The League faculties really are a few of the most costly universities in the united states.

A good deal of planning ought to enter your composition before starting composing it. The very first thing you must action would be to contemplate what it is you are going to execute in your essay. What you find yourself performing here greatly counts on the sort of essay you’re thinking about writing. It truly is my wish that this can assist you with your article.

Читать далееThe League faculties really are a few of the most costly universities in the united states.

Ёддоштҳо-Қисми (охир) 9

УСУЛИ НАВИ ОДАМКУШӢ           Мувофиқи таърифе, ки дар боло нишон дода шуд, шогирдпешагони қушбегӣ, амалдорони хурд, муллобачагон, ғазоталабон ҳар рўз садҳо одамони бегуноҳро дастгир карда, зада, чашмони онҳоро баро-варда, сарҳошонро кафонда, дасту поҳошонро шикаста, аммо бинобар мухолифат накардан ба фармони охирии амир, онҳоро накушта, ба арк оварда ба дасти дарбориён месупориданд. … Читать далееЁддоштҳо-Қисми (охир) 9

Ёддоштҳо-Қисми 8

Натиҷаи ин ҳаракати провокасионӣ ин шуд, ки амир одамони бисёреро дар Бухоро ва вилоятҳои вай бо шубҳаи болшевикӣ, револютсионерӣ ё бо тўҳмати алоқа доштан бо онҳо бо як сурати ваҳшиёна кушт. (Бародари ман Сироҷиддинро ҳам аз қишлоқи тағоиҳомо, ки дар он ҷо пинҳон шуда буд, дастгир карда оварда, дар обхонае, ки ман хобида будам, хобонда, … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 8

Ёддоштҳо-Қисми 7

Дар он маҷлис ман ҳам иштирок кардам. Дар он ҷо тамошобинҳо ва агентҳои махфии амир ҳам хеле буданд. Масъалаи намоиши шодиёна ва шукрона ба маҷлис гузошта шуд. Ман ба ин кор сахт муқобил истодам ва гуфтам: аввал он ки ин фармон ба ташаккур намеарзад, дуввум ин ки намоиши шуморо баҳона кар-да, ҳукумат аксулҳаракат мехезонад ва … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 7

Ёддоштҳо-Қисми 6

IV                     Заводи пахтатозакунии Қизилтеппа аз они як бои бухорӣ буд, дар он ҷо ҳам пахтаҳои худи хўҷаини завод ва ҳам пахтаҳои чистачӣ (пахтаҷаллоб)-ҳои дигар тоза карда мешуд. Дар он завод аз русҳо, маҳаллиҳо, барбариҳо ва пирсиёнҳо тахминан 150 кас кор мекард. Дар ин миён тоҷикони кўҳистонӣ қаротегинӣ ҳам бисёр буданд. Бинобар зиёд шудани пахта … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 6

Ёддоштҳо-Қисми 5

Дар он замон мавзӯи шеър дар Бухорои амирӣ, аз     дунё ва аз замон шикоят, мадҳияҳои бардурўғ, ҳаҷвияҳои шахсии беодобона, май ва маҳбуб ва аз ҳамин қабил мавзўъҳои феодалӣ буд. Агар мо Аҳмади   Калла, Шоҳин52, Ҳайрат ва баъзе чунин касонро истисно кунем, ҳамагӣ муқаллиди якдигар ва тақлидчии бемуваффақияти гузаштагони худ буданд, Аммо забони шеърӣ то охирҳои … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 5

Ёддоштҳо-Қисми 4

Дар cоли таҳсили 1894—95 Ғафур-маҳдум, ки қории ҷамоаи мо буд, дусола дарсро якбора партофта «пешқадам шуд» (барои зудтар хатм карда қозӣ шудан). Дар ҷамоаи мо дигар махдуми намоёне набуд. Бинобар ин Мулло Иброҳим ном яке аз бойбачагони Бухоро қорӣ шуд, Иброҳим саводи форсӣ-тоҷикӣ дошт, дўстдори адабиёт буд, ҳатто худаш шеър ҳам машқ мекард. Аммо саводи … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 4

Ёддоштҳо-Қисми 3

Таҳсили соли 1890—91 тамом шуд  (ба ҳисоби ҳо-зира дар 22-уми март). Баробари тамом шудани таҳсил озуқаи акаам ҳам тамом шуд. Ӯ барои хароҷоти соли ояндаро ёфтан ба саҳро баромаданӣ шуд. Як шарики туркманаш ўро ба Каркӣ бурд, ки дар овулҳои туркман  ўро дар  айёми тобистон  мактабдор   (муаллим) кунад. Акаам на танҳо забони туркманиро, ҳатто ўзбакиро … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 3

Ёддоштҳо-Қисми 2

—Хон,    дар чӣ    гуна душворӣ   бошад ҳам,    хон      одам шав! Лекин қозӣ, раис19 ва имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат! — чашмонашро пўшид. Баъд аз ягон дақиқа на ин ки бо хаш-хаш, балки бо хар-хар  нафас кашидан гирифт. Дар ин миён якбора дар ҷояш қад рост кард, чашмонаш калон кушода шуданд,аммо берун буданд,   ба ҳар … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 2

Ёддоштҳо-Қисми 1

Ёддоштҳо Куллиёти Садриддин Айнӣ дар асоси қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 15-уми январи соли 1955, рақами 12, чоп карда мешавад. Аз рўи корҳои тайёрие, ки ҳайати таҳририя пешакӣ бурд, мероси адабии нависандаро ба 15 ҷилд тақсим кардан лозим меояд. Дар тақсимоти асарҳо ба ҷилдҳо асосан принсипи хронологӣ, яъне тартиби пасупешии солҳои таълифи онҳо риоя … Читать далееЁддоштҳо-Қисми 1

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми (охир) 7

11 Садриддини Айнӣ рўзгоре ба сар бурд, ки пур аз талош ва шиддат буд ва фоҷиаҳое дошт. Аз он  гоҳ ки қадам ба  арсаи фаъолияти иҷтимоъӣ гузошт ва соли 1908 дар Бухоро омўзгори мактаби усули нав шуд, ҳаёти ў ҳамеша дар  зери  хавф  буд.   Дар  ҳар  даҳ  сол  хавфи нобудӣ ба сари ў меомад.  Нахустин … Читать далееРавшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми (охир) 7

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 6

Айнӣ  дар  тасвири  замони   шўравӣ      асли асосии худро риоя накардааст. На танҳо дар «Ғуломон», ҳатто дар «Одина»-ву «Дохунда» ҳам тасвири ҳаёти то инқилоб асоси воқеъӣ дорад. Дар ин ду асар асоси воқеъӣ гоҳ кам ва гоҳ зиёд, вале ҳамеша мавҷуд аст. Асоси воқеъӣ дар «Марги судхўр» боз бештар аст. Аммо дар «Ятим» хеле кам на … Читать далееРавшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 6

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 5

Дар замони шўравӣ як фаҳмиши норавои содагии забон пайдо шуда буд: барои ин ки забон халқӣ шавад, барои ин ки навиштаҳо ба оммаи мардум мафҳум бошад, бисёр сода навиштанро талаб мекарданд ва байни содагиву   одигӣ   тафовут   намедиданд,   содагиро ба дараҷаи одигии авомона мерасониданд ва нишонаҳои пасттабъӣ зиёд шудан гирифт.Аз забони гуфтории бенизом хасу хошоки зиёд … Читать далееРавшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 5

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 4

6 Пантуркистҳое, ки пас аз инқилоб ба сари қудрат омаданд, хилофи воқеъияти рўз ва таърих амал мекарданд. Айнӣ ҳақиқати таърихро ба дасисаҳои пантуркистӣ зид гузошт ва барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ,иҷтимоиву  сиёсии  рўз  ба  кор     даровард. Туркпарастон пас аз инқилоб тоҷиконро аз матбуот ва имкони нашри китоби дарсӣ маҳрум   намуданд,   мактабҳоро   саросар       ўзбекӣ карданд, дар … Читать далееРавшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 4

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 3

Фитрат охируламр ба роҳи пантуркизм даромад. Айнӣ мегўяд, ки пас аз инқилоби феврали  1917, ки дар Русия рўй дод, дар Бухоро «Дар сари ҳаракати ислоҳотталабӣ мисли Фитрат ва Усмонхоҷа ҷадидоне гузаштанд, ки онҳо дар Туркия хонда омада, ташвиқоти пантуркистӣ мекарданд. Онҳо на танҳо дар байни худ, балки ба мардуми шаҳри Бухоро ҳам, ки бештарини онҳо … Читать далееРавшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 3

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 2

Мақсад аз ҷўяндагиҳо он буд, ки шахс ва ҷомеа ба худшиносии маънавӣ бирасанд ва чунонки Аҳмади Дониш гуфтааст, «Халқ бидонанд, ки барои чӣ омаданд ва бар чӣ буданд ва чӣ карданд»5. Мақсад таъмини худогоҳии маънавии миллат буд, то ки дар ҷомеаи тоза, ки дар садади бунёд кардани он буданд, пояҳои маънавии зиндагӣ устувор бошад. Охири … Читать далееРавшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 2

Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 1

ДОНАИ МАЪНО БИГИРАД МАРДИ АҚЛ.. Ҳикмате қадима аст, ки инсонро Худованд барои он чиз халифаи худ дар рўи замин баргузид, ки даст ба офаринандагиву бунёдкор занад, то ин ҷаҳони омадшуд гароиш ба ободиву зебоӣ намояд. Аз ҷониби дигар инсон чун султони олами ҳастӣ таъин гардида буд, ин амал ба масобаи риcолати ҳақиқӣ бар дўши ў … Читать далееРавшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 1

Бадое-ул-вақое-Қисми (охир) 11

Ҳикояти маймуни ошпаз                 Восифӣ мегўяд: Мирзоабўюсуф ном ҷавони зебоеро, ки дўсти ман буд, бемории диққи нафас ориз шуд. Табибон ҳарчанд ўро муолиҷа карданд, фоидае набахшид. Охир ў чунон лоғар, наҳиф, заиф ва заҳир шуда хушкид, ки одам аз симояш меҳаросид. Маро тоқате намонд, ки ўро бад-он ҳол бинам. Ночор аз Ҳирот сафар ихтиёр карда, … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми (охир) 11

Бадое-ул-вақое-Қисми 10

НАҚЛҲОИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ УЛУҒБЕК   МИРЗО Восифӣ мегўяд: рўзе Муҳаммадамини Мирак, ки садри дарбори султон Муҳаммад буд ба бандихона омада гуфт, ки ҳазрати султон ба мусоҳабати шумо ифтихор менамоянд ва мегўянд, ки: «Аз хулқи некўи он кас умед карда мешавад, ки ҳар пагоҳ баъд аз таом дар ҳузури мо якчанд оят «Қуръон» хонанд, баъд аз … Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 10

Бадое-ул-вақое-Қисми 9

РАДИФИ  ИН  ҚАСИДА ОМАДА ЯКСАР ГУЛИ СЕРОБ

То намояд роҳ, булбулро сўи гулзор гул,
Пораҳои ҷомаи худ баст бар ҳар хор гул…
Баргҳояш дар талош афтода бар болои ҳам,
Резаи зар кард азбас дар чаман исор 3 гул.
Дар чаман ҳар сў набошад лолаҳо, к-оташ задаст
—Ошёни булбулонро аз сари озор гул.
Дар чаман мехонд булбул ин ғазал вақти саҳар
Дар гиребон чок зад аз шавқ ошиқвор гул:
То задӣ, эй сарви раъно, бар сари дастор гул,
Аз тафохур суд сар бар гунбази даввор гул.
Барги гул набвад, ки хунолуднохунҳо басе
—Дорад аз рашки рухат дар синаи афгор гул.
Нест бар рухсори гул шабнам, ки аз шармандагӣ
Дар арақ шуд пеши ту, эй сарви хушрафтор гул!..
Васфи рўят мекунад булбул, аз он рў гаштааст
—Пой то сар гўш дорад гўш бар гуфтор гул.
Ғунча кард аз мушт хунолуд рухсораш, магар
—Кард пеши оразат даъвии ҳусн изҳор гул…

1Ҳасбулҳол — арзи ҳол.
2Макнун — пўшида,    ниҳон.
3Исор — дар ин ҷо ба маънои бахшиш.

Чун ин қасидаро покнависӣ карда, бар коғазҳо бардоштам, дар дил гуфтам: «Бояд ба ҳузури хоҷа Ҳошимӣ рафта, инҳоро аз назари олӣ гузаронам» ва ба тарафи сарои волои он раҳсипор гардидам. Дар роҳ яке аз ходимони Хоҷа ба ман рост омад ва гуфт:

— Панҷ рўз аст, ки Ҳоҷа мунтазири ҳузури шумоанд ва чашм дар роҳ доранд, агар дар рафтан шитоб кунед муносиб аст.

Бо суръати тамом бар он мақом расидам ва баъд аз мулоқот қасидаҳоро аз назари кимиёасарашон гузаронидам.

Он ҷанобро фараҳмандие даст дода, аз роҳи лутф ва меҳрубонӣ ба фақир гуфтанд:

— Дар ин чанд рўз, ки мо аспи кўшишро дар ин майдон тохтем, охир як қасида аз он қасидаҳо чизи дигаре насохтем. Ин коре, ки шумо кардед, аз ҳеҷ шоире то ҳол ба вуҷуд наомадааст.

Дар ин вақт хабар расид, ки Убайдуллохон аз Қаршӣ омада ба Бухоро даромада, бар тахти салтанат нишастааст. Хоҷа бо шунидани ин хабар рў ба дарбор оварданд ва фақирро ҳамроҳи худ бурданд.24

Пас аз ҳикояти ҳамсӯҳбат шудани Восифӣ бо Убайдуллохон Восифӣ нақл менамояд, ки ў бо талаби хон вақте чанд дар манзили хоҷа Ҳошимӣ  истиқомат карда будааст. Дар ин хусус Восифӣ мегўяд:

Убайдуллохон ба зудӣ боз озими айлоқи Қаршӣ шуд. Чун хоҷа Ҳошимӣ хонро гусел карда омад, ба фақир гуфт:

— Фармони хон содиршуд, ки то бозгашта омаданашон аз Қаршӣ, бошишгоҳи шумо фақирхонаи ин камина бошад.

Ночор дар он остон буданро қарор додам.25

МУШОАРА ВА НАЗИРАГЎИИ ВОСИФӢ ДАР ХОНАИ
ХОҶА Ҳ0ШИМӢ

Хонаи хоҷа Ҳошимӣ ҷамъомадгоҳи арбоби фазлу камол буд. Ҳар рўз ҷамъе аз шоирони Бухоро он ҷо  ҷамъ мешуданд. Одати Хоҷа он буд, ки ҳар рўз ба ҳузури шуаро байте мехонданд, ё ғазалеро дар миён меандохтанд ва шоиронро ба ҷавобгўӣ ва пайравикунӣ ба он байт, ё ғазал даъват мекарданд. Рўзе гуфтанд:

— Табъро бекор набояд гузошт ва ўро кор бояд фармуд. Коҳилии табъ ба кунд шудани зеҳн сабаб мешавад
— баъд аз он фармуданд фақир  аз ғазалиёти Хисрави Деҳлавӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Котибӣ ва дигарон  нўҳсад — 900   ғазал  интихоб  карда   гирифтам.   Ба хотир мерасад, ки ёрон илтимоси маро қабул фармуда, ба он ғазалҳо ҷавоб гўянд ва пайравӣ намоянд.

Аҳли маҷлис дасти қабул бар сина ва ангушти итоат бар дида ниҳода, он ғазалҳоро навишта гирифтанд, то ки ҳар кадом ба якчанд ғазал ҷавоб гўянд ва қарор доданд, ки ҳар рўзе ҳар яке аз онҳо ғазале аз назари Хо-ҷа гузаронанд.

Яке аз наздикони Хоҷа ба камина гуфт, ки «Ғарази Хоҷа дар назирагўӣ имтиҳони шумост». Ночор фақир ҳам якчанд ғазалро пайравӣ кардам ва он ғазалҳо инҳоанд:

 

Баҳам каш эй мусаввир сурати Лайливу Маҷнунро
Ба ин сурат зи ҳиҷрон вораҳон Лайлии маҳзунро.
Намехоҳам парешонии ман бар рўи рўз афтад,1
Худоро бар узори худ маяфкан зулфи мушкинро…
Тамошо гар кунӣ тўфони сели ашки мо, гўӣ:
Ки «пиндорам зи олам об бурда рўди Ҷайҳунро»
Гирифтам ин ки оҳу ноларо дар дил ниҳон дорам,
Зи мардум чун тавонам дошт пинҳон чашми пурхунро?
Чу васфи лаъли сероби ту гўяд Восифӣ, ҳар сў
—Зи гўши худ бурун оранд хубон дурри макнунро.
Маҳ даъвои хубӣ чу ба он моҳлиқо кард,
Ӯро фалак охир аҷаб  ангуштнамо кард.
Бо дарду ғаму меҳнату андӯҳ қаринам,
То гардиши айём маро аз ту ҷудо кард..

Читать далееБадое-ул-вақое-Қисми 9