Далелҳои ҷолиб дар бораи Алберт Эйнштейн

Алберт Эйнштейн
Алберт Эйнштейн

1. Эйнштейн ба монанди ҳамаи одамони наҷиб баъзе хислатҳои аҷоибу ғароиб дошт. Вай ҳеҷ гоҳ ҷуроб намепӯшид ва онро бефоида меҳисобид.

2. Дар муқоиса ба майнаи сари одамони одӣ устухони пешонии Эйнштейн (қисме, ки маълмотҳоро таҳлил ва коркард менамояд) 15% васеътар буд.

3. Эйнштейн ғиҷҷакро хеле дӯст медошт ва худаш тасдиқ мекунад, ки агар олим намебуд, мусиқачӣ мешуд, зеро ӯ зиндагӣ, афкор ва андешаи худро тавассути мусиқӣ медид.

4. Эйнштейн ҳамаи маблағҳои аз Ҷоизаи Нобелӣ бадастоварда, ки 32 250 $ аз рӯи ҳисобҳои имрӯза тақрибан 400 000 $-ро ба завҷааш Милева Марич медод ва ин аз маоши профессор якчанд маротиба зиёдтар буд.

5. Эйнштейн бо духтари амакаш, яъне ба завҷаи дуюмаш, ки Элза ном дошт, оиладор шуд ва ӯ духтари амаки олим – Рудолф Эйнштейн буд.

6. Эйнштейн дар ибтидои фаъолияти худ дар маркази патентӣ кор ва ба патентҳои дастгоҳҳои электромагнитӣ баҳо медод.

7. Ғиҷҷаки Эйнштейн Лина ном дошт.

8. Эйнштейн хотираи хуб надошт ва ҳамеша ному чеҳраи инсонҳо ва рақамҳоро фаромӯш мекард.

9. Новобаста аз оне ки ҳамагон Эйнштейнро аз рӯйи назарияи нисбият мешиносанд, олим Ҷоизаи нобелиро барои кашфи ҳодисаи фотоэффект гирифтааст.

10. Эйнштейн ба мисли Шелдон Ли Купер аз силсилафилми «Назарияи таркиши бузург» аз омӯхтани рондани мошин даст кашид.

11. Дар ибтидои асри ХХ Эйнштейн маҷбур шуд, ки кӯдакони синни мактабиро омӯзонад, зеро вазъи молиявии ӯ хеле паст гардида буд.

12. Эйнштейн тӯли 20 сол, аз соли 1913 то соли 1933 директории Институти физикаи кайзер Вилгелмро бар уҳда дошт.

13. Ба шарафи исми Эйнштейн синдроме номгузорӣ гардидааст, ки аломатҳои асосии он хуб инкишоф наёфтани нутқи кӯдакони то синни 5-сола мебошад. Ин синдромро духтур Томас Соуэл кашф намуд.

14. Ба Эйнштейн муяссар гардид, ки фақат ҳисобкуниро дар муддати 15 сол аз худ намояд.

Leave a Reply
You May Also Like
Доруи мушкушак
Бештар →

Доруи мушкушак

Зани Мушфикй ба шавҳар таъна зада гуфт: – Аз ин қадар хонашинӣ чӣ мегиред? Шумо ҳам дигар шавҳар…
устод ва шогирд
Бештар →

Одоби шогирд

Бидонед, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад, ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби…
одоби сухангуфтан
Бештар →

Сухан гуфтан

Бо сухан мардум омадааст падид, Бо сухан ҷони ӯ расад ба ҷинон. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз…
китоб
Бештар →

Китоб – раҳнамои беминнат

Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳар яки мо худро бе истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет тасаввур карда наметавонем, ҳамин тавр…
Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез
Бештар →

Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат -ғалат хонда…
зодруз муборак тарбрикот
Бештар →

Табрикот «Зодрӯз муборак!»

Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»! Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз…