Ҳасанак афсона

Дар олам Ҳасанак ном ҷавоне буд. Шаҳр ба шаҳр мегашту деҳ ба деҳ. Рӯзе Ҳасанак ба шаҳре омад. Дар он ҷо мардум камбағалона зиндагонӣ мекарданд. Бисёриҳо аз гуруснагӣ мемурданд. Бисёре аз хонаҳо холӣ буд.
Ҳасанак ба кӯҳ рафта, ҳезум ҷамъ кард. Баъд ба шаҳр оварду фурӯхт. Боз ба кӯҳ рафту ҳезум ҷамъ карду оварда фурӯхт…

Афсонаи ду бузича

Буд набуд, ду бузича буд, яке сиёҳу дигаре сафед. Бузичаҳо дар ду канори ҷӯй мечариданд…
Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар якҷоя бозӣ мекунем! -гуфт рӯзе бузичаи сиёҳ ба сафед.
Не,ту худат ба ин тараф биё! -гуфт бузичаи сафед.
Хуб, ман ба назди ту мегузарам, гуфт бузичаи сиёҳ.
Не ман назди ту меравам! -гуфт бузичаи сафед…