Умумӣ

Абўабдуллоҳи Рўдакӣ - Чистонҳо

Чӣ чиз аст он раванда тираки хурд?!
Чӣ чиз аст он палолактеғи буррон?!
Яке андар даҳони ҳақ забон аст,
Яке андар даҳони марг дандон?!

         *  *  *

Ланги даванда-ст, гуш неву суханёб,
Гунги фасеҳ аст, чашм неву ҷаҳонбин.
Тезии шамшер дораду равиши мор,
Колбади ошиқону гунаи ғамгин?!

        *  *  *

Он чист, бар он табақ ҳаметобад
Чун мулҳами зери шаъри уннобӣ?!
Соқаш ба масал чу соъиди ҳуро,
Пояш ба масал чу пойи мурғобӣ?!

Leave a Reply