афсона
Афсона

Афсона – Аҷали хирсу ҳасуд

Буд-набуд, ду ҳамсоя буд. Ба ҳам дӯст буданд он ду ҳамсоя. Баъд кори як ҳамсоя омад кард. Одами зираку кордону бағайрат, ки буд, пул меёфт, чизу чора харида, боғ обод кард, иморатҳои баланду зебои хишткорию чӯбкорию пур аз нақшу нигор сохт! Мардум медиданду ҳавасашон меомад.
– Ана зисту зиндагонию ана ҷоҳу ҷалол! – мегуфтанд мардум.
Ҳамсоя рашк кард, сабру тоқат гум кард, намедонист чӣ кор кунад. Ҳар бор, ки ҳавлии ободу тоза, боғу гулзор, айвонҳои баланд, қаторсутунҳои кандакориро медид, мисли мӯе дар оташ ба худ мепечиду мепечид.
Рӯзе ба ғуломаш гуфт:
– Пагоҳ дар хонаи ҳамсоя маърака, туро ба хизмат даъват мекунанд. Як кор карда, корди ҳамсояро дузд, ки ба ман бисёр даркор. Ман ба ивази ин хизматат туро хурсанд мекунам.
– Охир ин чӣ хел мешудааст, ки ман чизи ҳамсояро медуздидаам, ман ин ҳел одат надорам! Худатон ба ман гуфтаед, ки «дуздӣ-гуноҳ» гуфт ғулом.
Хӯҷаинаш гуфт: – Ту ғуломи зархариди ман, амри ман ба ту воҷиб. Ман туро ба дуздӣ маҷбур карда истодаам, гуноҳат ба гардани ман.
Ғулом ноилоҷ монд ва амри хӯҷаинашро ба ҷо овард.
Чанд рӯз гузашту хӯҷаин боз ғуломашро ба пешаш чеғ зада гуфт: – Ту мехоҳӣ озод бошӣ?
– Кадом ғулом намехоҳад, озод бошад! -гуфт ғулом.
– Ту мехоҳӣ соҳиби хонаю ҷой бошӣ? -боз пурсид хӯҷаин
– Барои ғулом аз ин орзу зӯртар орзуе нест! -гуфт ғулом.
– Ту мехоҳӣ зани зебое дошта бошӣ? -боз пурсид хӯҷаин.
– Ман шӯхӣ намекунам, – илова кард ӯ, ба ҳамаи ин соҳиб мешавӣ агар ба гапи ман дароию фармудаи маро иҷро кунӣ. Ҳамин саҳар бо корди ҳамсоя маро мекушию мурдаамро ба кунҷи ҳавлии ӯ бурда мепартоӣ. Баъд шӯру ғавғo бардошта, мегӯӣ, ки ҳамсоя ба хӯҷаинам хусумат дошт, ҳамин саҳар чеғ зада ба ҳавлиаш бурду кушта партофт. Он тарафаш чӣ мешавад худат медонӣ. Ман кушта мешавам, ҳар чи дорам, ба ту мемонад.
Ғулом розӣ нашуд, зорӣ кард, илтиҷоъ кард, хӯҷаинаш ба гапи худ истоду ба ӯ таҳдид карда гуфт:
– Агар ба гапи ман надароӣ, ман худам туро бо дасти худам мекушам. Ғуломро чорае набуд. Гуфтаи хӯҷаинашро кард. Пагохӣ мурдаи ӯро дар кунҷи ҳавлии ҳамсоя ёфтанд. Ғулом доду фарёд бардошта, гуфт ки ҳамсоя ба хӯҷаинаш қасд дошт, гапашон гурехта буд, интиқом гирифт.
Хуллас ба ӯ бовар карданду ҳамсояро дошта, бурда ба зиндон партофтанд. Ғулом озод шуд, зану ҳавлӣ ва хонаи хӯҷаинашро соҳибӣ кард. Худо ба ӯ озодӣ доду молу мулку зани озодаи зебо, вале оромӣ надод: лаҳзае набуд, ки ҳамсояаш аз ёдаш равад. Фикри он, ки марди бечора бе ҳеҷ гуноҳе бадном шуду гунаҳкор ва ҳоло дар кунҷи зиндон азоби гӯрро мекашад.
Ҳеҷ набуд, ки ғулом худро осуда ҳис кунаду азоб накашад. Рӯз аз рӯз тоқатшикан мешуд ин азоб ва як рӯз ӯ худро дигар нигоҳ дошта натавонисту ба маҳкамаи қозӣ рафта, воқеаи шудагиро як-як гуфта дод. Ҳамсояи хӯҷаинашро озод карданду ӯро ба зиндон партофтанд.
– Шумо гуноҳ надоштаед, – гуфт қозӣ.
– Ғуломи ҳамсояатон ба пои худаш омада ҳақиқати ҳолро гуфт.
– Бо пои худаш омада, ба гуноҳаш иқрор шуда бошад, ӯро озод мекунем! – илтимос кард ҳамсоя.
– Мо одамкушро озод намекунем! – гуфт қозӣ, – ӯ қотил аст, бояд ҷазояшро бинад.
– Ӯ одам накуштааст, ӯ ҳасадро куштааст, ки як навъ кирми заҳрнафс асту касро аз дарун хӯрда, нобуд мекунад, – гуфт ҳамсоя.
Пеши қозӣ марди ҳакиме нишаста буд, гапи ҳамсояро тасдиқ намуду изофа кард:
– Ӯро боз хирс куштааст. Аз баҳри ҷоҳу зану боғу poғ баромада, ин ҷо омада, ба гуноҳи худ икрор шудан ба ин далел аст.
Гапи ҳамсояю марди ҳаким маъно дошт. Қозӣ фаҳмиду розӣ шуда ғуломро ҷавоб дод. Ғулому ҳамсояи хӯҷаинаш ба ҳавлиҳояшон омада, ба мардум тую тамошо доданду ба якдигар дӯсту бародар шуда, то охири умрашон хушу хурсанд зиндагӣ карда гаштанд.

Leave a Reply