70-саволу ҷавоб аз фанни экология қисми 2.

1.Тропосфера чист?
Қисми калонтарин, аз рўи масса қабати калонтарини атмосфераи Замин мебошад.
2. Пеститсидҳо чӣ гуна модда мебошад?
Моддаҳои химиявие, ки барои маҳви касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо пешбинӣ шудаанд.
3. Омил чист?
Сигналҳои ба организм дохилшавандаро меноманд.
4. Ҳаёт дар рўи замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
4 милион сол пеш.
5. Муҳит чист?.
Ҷузъҳои табиати зинда ва ғайризиндае, ки ба фаъолият ва хусусиятҳои фардҳо, популятсияҳо, намудҳо ва ҷамоаҳои табиӣ таъсир мерасонанд.
6. Вирус чист?
Организмҳои то ҳуҷайра буда, фақат дар таркиби ҳуҷайраҳои организмҳо дохиланд, зист ва афзоиш мекунанд.
7. Назарияи интихоби табииро кадом олим, кадом сол пешниҳод кард?
Соли 1959 Дарвин.
8. Қабати ионосфера аз кадом баландӣ оғоз мешавад?
Аз баландии 80км
9. Усули математикӣ, биологӣ, моделсозӣ дар куҷо гузаронида мешавад?
Вазифаи созиши моделҳои гуногун оиди таркиб, шумора ва рафтори популятсияюҳо ва силсилаҳои экологиро таҳқиқ мекунад.
10. Синэкология чиро меомузад?
Таркиби пайдоиш, инкишоф, муносибати организмҳоро дар ҷомеа ва таъсири мутақобилаи онҳоро ба муҳити зист меомўзад.
11. Мавзўъҳои таҳқиқоти экологӣ кадомҳоянд.
Популятсияҳои организмҳо, намудҳо, ҷамоаҳо, экосистема.
12. Эрозия чанд намуд мешавад?
Эрозия бо таъсири об, бод, одам.
13. Ҷамъи олами ҳайвонотро чӣ меноманд?
Фауна меноманд.
14. Ба омили эдафикӣ чиҳо дохил мешавад?
Растаниҳо бо ҳайвонот.
15. Аввалин организмҳо дар дохили кадом муҳит ба вуҷуд омадааст?
Муҳити обӣ.
16. Шакли ҳаёт чист?
Гурўҳи растаниҳо ва ҳайвонҳоро меноманд, ки аз ҷиҳати шакл, қад, таъби тараққӣ хусусиятҳои биологӣ ва экологӣ шабеҳи якдигар мебошанд.
17. Популятсия чист?
Аз калимаи юнонии популс — халқ, аҳолӣ гирифта шудааст.
18. Кули Сарез дар кадом дарё пайдо шуд?
Мурғоб.
19. Чанд фоизи масоҳати заминро об ишғол кардааст?
71%
20. Ифлосшавии радиоактивии биосфера ба кадом омили экологӣ вобастагӣ дорад?
Ба омили антропогенӣ
21. Усулҳои гирифтани пеши роҳи ҳашаротҳои зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ.
Истифода бурдани усулҳои биологӣ
22. Дар олами наботот нисбати ифлосии муҳити атроф эҳсосноктарин кадом шўъба ҳисоб мешавад?
Гулсангҳо ва ушнаҳо
23. Кай ва кадом сол кули Сарез пайдо шуд?
20 феврали соли 195
24. Гидросфера чист?
Қабати обии кураи заминро гидросфера меноманд.
25. Пиряхи калонтарини Осиёи Марказӣ кадом аст?
Федченко
26. Биосфера ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ба се қисм, гидросфера, литосфера, атмосфера
27. Сарватҳои зеризаминӣ ба чанд қисм ҷудо мешаванд?
Маъданӣ, ғайримаъданӣ, сузишворию энергетикӣ
28. Гидросфера ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ба се қисм, обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ, обҳои зеризаминӣ, обҳои дар таркиби атмосфера мавҷуд буда.
29. Ноосфера чист?
Ноосфера сфераи хирад ё кураи ақл аст.
30 Бедленд чист?
Заминҳои корношоям.
31. Дар Тоҷикистон чанд кӯл вуҷуд дорад?
600 кӯл
32. Яке аз калонтарин кӯли Осиёи Миёна кадом кӯл аст?
Қарокул
33. Аз 71%-и обе, ки кураи Заминро ташкил кардааст чанд фоизаш оби шафоф ширин аст?
3%
34. Дар Тоҷикистон чанд дарё вуҷуд дорад?
947 дарё
35. Чанд фоизи заминҳои Тоҷикистон кишт карда мешаванд?
6%
36 Релеф чист?
Пасту баландиҳои хурду бузурги рўи Замин мебошад.
37. Кулҳои Яшилкул ва Зоркул дар кадом минтақаи ҷумҳурӣ ҷойгиранд?
Дар Помир
38. Дар сурати харобшавии қабати озонӣ кадом касалиҳо авҷ мегирад?
Саратони пуст
39. Назарияи боришҳои ишқориро кадом олим пешниҳод кард?
Р. Смит
40. Кадом олим китоби «Таърихи ҳайвонҳот» нисбати ҳайвонҳо маълумот додаст?
Арасту
41. Кадом олим китоби «Таърихи табиӣ»-ро навиштааст?
Плиней
42. Кадом олим дар асари худ «Гидрогеология» оиди таъсири организмҳои зинда ба сатҳи Замин итилоъ додаст?
Ж. Б. Ламарк
43. Истилоҳи биосенозро кадом олим ба экология дохил кард?
Э. Геккел
44. Китоби экологияи ҳайвонҳоро кадом олим навиштааст?
Ч. Элтон
45. Кадом қабати осмон нурҳои ултрабунафшро 6500 маротиба км. менамояд?
Қабати озонӣ
46. Шумораи гази карбон дар таркиби фазо ба чанд фоиз расидааст?
15%
47. Дар натиҷаи зиёдшавии кадом газ боришоти турш ба вуҷуд меояд?
N
48. Манбаи асосии гази карбонати ҳаво кадомҳоянд?
Вулуонҳо, гармчашмаҳо, сӯзиши сарватҳои табиӣ, ҳаракати нақлиёт, нафаскашии мавҷудоти зинда.
49. Оксигени атмосфера аз чӣ вобастагӣ дорад?
Фаъолияти растаниҳои автотрофӣ
50. Миқдори ҳаво чӣ қадар аст?
5000 трлн тонна
51. Илмҳои биологиро ба чанд гурўҳ ҷудо мекунанд?
Илмҳои бунёдӣ –таксономӣ
52. Дар натиҷаи хушкшавии кадом баҳр ҳар сол 150 млн тонна намакҳои гуногун ва пестисидҳоро бод парешон мекунанд?
Баҳри Арал
53. Ҳаҷми умумии оби кураи замин чӣ қадарро ташкил мекунад?
1,4 млрд км3
54. Баҳрҳо ва уқёнусҳои сайёра чанд фоизи масоҳати заминро ишғол менамоянд?
71%
55. Дарозтарин Дарёи Тоҷикистон кадом аст?
Дарёи Сир
56. Нуқтаи гармтарини Тоҷикистон кадом аст?
Айвоҷ
57. Калонтарин дарёҳои Осиёи марказӣ кадомҳоянд?
Аму, Сир
58. Кадом Ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ камобтарин ва чанд фоизи масоҳати он биёбон мебошад?
Қарокалпокистон -20%;
59. Канали Қайроқум аз кадом дарё об мегирад?
Сирдарё
60. Кадом дарё резишгоҳ надорад?
Зарафшон
61. Маҳали серборишоттарин дар ҳудуди Тоҷикистон кадом аст?
Хоҷа-Обигарм, Варзоб
62. Кадом намуд иқлим дар Тоҷикистон бартарӣ дорад?
Мӯътадили континентӣ;
63. Назарияи интихоби табииро кадом олим, кадом сол пешниҳод кард?
Соли 1859 Дарвин пешниҳод кард.
64. Обро бо чанд усул тоза месозанд?
Механикӣ, биологӣ, химиявӣ,
65. Кадом сол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли оби тоза эълон кард?
Соли 2003
66. Кадом сол экология ҳамчун илми мустақилона эълон карда шуд?
Соли 193
67. Қони намаки Хоҷа Мӯъмин дар кадом минтақа ҷойгир аст?
Восеъ

68.Ҳаёт дар руи Замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
4,3 милион сол пеш;
69. Формулаи озониро нишон диҳед?
О
70. Уфуқ чист?
Қисми ба назар намоёни маҳал.

Likes:
0 0
Views:
106
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply