Алишери Навоӣ

Зи неку бад наҷўяд нуқлу бода,
Зи ҷоми кас наолояд даҳонро.
Гар об аз чаишаи ҳайвон диҳандаш,
Нарезад обрўи хештанро.
Навоӣ

Тарҷумаи ҳол

Низомиддин Алишери Навоӣ сардафтари адабиёти классикии ўзбек буда, бо асарҳои барҷастааш дар таърихи адабиёти ўзбек ва турктаборон мақоми арзанда дорад.
Ў соли 1441 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Падари Навоӣ Кенҷабаҳодур яке аз амалдорони дарбори Темуриён буда, аз хату савод дастмояе надошт. Вале бо вуҷуди бесавод буданаш дар таълиму таҳсили фарзандаш саъю кўшиши зиёде кард. Навоӣ таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар Ҳирот гирифта, пас ба Машҳад меравад. Ў дар он ҷо дар дарбори Абулқосим Бобур Мирзо хизмат карда, инчунин таҳсили худро давом медиҳад. Махсусан, ба омўхтани эҷодиёти адибони бузурги тоҷику форс Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ пайваста машғул мегардад. Навоӣ аз онҳо сеҳри каломи мавзун, санъати суханварӣ ва тарзу усули образофариро омўхта ва дар пайравии онҳо шеърхои аввалини худро иншо кард. Ғайр аз ин, Навоӣ дар ин ҷо дар сўҳбати олимон, шоирон иштирок намуда, аз онхо дарси зиндагӣ мегирад. Дар ҳамин ҷо Навоӣ девони аввалини худро тартиб медиҳад. Алишери Навоӣ соли 1466 боз ба Ҳирот меояд. Вале аз сабаби номусоидии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ;ҷангу хунрезиҳои Абўсаид Мирзо дар ҳамон сол шаҳри Ҳиротро тарк карда, роҳи Самарқандро пеш мегирад. Дар Самарқанд Алишери Навоӣ боз ба таҳсили илму адаб машғул шуда, дар назди яке аз олимони машҳури замон — Хоҷа Фазлуллоҳи Абўлайс илми фиқҳро аз худ мекунад.
Ҳангоме ки соли 1469 Ҳусайн Бойқаро (Навоӣ бо ў якҷоя таҳсил карда, инчунин ширхора низ буданд) ба Ҳирот омада, ба маснади подшоҳӣ менишинад, Навоиро ба дарбор даъват менамояд. Ў дар дарбори Ҳусайн Бойқаро вазифаи мўҳрдориро ба ўҳда мегирад. Маҳз дар ҳамин давра Навоӣ ба Абдураҳмони Ҷомй дўстӣ пайдо карда, муриди ў мешавад.
Алишери Навоӣ шахси инсондўст ва раиятпарвар буд. Ҳангоми иҷрои корҳои давлатдорӣ ба халқи бечора хубию некиҳо кард. Масалан, соли 1470 аз зулму истисмори амалдорон ва ҳокимон, гирифтани андозҳои зиёд ҳаёти иктисодии халқ ниҳоят вазнин гардид ва онҳо ба муқобили ҳамаи ин бедодгариҳои золимон шўриш бардоштанд. Танҳо бо тадбирҳои оқилонаи Алишери Навоӣ шўриш хобонда шуд. Навоӣ ба Султон Ҳусайн Бойқаро маслиҳат дод, ки пеш аз ҳама золимонро ҷазо диҳад, андозҳои халқро то андозае кам кунад. Пас аз ин дар байни халк обрўи Навоӣ зиёд шуда, ўро беш аз пеш ҳурмату эҳтиром мекардагӣ шуданд.
Алишери Навоӣ соли 1472 ба мартабаи вазирӣ мерасад. Маҳз дар ин давра то андозае вазъи сиёсву иҷтимоӣ осуда гардида, ҳаёти маданӣ ва адабӣ хеле пеш рафт. Аммо бисёр корҳои Навоӣ боиси хашму ғазаби шоҳу амалдорони давлат гардид. Аз пайи ранҷу озори ў шуданд. Ҳокимону вазирон дар назди шоҳ ҳар гуна тўҳмату бўҳтон мекарданд. Бо ҳамин сабабҳо Навоӣ соли 1476 аз мансаби вазирӣ даст кашид. Дар муддати 11 сол корҳои давлатиро ба як тараф монда, ба эҷод намудани асарҳои илмӣ ва адабӣ машғул гардид. Маҳз дар ҳамин давра асари панҷгонаи худ «Хамса»-ро навишта ба охир мерасонад. Ба ҳамаи ин қаноат накарда, Ҳусайн Бойқаро Навоиро ҳокими Астаробод таъин мекунад. Навоӣ дар Астаробод танҳо як сол меистад ва соли 1488 боз ба Ҳирот меояд. Ў то охири умраш дигар ба корҳои давлатӣ машғул нашуда, вақти худро ба эҷод намудани асарҳо сарф мекунад.
Алишери Навой моҳи январи соли 1501 дар шаҳри Ҳирот вафот мекунад. Муаллифи «Ҳабибуссияр» Хондамир мусибату ҳиссиёти мардуми Ҳиротро аз марги шоири бузург Навоӣ бо як сўзу гудоз баён карда, бо байтҳои зерин ҷамъбаст намудааст:

Чаро хун наборид чашми сипеҳр?
Чаро гашт равшан дигар моҳу меҳр?
Чаро силки айём дарҳам нашуд?
Чаро моҳ аз солҳо кам нашуд?
Ҷасади Навоиро дар гунбазе, ки худи Алишер дар Ҳирот бино карда буд, ба хок супориданд.

Мероси адабии Навоӣ(Фонӣ)

Низомиддин Алишери Навоӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ таҳсил карда, забони арабиро ҳам хуб медонист. Ў қобилияту истеъдоди аҷиб дошт. Аз худ кардани илмҳои гуногун, аз бар намудани абёти зиёди шоирони тоҷику форс чашми Навоиро ба шоҳроҳи шеъру шоирӣ кушод. Илова бар ин, ҳамчун Абдураҳмони Ҷомӣ устод дошт, ки дар пешрафти эҷодии ў саҳми арзанда гузошт. Навоӣ аз хурдӣ ба шеър гуфтан оғоз кард. Ў ҳам ба забони тоҷикӣ-форсӣ ва ҳам бо забони туркӣ шеър эҷод мекард. Адиб дар шеърҳои тоҷикӣ-форсӣ Фонӣ ва туркӣ Навоӣ тахаллус интихоб кард. Азбаски Навоӣ бо ду забон шеър мегуфту асар эҷод мекард, ҳамзамононаш ба ў тахаллуси иловагӣ-«зуллисонайн» (соҳиби ду забон) дода буданд.
Алишер Навоӣ аксарияти асарҳояшро ба забони модарӣ-туркӣ иншо кардааст. То замони Навоӣ бо забони туркӣ-ўзбекӣ эҷод намудани достонҳои ҳаҷман бузургро (фалсафӣ, ахлоқӣ, ишқӣ) ғайриимкон мешумориданд. Навоӣ аввалин шуда ин назарияро нодуруст шуморида, барои исботи ин панҷ достон эҷод мекунад. Онҳоро Навоӣ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва «Ҳафт авранг» — и Абдураҳмони Ҷомӣ иншо кардааст. Дар ин бора худи Навоӣ чунин мегўяд:

Форсӣ чун гашт дар эшон адо,
Туркӣ кунам, нест аҷаб ибтидо.
Форс чу хурсанд шуд аз он гуҳар.
Турк ҳам ар шод шавад, хубтар.
Ман, ки дар ин роҳ ниҳодам қадам,
Ҳаст умедам, чу бигирам қалам.
Роқбарӣ карда Низомӣ маро,
Ёр шавад Хусраву Ҷомӣ маро.

«ХАМСА», «ҲАЙРАТУЛАБРОР», (Ҳайрати накўкорон) (1483) «ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН», (1483) «ФАРҲОД ВА ШИРИН» (1484), «САЪБАИ САЙЁРА» (хафт сайёра) (1484) «САДДИ ИСКАНДАРӢ» (1485)

Ҷамъи абёти «Хамса» зиёда аз 27 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар забони туркӣ-ўзбекӣ чаҳор девон дорад, ки маҷмўи асарҳои лирикии шоир буда, 24 ҳазор байтро ташкил медиҳанд. Маснавиҳои «Лисонуттайр» («Забони мурғон»), «Панднома», «Чиҳил ҳадис», «Маҳбубулқулуб» низ ба қалами ў тааллуқ доранд. Навоӣ инчунин ба забони модариаш дар бораи ҳаёту эҷодиёти нависандагони ҳамзамонаш «Маҷолисуннафоис» ва оид ба қоидаю қонуни вазни арўз «Мизонулавзон»-ро меофарад.

Мундариҷаи идеявии ашъори форсӣ-тоҷикии Навоӣ(Фонӣ)

Навоӣ як қисми асарҳояшро ба забони тоҷикӣ-форсӣ эҷод кардааст. Аз мутолиаи ашъори тоҷикии адиб равшан мегардад, ки ў хусусияти назми моро хеле хуб медонистааст. Худи шоир ба ин маънӣ ишорат карда чунин мегўяд:

Маънии ширину рангинам ба туркӣ беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои самин, чун бингарӣ.
Гўиё дар ростбозори сухан бикшудаам,
Як тараф дўкони қаннодиву як сў заргарӣ.

Девони тоҷикии Навоӣ бо номи «Майдони балоғат» шўҳрат дорад ва қариб чор ҳазор байтро дар бар мегирад. Дар девони шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Як хусусияти муҳими девони Навоӣ аз он иборат аст, ки адиб пеш аз ҳар як ғазал ба кадом шоири гузашта пайравӣ карда эҷод карданашро зикр мекунад. Масалан, «Татаббўи Мир Хусрав»1, «Татаббўи ҳазрати Махдумӣ»2 ва ғайра.
Ғазалҳои Навоӣ бештар дар пайравии ғазалиёти Амир Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва Ҷомӣ эҷод шудаанд. Мавзўъҳои ғазалиёти Навоӣ гуногунанд. Вале шоир бештари онҳоро дар мавзўи ишқ сурудааст. Шоир баъзан дар ғазалҳояш лирикаи ишқиро бо лирикаи иҷтимоӣ омезиш медиҳад. Ин хусусият дар ҳамаи ғазалҳое, ки дар пайравии Ҳофиз гуфтааст, ба назар мерасад. Масалан, дар ин байт шоир аз носозиҳои замон, фитнаю найранг, тўҳмату бўҳтонҳои як гурўҳ одамони пастфитрати рўзгораш шикоят карда, орзу дорад, ки онхо росткору ростқавл, монанди алиф, мисли қади ёраш рост бошанд:

Каҷҷиву кўтаҳии давр малулам доранд,
Рост хоҳам, алифи қомати дилдор куҷост?

Навоӣ дар ғазалиёташ зебоиҳои ҳаётро бо як ҳиссиёти баланд тараннум мекунад. Адиб омадани баҳору шукуфтани гулҳои рангорангро васф карда, одамонро даъват мекунад, ки умри инсон ғанимат аст, аз ин зебоиҳои ҳаёт баҳра бояд бурд:

Омад баҳори дилкашу гулхои тар шукуфт,
Дилҳо аз он нишот зи гул бештар шукуфт.
Дил аз сабоҳати3 рухи хубат кушода шуд,
Монанди ғунчае, ки ба вакти саҳар шукуфт.
Соқӣ, баҳор шуд. қадаҳам рез лаб ба лаб,
Хоса, ки аз шукуфа чаман сар ба сар шукуфт.

1 Мир Хусрав - Амир Хусрави Деҳлавӣ.
							2 Ҳазрати Махдумӣ - Абдураҳмони Ҷомиро дар назар дорад.
							3 Сабоҳат - хушруй, сафедчеҳра, дилкаш.

Қитъа ва рубоиёти Навоӣ низ содаю равон буда, дар мавзўъҳои гуногун суруда шудаанд. Шоир дар қитъаоти худ хислатҳои начиби инсониро тараннум карда, дар баробари он тамаъкорӣ, мардумфиребӣ, дурўғгўӣ, золимӣ барин сифатҳои пастро мазаммат намудааст. Чунончи, дар ситоиши мардию саховатмандӣ мегўяд:

Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,
Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр,
Ба пошидан чӣ нуқс1 ояд ба дарё,
Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр?

Навоӣ дар қитъаи зер шоҳони замонашро накўҳиш карда мегўяд, ки аз ҷабру зулми шумо халоиқ хонахароб ва мулк вайрон шуд. Зулму асорати шумо мисли оташ аст, ки онро куштан лозим, яъне шуморо нест кардан даркор:

Эй фалон, сўхтӣ халоиқро,
Мулкро шиддати ту вайрон кард.
Оташеро, ки чун ту сўзон аст,
Ҷуз ба куштан илоҷ натвон кард.

«Тўҳфатулафкор»

Дар байни асарҳои тоҷикии Алишери Навоӣ қаси-даи «Тўҳфатулафкор» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа баландтар меистад. Таърихи навишта шудани қасидаашро Навоӣ дар «Хамсатулмутаҳайирин» ба тариқи зайл овардааст:
«Рўзе ман дар хидмати он кас (Абдураҳмони Ҷомӣ) будам. Аз ҳар дар сухан мерафт. Дар омади сухан ман «Дарёи аброр» ном қасидаи «Хусрави Деҳлавиро аз ҳад зиёд таъриф кардам…».
Ҳам дар он рўзҳо подшоҳ ба сафари Марв тайёрӣ дида, маро ҳам ҳамроҳи худ бурданӣ шуд. Ман барои иҷозат гирифтан ба пеши он кас (Ҷомӣ) рафтам. Дар вақти баргаштанам аз бағали худ як ҷузъ когаз бароварда доданд. Кушода дидам, қасидаи «Луҷҷатуласрор», ки ҳамон рўзҳо дар ҷавоби қасидаи «Дарёи аброр» навишта буданд…
Савор шуда ба роҳ баромадам, то манзил бар болои асп он қасидаро хондам ва дар аснои хониш матлаи (байти аввали) қасидаи «Тўҳфатулафкор» ба хотир омад. Баъд аз ба манзил фуромадан он матлаъ ба он кас навишта фиристода шуд, ки агар писандад, ишорат кунанд, тамом намоям.
Фақир то ба Марв расидан он қасидаро ба номи он кас тамом карда, ба хидмати он кас навишта фиристодам». Қасидаҳо бо чунин матлаъҳо шурўъ мешаванд;

«Дарёи аброр»-и Хусрави Дехлавй:
Кўси шаҳ холию бонги гулгулаш дарди сар аст,
Ҳар кӣ қонеъ шуд ба хушку тар, шаҳи баҳру бар аст.

«Луҷҷатуласрор»-и Абдураҳмони Ҷомӣ:
Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи Кайвон бартар аст, Рахна дорад, к-он ба девори ҳисори дин дар аст.
«Тўҳфатулафкор»-и Алишери Навоӣ;
Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро зевар аст, Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ ба матлаи қасидаи Навоӣ баҳои бисёр баланд медихад.
Навоӣ дар қасидаи «Тўҳфатулафкор» фикру мулоҳизаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва панду ахлоқии худро баён кардааст. Дар қасида меҳру муҳаббати шоир нисбат ба аҳли ҳунар, деҳқон ва дармондагон хис карда мешавад ва дар баробари ин дар бораи шоҳону ҳокимони золим бо нафрату адоват сухан меронад:
Хоҷа дил дар ваҷҳу сар афканда пеш аз фикри худ, Садр1 аз баҳри тамаъ биншаста чашме бар дар аст.
Дар байти боло Навоӣ намояндаи ду табақаи ҷамъиятро бо ҳам муқобил гузошта, хислатҳои хар кадоми онҳоро нишон дода мегузорад. Хоҷа-марди фақир, меҳнаткаш буда, дар фикри хеш банд аст. Вале садр — ҳоким, соҳибмансаби ҳамеша чашмаш ба дар интизори чизе ё касест.
Шоир воизонро ба зери тозиёнаи танқид гирифта мегўяд, ки фарқи онҳо аз дигар тамаъкорон танҳо дар он аст, ки воизон болои минбару онҳо поёни минбаранд.

Воизу томеъ2 гадои нон бувад фарқаш кам аст.
К-ин ба зери минбар омад, он фарози минбар аст,
Тухми расвоӣ диҳад бар донаи тасбеҳи зарк3.
Оре, оре, дона ҷинси хешро боровар аст.

Навоӣ шоҳи золимро ба хук ва одилро ба марди деҳқон ташбеҳ намуда, аз санъати тазод ва муқобала ба хубӣ истифода бурдааст:

Золиму одил на яксонанд дар таъмири мулк,
Хук дигар дар шиёри4 мулку дехкон дигар аст.
Марди косибро зи ранчи даст бар каф обила.
Шуд далели гавҳари мақсуд, к-аш даст андар аст.

Адиб дар байти охир аҳли ҳунарро ситоиш карда нишон медиҳад, ки марди ҳунарманд бо кўшишу ғайрат ва меҳнати ҳалоли худ гавҳари мақсудашро ба даст меорад.

1 Садр - мансабдор, болонишин.
							2 Томеъ - тамаъкор, харис.
							3 Зарқ - фиреб, найрангбозӣ, макр, ҳила.
							4 Шиёр - замини шудгоршудаву палкашида.

Дўстию ҳамкории Навоӣ бо Ҷомӣ

Алишер Навоӣ забону адабиёт, илму санъати халқи тоҷикро ба хубӣ дониста, дар пайравии адибони бузурги гузашта асарҳои пурарзиши худро иншо намуд.
Дўстию ҳамкории Навоӣ бо Ҷомӣ намунаи барҷастаи муҳаббати инсон ба якдигар аст. Навоӣ аз Ҷомӣ 27 сол хурд аст. Ў аз Ҷомӣ таълим гирифтааст. Мактаби адабие, ки устоду шогирд дар Ҳирот ташкил карда буданд, дар он намояндагони ин ду халқ таълим мегирифтанд.
Маҳз бо ташвиқу тарғиби Абдураҳмони Ҷомӣ Навоӣ асарҳои бузургашро ба забони туркӣ-ўзбекӣ иншо кард. Аз муваффақиятҳои эҷодии Навоӣ Ҷомӣ шоду масрур гардида, бо камоли эҳтиром дар анҷоми достони «Хирадномаи Искандарӣ» чунин мегўяд:

Суханро, ки аз равнак афтода буд,
Ба кунҷи ҳавон1 рахт бинҳода буд.
Ту додӣ дигарбора ин обрўй!
Кашида ба майдони ин гуфтугўй!
Сафоёб аз нури рои ту шуд!..
Навоӣ зи лутфи навои ту шуд!..

Алишери Навоӣ ҳар як асари нав иншокардаашро аз назари устоди худ — Ҷомӣ мегузаронд ва бо маслиҳатҳои судбахши ў асарҳояшро такмил медод. Мусаввадаи асарҳои Ҷомиро Навоӣ мутолиа карда, баъзан фикру андешаҳояшро ба устоди қадрдонаш изҳор мекард. Муносибати байни онҳо на ҳамчун устоду шогирд хуб буд, балки онҳо нисбат ба якдигар дўстони наздику бовафо низ буданд. Навоӣ яке аз аввалин касонест, ки асарҳои устодашро ба забони туркӣ-ўзбекӣ тарҷума намудааст. Масалан, тарҷумаи асарҳои «Нафаҳотулунс» ва «Шавоҳидуннубувват» ба қалами ў тааллуқ доранд. Ҳангоми тарҷума забони фасеҳу каломи лутфомези Ҷомиро ба хубӣ нигоҳ доштааст.
Алишери Навоӣ пас аз вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ дар байни солҳои 1493-1494 «Хамсатулмутаҳайирин»-ро иншо мекунад. Ин асар ба хотираи устоди бузургвораш бахшида шудааст.
«Хамсатулмутаҳайирин» ба забони ўзбекӣ навишта шудааст. Вай аз дебоча, муқаддима, се мақола ё се фасл ва хотима иборат аст. Мавзўи асосии асар баёни ҳаёту зиндагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва муносибати байни онҳо, марсия дар вафоти Ҷомӣ, ёддоштҳои Навоӣ дар бораи Ҷомӣ, мактубҳои байни онҳо ва амсоли инро ташкил медиҳад.
Навоӣ дар бораи хоксорӣ, донишмандӣ, сўҳбатороӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи Ҷомӣ дар муқаддимаи «Хамсатулмутаҳайирин» чунин менависад: «Касоне, ки овозаи камоли он касро шунида, роҳҳои дурро тай карда, ба сўҳбати муборакашон меомаданд, он касро дар байни асҳоб аз ғояти поёнӣ мутлақо намешинохтанд; дар нишастухез, гуфтушунуфт, дар хўроку пўшок дар миёни он кас ва соири мулозимон тафовуте набуд. То касе аз илмхои зоҳирӣ ва маънавӣ масъалаеро ба миён наандозад, ҳаргиз сафедро аз сиёҳ фарқ карданашон маълум намегардид, аммо пас аз ба миён гузошта шудани масъала маҳорат ва огоҳашон ба хамаи илмҳо дар чунон мартабае буд, ки ҳаргиз эҳтиёҷ ба дидани китобе надоштанд».1

1 Алишери Навоӣ. «Хамсатулмутаҳайирин»,-Сталинобод, 1961, саҳ. 12.

Алишери Навоӣ чандин сол дар дарбори Ҳусайн Бойқаро вазир буд. Вай дар ин муддат ба халқ некиҳои зиёде кард. Навоӣ дар ҳар як кори давлатӣ бо Ҷомӣ маслиҳату машварат мекард. Ниҳоят иғвои ҳасудон, корҳои бехирадонаи шоҳ ба дили Навоӣ мезанад ва ў дарборро тарк карданӣ мешавад. Вале, ҳангоме ки ў бо Ҷомӣ маслихат мекунад, ризогӣ намедиҳад, зеро барои осоиши халқ ва ободии мулк будани чунин вазирони хирадманди некандешро лозим мешуморад. «Фақир, — менависад Навоӣ, — дар вақтҳои дар мулозимати подшоҳ буданам аз он кас (аз Ҷомӣ) дар бораи халосии худам аз он кор ёрмандӣ илтимос мекардам, аммо он кас бо ҳар гуна суханон маро тасаллӣ дода ором мекарданд».
Ҷомӣ шахси сиёсатмадор набуд, вале авзои мулку раиятро хеле хуб мефаҳмид. Дар бисёр ҳолатҳо андешаҳои сиёсии Ҷомӣ бо Навоӣ як буданд. Онҳо дар асарҳояшон сулҳу осоишро илко мекарданд ва дар зиндагӣ барои амалӣ гардидани сулҳу салох ба ҳар роҳу восита саъю кўшиш менамуданд. Масалан, Ҳусайн Бойқаро барои ба даст овардани Қундуз ба Афғонистон лашкар кашид. Албатта, дар ин ҷанг оммаи меҳнаткаш хонахароб мешуд, мамлакат вайрон мегардид: «Ба ин кори шоҳ Ҷомӣ ва Навоӣ муқобил буданд. Дар ин бора Навоӣ чунин менависад; «Ба тарафи Қундуз лашкар кашидани подшоҳ ба он кас (Ҷомӣ) ва ба ҳеҷ кас дилхоҳ набуд. Он кас ба фақир (ба Навоӣ) гуфта буданд, ки то метавонӣ, подшоҳро аз ин сафар боз дор ва агар мумкин нашуда ин сафар муқаррар шавад, бояд ба ман навишта фиристонӣ».
Дар «Хамсатулмутаҳайирин» зиёда аз 28 мактуб оварда шудааст, ки 15-тоаш аз Ҷомӣ ва 13-тои дигараш аз Навоӣ мебошанд. Дар дохили мактубҳо рубоӣ, қитъа, байт, ки дар чавоби якдигар суруда шудаанд, оварда мешаванд. Ин мактубхо намунаи барҷастаи дўстию рафоқати ин ду шахси бузург, ду марди хирадманданд. Асари мазкур аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.
Дўстии байни Навоӣ ва Ҷомӣ то лаҳзаҳои охири ҳаёташон қатъ нагардид. Навоӣ дар марги устодаш ашки ҳасрат мерезад ва то як сол азодорӣ мекунад. Ў дар вафоти Ҷом марсияи пурсўзу гудоз эчод мекунад.
Ба ҳамин тариқ, дўстию хамкории ин ду фарзанди барўманди тоҷику ўзбек барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои ин ду халқ саҳми босазо гузоштааст. Ин дўстию ҳамкорӣ имрўз ҳам инкишоф ёфта мустаҳкам мегардад.

Likes:
3 0
Views:
487
Article Categories:
Адабиёт

Добавить комментарий