70-саволу ҷавоб аз фанни экология қисми 1.

1. Табиат чист?
Ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардааст, маҷмўи нисбатан собит ва муташаккиле, ки дар ҷараёни эволютсия ба вуҷуд омадааст.
2. Биосфера чист?
Калимаи юнонӣ буда, био –ҳаёт, сфера кура. Қабати махсуси Замин, ки дар он организмҳои зинда маскун ёфтаанд.
3. Атмосфера чист?
Пардаи ҳавое, ки моро иҳота кардааст, калимаи юнонӣ атмо- буғ, сфера қабат мебошад.
4. Истилоҳи экосистемаро кадом сол, кадом олим пешниҳод кардааст?
Соли 1935 А.И Тенслӣ.
5. Асосгузори илми биосфера кадом олим мебошад?
В. И. Вернадский.
6. Биомасса чист?
Миқдори умумии организмҳоро дар рўи замин биомасса меноманд. Аз калимаи юнонии био – ҳаёт, масса -миқдор гирифта шудааст.
7. Атмосфера аз кадом қабатҳо иборат аст?
Аз 5 — қабат, тропосфера, стратосфера, мезосфера, экзосфера, термосфера.
8. Хок аз кадом қисмҳо иборат аст.
Сахт, моеъ, газ ва организмҳои зинда.
9. Эрозия чист?
Аз таъсири обу ҳаво шуста ва хароб шудани қабати болоии хок (калимаи юнонӣ- эрозис шуста шудан аст).
10. Омили антропогенӣ чист?
Омилҳое, ки дар натиҷаи фаолияти инсон ба вуҷуд меоянд ва ба организмҳои зинда таъсироташонро гузошта, сабаби тағйири муҳити зист мешаванд.
11. Таъсири омили биотӣ ба чанд гурўҳ ҷудо мешавад, кадомҳо.
Фитогенӣ, зоогенӣ, микрогенӣ — 3 намуд.
12. Омили биотӣ чист?
Таъсири мутақобилаи байни фардҳо, популятсияи намудҳо ва ҷамоаҳост.
13. Таъсири инсон ба муҳит чанд намуд аст?
2 намуд -бошуурона ва тасодуфӣ.
14. Чанд фоизи нури Офтоб ба Замин омада мерасад?
43%
15. Таркиби химиявии ҳаво аз кадом газҳо иборат аст? бо %?
Нитроген 78.09%, оксиген 20,95%, гази аргон 0,93%, гази карбонат 0.03%.
16. Ҳаёт дар руи Замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
4,3 милион сол пеш;
17. Синэкология чист?
Аз калимаи юнонии син -ҳамроҳ, якҷоя таркиб ёфтааст.
18. Мутализм чист?
Як намуди ҳамзистии организмҳо, ки барои ҳарду тараф фоидаовар аст.
19. Замин нисбат ба Офтоб чанд маротиба хурдтар аст?
555000 маротиба
20. Мафҳуми низоми экологӣ чист?
Силсилаи организмҳои зинда ва ғайри зинда, ки дар онҳо гардиши моддаҳо ба амал меояд. .
21. Эйдэкология чист?
Шакли намудҳои омўхташуда калимаи юнонӣ буда, маънои намудро дорад.
22. Гидрофитҳо чист?
Растаниҳое, ки дар ҷойҳои обӣ ва соҳили дарё мерўянд (калимаи юнонии гидро — обӣ аст).
23. Кадом шогирди Арасту оид ба растаниҳо маълумот пешниҳод кард?
Теофраст
24. Биомасса ба чанд қисм ҷудо мешавад?
3- қисм, биомассаи хушкӣ, биомассаи хок, бимассаи уқёнуси олам.
25. Популятсия чанд намуд мешавад?
3-намуд.
26. Геосфера чист?
Номи умумии табақаи замин, ки аз литосфера, гидросфера иборат аст (калимаи юнонии гео – замин, сфера – кура).
27. Дар рўи замин чӣ қадар намуди ҳайвонот ва наботот паҳн шудааст?
1,5 млн ҳайвонот, 3,5 млн растаниҳо.
28. Омили абиотӣ ба чанд гурўҳ ҷудо мешавад?
3 гурўҳ, иқлимӣ, эдофикӣ, орографӣ.
29. Планктон, нектон ва бентос чист?
Калимаҳои юнонӣ, плактос- беҳаракат, нектос- шиновар, бентос — чуқурӣ мебошад.
30. Омили экологӣ чист?
Ҷузъҳои табиати зинда ва ғайризиндае, ки ба фаолият ва хусусиятҳои фардҳо, популасияҳо, намудҳо ва ҷамоаҳои табиӣ таъсир мерасонанд.
31. Муҳити ишғолкардаи организмҳо кадомҳоянд?
4 қисм: обӣ, хушкӣ, фазоӣ, организмҳои зинда ҳамчун муҳити зист.
32. Ҳаёт то кадом баландӣ вуҷуд дорад?
20 км.
33. Биосеноз чист?
Калимаи юнонии био- ҳаёт, сайнос — умумӣ мебошад. Маҷмўи организми зинда, ки дар қитъаи муҳити муайян якҷоя зиндагӣ мекунанд ва дар робитаи мутақобиланд, ки ба зисти онҳо таъсир мерасонад.
34. Таҳмонии экологӣ чист?
Мавқеи дар низоми умумӣ биосеноз, силсилаи равобити биосенотикӣ ва талабот ба омилҳои абиотии муҳит таҳмонии экологӣ номида мешавад.
35. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
143,1 млн.км.кв.
36. Экология ба кадом шохаҳо ҷудо мешавад?
Экологияи аҳолӣ, ҷонварҳо, кайҳон, химия, биология, муҳит (ва ғайра).
37. Демэкология чиро меомўзад?
Асосан миқдор, сабабҳои тағйирпазирӣ, афзоиш, фавт, сину сол, рафтор ва таъсири тарафайни популятсияҳоро ба муҳити зист меомўзад.
38. Қонуни ҷумҳури оиди ҳифзи табиат кай қабул шудааст?
Соли 1993 27-декабр, ки аз 12 фасл иборат аст дар моддаи 74 оварда шудааст.
39. Истилоҳи экологияро кадом олим ва дар кадом асараш кай пешниҳод кардааст?
Аввалин шуда соли 1866 табиатшиноси олмон Э. Геккел «Морфологияи умумии организмҳо» пешниҳод кардааст.
40. Аутэкология чиро меомўзад?
Робитаи мутақобилаи фардии ҳайвонот, наботот ва микроорганизмҳоро ба муҳити атроф, устувории онҳоро ба омилҳои биотӣ меомўзад.
41. Экология чиро меомўзад?
Муносибати организмҳои зинда, наботот, ҳайвонот в микроорганизмҳоро байни худ ва бо муҳити атрофро меомўзад.
42. Мезосфера чист ва чӣ қадар баландӣ дорад?
Қабати мобайни атмосфера аз 50-55 км. то 80 км. баландӣ дораду (калимаи юнонӣ мезо- мобайн сфера кура).
43. Дарозии экватор чанд км аст?
40076км
44. Нейстон чист?
Организмҳое, ки ба пардаи қабати поёнии об часпида, дар рўи он ё дар зери он ҳаракат намекунанд. (калимаи юнонии нейстон –ғайришиновар).
45. Дарозии нурҳои аён чӣ қадар аст?
Аз 433 то 70 нанометр
46. Мафҳуми ноосфераро кадом олим, кадом сол пешниҳод кардааст?
Э. Леруа соли 1927
47. Шиддати оптималӣ чист?
Шиддати омилҳоеро, ки барои фаъолияти зиндагии организмҳои зинда мусоидат мекунад номида мешавад.
48. Чанд фоизи кураи Замин дар зери таъсири инсон қарор дорад?
56%.
49. Гемостазияи популятсия чист?
Нигоҳдошташавии шумораи якхелаи фардҳо дар популятсия.
50. Биосфера кадом қабатҳоро дар бар мегирад?
Атмосфера (тропосфера), гидросфера, литосфераро то чуқуриҳои 2-3 км.
51. Экосистемаҳо чанд намуданд?
2 намуд: табиӣ, кишоварзии сунъӣ.
52. Робитаи трофикӣ чист?
Як намуди зинда ё фавт шудани намуди дигар ё боқимондаи моддаҳоеро, ки дар натиҷаи фаъолияташ ҷудо мешавад, истеъмол мекунад.
53. Биосенозҳо чанд намуд мешаванд?
2 намуд: сернамуд , камнамуд.
54. Мафҳуми низоми экологӣ чист?
Силсилаи организмҳои зинда в ғайризиндаро, ки дар онҳо гардиши моддаҳо ба амал меояд.
55. Мафҳуми экологияро бори аввал кӣ пешниҳод кардааст?
Э. Геккел.
56. Истилоҳи биосенозро кадом олим пешниҳод кард?
К. Мебиус.
57. Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи кадом баҳр дохил мешаванд?
Арал.
58. Аменсализм чист?
Муносибати як ё ду намуд, ки барои як намуд зараровар барои намуди дигар на фоида дорад на зарар (калимаи лотинӣ амен — аблаҳ, беақл).
59. Муҳити зист чанд намуд аст?
2 намуд: доимӣ, муваққатӣ.
60. Популятсия чанд намуд дорад?
3 намуд: таназуллӣ, ивазшаванда, муқаррарӣ.
61. Гидробионт чист?
Аз калимаи гидро –об, био — ҳаёт гирифта шудааст.
62. Ч. Дарвин шакли талош ва муборизаи зиндагиро ба чанд гурӯҳ ҷудо кардааст?
Муборизаи дохили намудӣ, байни намудӣ, шароити номусоид.
63. Гидробионтҳо ба чанд намуд ҷудо мешаванд?
3 намуд: плактон, нектон, бентос.
64. Кул чист?
Пастхамии табии бо об пуршуда.
65. Автотроф чист?
Калимаи юнонӣ буда, авто худ, трофо ғизо, хӯроку ғизогирии организмҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд.
66. Кадоме аз конҳои гази табиӣ ба Тоҷикистон таалуқ дорад?
Қизилтумшуқ.
67. Бактерия чист?
Намуди организми якҳуҷайрае, ки ядрои муқаррарӣ надорад бо роҳи тақсимшавӣ афзоиш мекунанд.
68. Зичии ҷойгиршавии фардҳои популятсия кадомҳоянд?
Таваллудшавӣ, миқдори фавтшудагон, афзоиш, суръати афзоиш.
69. Инсоният дар як сол чӣ қадар литр оксиген фурў ва чӣ қадар гази карбонат хориҷ мекунад?
644738 млрд. литр оксиген, 559640 млрд. литр карбонат хориҷ мекунад.
70. Асосгузори илми хокшиносӣ кадом олими рус аст?
Докучаев В. В.

Likes:
0 0
Views:
119
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply