Абӯалӣ Ибни Сино – «Алқонун фитибб»

Пеш аз «Алқонун»-и Ибни Сино дар Арабу Аҷам дастурҳои машҳури тиббӣ «Алкитобалҳовӣ» ва «Алкитобалмансурӣ»-и Абўбакри Розӣ (865—925), «Китобалмаликӣ»-и Алӣ ибни Аббос ва якчанд китобҳои дигар буданд.

Абуалӣ ибни Сино бузургтарин намояндаи тибби пешқадами ҷаҳони онрўза, ҳакималҳукамои маркази ҷаҳонии тибби он аср — Осиёи Миёна ва Эрон буд.

Илми тиббро вай дар ватани худ бо роҳбарии яке аз ҳакимони  номдори бухороӣ Абумансури Қамарӣ омўхт. Муаллифи «Китоби сад фасл»  дар тибб — Абусаҳли Масеҳӣ низ аз устодони ў буд.

Ҷавони ниҳоят хушзеҳн, ниҳоят тезҳуш ва ниҳоят пурҳавсала, чунон ки пештар зикр кардем, илми тиббро дар муддати кўтоҳ фаро гирифта, аз синни 15—16-солагӣ ба муолиҷаи беморон шурўъ кард. Вай аз ҳамон вақт ба таълифи китоби бузурги худ тайёрӣ дида, мушоҳидот ва таҷрибиёти табибиашро ҷамъ мекард.

«Алқонунфитибб» аз ҳамаи китобҳои тиббии мавҷуда мукаммалтар, гузаротар, равшанбаёнтар баромад. Вай дар ҳақиқат қомуси илми тибб буд, ки монандашро пеш аз он нанавишта буданд ва пас аз он ҳам нанавиштанд. Ибни Сино дар таълифи ин асари худ қариб бист сол кор кард.

«Алқонун» аз панҷ китоб иборат аст. Мундариҷаи китобҳо ба таври хеле мухтасар ба қарори зерин мебошад.

  Китоби якум — баёни чӣ будани тибб, чигунагии аносир (унсурҳо) ва мизоҷҳо, баёни таркиби бадани инсон: устухонҳо, пайвандҳо, мушакҳо, пайҳо, рагҳо, шоҳрагҳо ва ғайра. Қувваҳои табиӣ, «ҳайвонӣ» ва нафсии аъзои бадан ва амали он қувваҳо. Бемориҳои оддӣ ва мураккаб бо ҷузъҳояшон. Омилҳои сиҳати тан ва омилҳои бемориҳои гуногун. Таъсири боду ҳаво, обу ҳаво, иқлим, шароити хонаҷой, хўрок ва ғайра ба аъзои бадани инсон. Аломати касалиҳои гуногун. Зарабон (тапиш, тапиши қалб) дар мард ва зан, робитаи зарабон бо синну сол, бо мизоҷ бо фаслҳои сол, бо иқлим ва ғайра. Сабабҳои саломатӣ ва ногузир будани марг. Низоми нигоҳдории сиҳати бадан ва мустаҳкам кардани он дар ҳамаи синну соли инсон аз таваллуд то пирӣ: хўрок, либос, хоб, покизагӣ (як боб дар бораи ҳаммом ва тааллуқоти он) ва  ғайра. Боби махсус дар бораи машқу варзишҳои бадан (дар ин боб аз гўштингир, муштҷанг, тезгардӣ, камонандозӣ, саворӣ ва ғайра ҳам баҳс карда мешавад). Варзишҳои зарурӣ дар синни пирӣ. Тартиби зисту зиндагонии одамони гарммизоҷ ва хунукмизоҷ, одамони фарбеҳи беш аз андоза ва лоғари беш аз андоза: онҳо чӣ чизҳоро риоя ва аз чӣ чизҳо бояд парҳез кунанд. Одамӣ дар ҳар фасли сол, дар сафари хушкӣ ё баҳрӣ ва ғайра чӣ гуна бояд худро нигоҳ дорад. Усулҳои муҳимми муолиҷаи касалиҳои умумӣ.

  Китоби дуввум — дору-давоҳои басит (оддӣ) ва мураккаб; донистани амал ва фоидаи давоҳои басит аз таҷриба ва бо мулоҳизаи мантиқӣ; тарзи мушоҳида кар-дани амали ин давоҳо ва ғайра. Номгўи 758 дору-даво аз растаниҳо, аз маҳсули ҳайвонот ва аз маъданиёт бо таърифи хосияти ҳар як даво.

  Китоби саввум — касалиҳои «хусусӣ», ки на ба тамоми аъзои бадан, балки ба ҷузъҳои ҷудогонаи он ориз мешаванд; дарди сар ва майна, касалиҳои рўҳӣ, чунончи, ихтилоли (халалдор шудани) ҳофиза ва хаёл, молихульё, савдои ишқ, дучори халал шудан ё лат хўрдани майна, ки боиси сарчархзанӣ ё саръ (зиён, қуянчуқ) ва ғайра мешавад. Асабҳо. Дарди чашм, гўш, бинӣ, даҳон, забон, дандон, милк, лаб, гулў, шуш, ҷигар, дил, пистон, меъда, рўдаҳо, гурда, узвҳои таносул, мезакдон,—ҳар яке аз ин узвҳо ҷудо-ҷудо муойяна карда мешавад.

  Китоби чаҳорум — касалиҳое, ки на фақат ба як узв ориз мешаванд, балки узвҳои дигарро ҳам фаро мегиранд: табларза, вараҷа, омосҳо (варамҳо), касалиҳои ҷарроҳӣ — захмҳо, шикастан ё баромадани устухон ва ғайра. Навъҳои заҳролудшавӣ. Касалиҳои мўӣ ва пўст.

  Китоби панҷум — давоҳои мураккаб, яъне дору-давоҳое, ки дар табиат ба шакли тайёр мавҷуд нестанд, балки табибон онҳоро аз ҳар гуна моддаҳои басит тайёр мекунанд. Муҳокима дар бораи асосу қоидаҳои таҳия кардани дору-давоҳои мураккаб. Номгўи муфассали чунин дору-давоҳо, баёни таркиб ва хосиятҳои онҳо.

Дар асри XII «Алқонун» ба забони лотинӣ, ки дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо забони илм, забони тибб буд, тарҷима карда шуд. Пас аз ихтирои дастгоҳи чопӣ чунон ки пеш аз ин қайд карда будем, дуввумин китобе, ки дар он дастгоҳ чоп карда шуд, «Алқонун» буд (китоби якум «Таврот» буд). Талаб ба ин китоб чунон бисьёр буд, ки дар 30 соли аввали асри XV онро 16 бор ба лотинӣ ва як бор ба забони яҳудӣ чоп карданд. Вай беҳтарин дастуруламалу роҳнамои табибони дунёи мутамаддин гардид. Дар дорулфунунҳо илми тиббро аз рўи «Алқонун» меомўхтанд. Шайхурраис, ҳакими Машриқзамин, дар тўли шаш аср муаллими табибони олам буд, то он ки кашфиётҳои нав дар илмҳои табиӣ ва дар техника ба кори таҳқиқу муолиҷаи бемориҳо усул ва принципҳои нав ворид карданд.

Аммо, чуноне ки олимони тибби муосир муттаҳидона тасдиқ мекунанд, «Алқонун» дар бисёр бобат имрўз ҳам аҳамияти худро гум накардааст, вай дар ҳалли бисьёр масъалаҳои назарй ва амалии тибби асри мо ҳам ба мутахассисони ин соҳа ёрӣ мерасонад.

Ибни Сино бист сол — беш аз сеяки умри худро сарфи таълифи ин китоби панҷгона кард. Бе он ки ба музде ё мукофоту подоше чашм дошта бошад, ин меҳнати азимро ба ўҳда гирифт ва анҷом дод. Гуманист-инсондўсти кабир ғами саломатии одамиёнро мехўрд, ў ҳама умр дар фикри халосии одамиён аз бемориҳо ва сабук кардани дарду ранҷи ҷисмонию рўҳонии онон буд. Шайх ғайр аз «Алқонун» боз қариб бист асари дигар ҳам дар тибб навиштааст.

Likes:
0 0
Views:
180
Article Categories:
Адабиёт

Leave a Reply