Дар одоби сӯҳбат — Саъдии Шерозӣ

Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол! Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахтӣ чӣст? Гуфт: некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт.
Макун намоз бар он ҳеч кас, ки ҳеҷ накард,
Ки умр дар сари таҳсили мол карду нахӯрд!
* * *
Ду кас ранҷи беҳуда бурданду саъйи бефоида карданд: яке он, ки андӯхту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ!
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое бар ӯ китобе чанд!

Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?
* * *
Олими нопарҳезгор — кӯри машъаладор аст!
Бефоида ҳар ки умр дарбохт, Чизе нахариду зар бияндохт.
* * *
Се чӣз бе се чӣз пойдор намонад: мол бе тиҷорату илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат.
* * *
Раҳм овардан бар бадон — ситам аст бар некон ва афв кардан аз золимон — ҷавр аст бар мазлумон!

Хабисро чу тааҳҳуд кунию бинвозӣ,
Ба давлати ту нигаҳ мекунад ба анбозӣ.