Таъиноти асосии пурсиш дар … Читать далееУсули пурсиш дар тадқиқоти сотсиологӣ.

Методология ва методҳои тадқиқоти сотсиологӣ

Тадқиқоти сотсиологӣ ва намудҳои он Тадқиқоти сотсиологӣ яке аз тарзҳои асосии инкишофи донишҳои сотсиологӣ мебошад, ки тадқиқотчӣ ё гурўҳи тадқиқотчиён онро барои ҳалли масъалаҳои муайяни иҷтимоии ҷомеа истифода мебаранд. Мафҳуми «тадқиқоти сотсиологӣ» — ро аввалин бор соли 1897 сотсиологи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм дар асараш «Худкушӣ» ба доираи истилоҳи илмӣ ворид намудааст. Маҳз аз ҳамон вақт … Читать далееМетодология ва методҳои тадқиқоти сотсиологӣ

Назария ва амалияи кори иҷтимоӣ

Кори иҷтимоӣ аз ибтидои пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ҳамчун шакли фаъолияти амалӣ ҳамеша вуҷуд дошт. Дар давоми асрҳои зиёд ва таърихи фарҳанги ҳалқҳои форсу тоҷик кори иҷтимоӣ дар шакли хайрхоҳӣ, кори савоб, кўмак ба бечорагон, ғамхорӣ ба ятимону барҷомондагон, накўкорӣ ва амсоли ин амалӣ мегардид. Бо пешрафти ҷомеа кори иҷтимоӣ низ мазмуну моҳияти тозаро касб менамуд … Читать далееНазария ва амалияи кори иҷтимоӣ

Ташкилотҳои иҷтимоӣ.

1. Мафҳуми ташкилоти иҷтимоӣ 2. Таснифоти ташкилотҳои иҷтимоӣ 3. Идоракуни дар ташкилот 4. Бюрократия ва олигархия Мафҳуми ташкилоти иҷтимоӣ Ташкилот хамчун як унсури сохтори иҷтимоӣ дар ҳама низомҳо ҷой дорад. Одамон асосан дар ташкилотҳои гуногун кору фаъолият мекунанд, дар маҳалҳои ҷойгиршавии ташкилотҳо зиндагӣ мекунанд ва он чизе ки ба зиндагӣ зарур аст дар ташкилотҳои савдо … Читать далееТашкилотҳои иҷтимоӣ.

Глобализатсия ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият.

Глобализатсия падидаи нави иҷтимоиест, ки инсоният аз охири асри ХХ ба он рў ба рў шуд. Дар ҳазораи нав инсоният ба пешорўи раванди глобализатсия қарор гирифт, ки ин ҷараён ояндаи сайёраи моро муайян менамояд. Ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият ва самти тараққиёти он пас аз «ҷанги сард» пайдо шуда, дар минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла … Читать далееГлобализатсия ҳамчун марҳилаи нави инкишофи ҷамъият.

Ҳаракати иҷтимоӣ мафҳум ва таснифот.

Ҳаракатҳои иҷтимоӣ хусусияти хоси ҷаҳони муосир мебошанд. Дар ҷомеаи муосир шаклҳои гуногуни ҳаракати иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Аз ин рў, таҳқиқи табиат ва таъсири ҳаракатҳои иҷтимоӣ барои муайян намудани самти инкишофи ҷомеа ва ошкор намудани мушкилоти он ниҳоят муҳим аст. Ҳаракати иҷтимоӣ пеш аз ҳама рафтори коллективӣ ва кўшиши дар шакли дастҷамъӣ амалӣ гардонидани манфиатҳо ва … Читать далееҲаракати иҷтимоӣ мафҳум ва таснифот.

Мафҳуми барномаи компютерӣ.

Барномаи компютерӣ ин маҷмўи фармонҳои ба компютер ба намуди матнӣ додашаванда мебошад. Барномаҳои компютерӣ сатҳи баланд ва паст мешавад. Дар барномаҳои компютерии сатҳи паст дар ҳар як сатри барнома яктогӣ фармон ҷойгир карда мешавад, дар сатҳи баландаш бошад дар ҳар сатр якчанд фармонҳо ҷой дода мешавад. Барои тартиб додани барномаҳои компютерии сатҳи паст аз муҳити … Читать далееМафҳуми барномаи компютерӣ.

Умумиятҳо ва гурўҳҳои иҷимоӣ

Ба хотири он ки ҷамъият ин маҷмўи одамон набуда, дар навбати аввал системаи амали байниҳамдигарии онҳо мебошад, барои ҳамин ҳам худ ташаккули шахс ҳамчун шахсият, аз худ кардани забон ва ба воситаи вай ворид шудан ба фарҳанги ҳамин ҷамъият дар ҷараёни амали байниҳамдигарии одамон ҷараён мегирад. Маҳз Ҳамин тариқ, инсон дорои табиати иҷтимоии худ мешавад, … Читать далееУмумиятҳо ва гурўҳҳои иҷимоӣ

Модернизатсия ва индустриализатсия

Барои нишон додани дараҷаи ҳаёти байни кишварҳои бой ва камбизоат сотсиологҳо ва иқтисодшиносони Аврупо дар асри XX мафҳуми модернизатсияро кор карда баромадаанд. Мувофиқи он кишварҳое, ки дараҷаи пасти инкишоф доранд, бояд инкишоф ёбанд ё модернизатсия шаванд ва намунаи тамоюли инкишофи ҷомеаи ғарбро интихоб кунанд. Модернизатсия дар илми сотсиология барои ифодаи раванди таърихии гузариш аз ҷомеаи … Читать далееМодернизатсия ва индустриализатсия

Омилҳои тағйирот ва инкишофи иҷтимоӣ

Тағйироти ҷомеа ин пеш аз ҳама тағйирёбии сохтори ҷомеа аст. Дар ҷомеаҳои тосаноатӣ тағйиротҳои иҷтимоӣ вуҷуд доштанд, аммо бо ин суръате, ки имрўз идома доранд, таърих ёд надорад. Суръати тағйирёбии ҳаёти иҷтимоӣ меафзояд, дастраси ба низоми маориф торафт ба табақаҳои васеи ҷомеа дастрас гардида истодааст, ҷойивазнамоии иҷтимоии шаҳрвадон имконпазир гардида истодааст, ҳол он, ки ним … Читать далееОмилҳои тағйирот ва инкишофи иҷтимоӣ