Муаммоҳои гузариш ба низоми иқтисоди сабз

Андешаи ҳокимон барои мардуми ҳамаи давру замон аҳамияти бузурги таърихию стратегӣ дорад, зероҳаёт бидуни татбиқи ғояи онҳо мукаммал буда наметавонад. Дар масири таърих инсоният ҳеҷ гоҳ чунимрӯз барои рушд ва инкишоф додани сохтори тафаккуру андешаҳои худ имконият фароҳам наоварда буд.

Бо вуҷуди ҳама комёбиҳои бадастомада, як қатор муаммоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ насли сайёраро ба ташвиш андохта, уламову ҳукамои давр ҷиҳати бартараф намудани онҳо, идеяҳои комилан нави рушдро пешниҳод намуда истодаанд.

Албатта, ҳаёти инсонӣ бе мушкилию муаммо буда наметавонад, вале вазифаи илму сиёсат варисолати ҳоким дар заминаи андешаҳои олим барои аҳли башар идеяи роҳи расидан ба «зиндагии хуб»- ро нишон дода тавонистан аст. Мусаллам аст, ки ҳар як давлату ҷомеа маҳз худ бояд нақши роҳи худроҷиҳати ҳадди ақал мукаммалгардонии ҳаёти сиёсӣ — экологии худ ва муттаҳид намудани доираииқтисодӣ дар фазои ягонаи ҷаҳонӣ муайян созад.

Имрӯз дар сайёраи Замин муаммоҳои экологии ба ҳамагон маълум мавҷуд аст, чун болоравиитаъсири газҳои гулхонаӣ, харобсозии радиатсия, заҳролуд шудани қабати ҳаво, ҳодисаҳои тағирёбиииқлим ва ивазшавии ирсият, бӯҳрони экологӣ, нестшавии захираҳои табиӣ, норасоии оби нӯшокӣ, афзоиши партовҳо, муаммоҳои демографӣ ва ғайраҳо. Барои рафъи ин муаммоҳо роҳҳои гуногунмебояд ҷуст, то дар роҳи гузаштан ба низоми иқтисоди сабз ғолиб шавем. Бинобар ин андешаҳои поёнкомилкунандаи афкори мо дар ин самт хоҳад буд.

         Дар раванди тавлиду истеҳсоли неъматҳои ҷамъмиятӣ давлат бояд на танҳо ба қобилияту омӯзишиманфиати аъзоёни ҷомеа такя кунаду бо дастгирии соҳибкорон саноатро чархонад, балки вай худнеъматҳоеро истеҳсол кунад, ки манфиатҳои миллату ҷомеа дар ҷавҳари он зоҳир гардад. Хосатан, дардавраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми бузурги тавлиду бунёди неъматҳои ҷамъиятӣ бар дӯши давлат аст. Албатта, ки кишвари мо аз уҳдаи ин ба пуррагӣ баромада истодааст, вале ин маънои онро надорад, ки дар ин самт дигар гиреҳҳои кушоданашуда нестанд. Масъалаи асосӣ ин вазъияти нобасомони экологӣва иқтисодист. Бояд донист, ки тақдири ҳар минтақаро вазъи экологию иқтисодӣ он муайянмесозад.

Яке аз мубрамтарин масъалаҳо имрӯз вайроншавиии ҳавост, ки мутаассифона, мо онро дарраванди инкишофи илмҳои техникӣ зиёдтар мебинем. Дар воқеъ як автомобил бо ҳисоби миёна соате120 грамм моддаи заҳролудро ба ҳаво пош медиҳад. Он масофаи 1000 километрро тай намуда, он қадароксигени тозаро фурӯ мебарад, ки ин миқдорро одам дар муддати як сол нафас мегирад. Миқдоримоддаи заҳролуде, ки як самолёти реактивӣ ба ҳаво пош медиҳад, аз партови як автомобил дида ҳафтҳазор маротиба бештар аст. Акнун, хулосабарорӣ вазифаи шумост.

Бояд зикр намуд, ки муносибати имрӯзаи инсон бо табиат, муносибати фаъолонаест, ки саросар азамалиётҳо дар самти дигаргунсозии олам иборат аст. Ҳамзамон, дар ин раванд ҳастанд омилҳое, кигузариш ба иқтисодиёти сабзро таъмин намуда, табиатро ҳифз менамоянд, чун густариши ҳамкориҳоииқтисодӣ ё бо истилоҳ «гуфтугӯи тамаддунҳо». Вазъи ҳозираи экологӣ тақозо мекунад, ки қувваихираду дониш на фақат бо идеалҳои зебоӣ, ободӣ ва монанди ин, балки бо он идеалҳои ахлоқӣ низ сахтпайваст шавад. Дар замоне, ки назарияҳои зиёд мавҷуд буда, ҳар яки он нуфузи худро дорад, халқҳо азҳарвақта дида ба «гуфтугӯи тамаддунҳо» бештар ниёз доранд. Танҳо ҳамгироиву шарикии иқтисодист,сатҳи мубодилаи иқтисодиёти сабзро баланд месозад. Маҳз дар натиҷаи “гуфтугӯи тамаддунҳо” ва шарикии иқтисодӣ воридоту содирот ба амал меояд ва он метавонад, ки сатҳи камбизоатиро пастнамояд.

Омилҳои дар ин самт мавҷуда вазъи муаммои муосири байналхалқиро муайян месозанд. Фақат ва фақат идеяи сиёсатмадорон ва иқтисодчиён барои бартарафнамоии онҳо кӯмак мерасонад.

Яке аз муаммоҳои дигари гузариш ба низоми иқтисодиёти сабз ин бартарафсозии қашшоқии аҳолист, зеро миллати камбизоат наметавонад таҷҳизотҳои гаронарзиш харида аз ҷиҳози кӯҳнаи худ, ки ба ин низом мувофиқат намекунанд, даст кашад. Дар робита ба пешгирии қашшоқшавии аҳолӣ ва роҳҳои бартарафсозии он гуфтан мумкин аст, ки давлат тавонмандии бунёди имкониятҳоеро дорад, киметавонад он ба пастшавии қашшоқӣ орад. Қайд бояд кард, ки одамон маҳсули ғояяҳояшон буда, даркадом сатҳ қарор доштани сарвати онҳоро муайян мекунад. Аз ин рӯ дарки қобилият ва истеъдодсарчашмаи ҳар гуна хушбахтӣ ва комёбиҳои иқтисодист. Бояд одамон ба ғояи худсозӣ ва шинохтивоқеии ҳаёт гузаранд. Камбизоатиро бо гузоштани пасандоз ва сармоягузорӣ метавон аз байн бурд.Маҳз рафтори хирадмандонаи шахс метавонад зиндагии ӯро тағйир диҳад. Шахс дар ҳаёт пеш аз ҳамабояд мақсадҳояшро муайян намояд, сипас, фаъолияташро аз рӯи онҳо ба роҳ монад. Барои раҳидан азбебизоатӣ шахс бояд рӯҳияву андешаҳояшро дигаргун сохта, ба ақл, ирода ва мақсадҳояш такянамоянд.

Яке аз омилҳои дигари пасткунандаи сатҳи қашшоқӣ ҳамроҳшавӣ ба раванди ҷаҳонишавист.Ҷаҳонишавӣ бидуни ягон шакку шубҳа сатҳи қашшоқиро паст менамояд, зеро ташкил шуданииқтисодиёти якҷояи кишварҳо боиси тезтар инкишоф ёфтани кишварҳои ақибмонда ё рӯ ба инкишоф мегардад ва ин раванд одатан паҳлӯҳои васеъ дорад. Бар замми ин, таҳримҳое, ки роҳандозӣ мегарданд,маҳсулнокии ҳар як намуди фаъолиятро метавонад баланд мебардорад ё баръакс паст фарорад, зеро давлатҳои абарқудрат монеаҳои ҷиддие барои маҳсулоти кишварҳои нисбатан қашшоқ эҷод мекунанд, ки ин боиси аз даст додани бозори савдо мегардад.

Муаммои дигар баробарӣ ва адолати иҷтимоист. Одамон бояд акнун дарк кунанд, ки баробарофарида шудаанд ва дар раванди зиндагӣ низ баробаранд. Ҳеҷ қуввае наметавонад ба гардани онҳомуҳри ғуломӣ занад ва ҳеҷ як нафар ё дастгоҳи муайян ҳуқуқ надорад шахсро тобеи худ созад. Ҳар як нафар ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва моликиятро дорад. Дар ҷомеаи муосир ҳамаи одамон бояд имкониятҳоибаробар дошта бошанд. Агар дар ҷомеаи муосир ҳама аз рӯи принсипи баробарӣ амал намоянд, он гоҳадолат ҳосил хоҳад шуд. Бояд қабул кард, ки агар одамон эҳсоси баробарии ахлоқ, озодӣ, виҷдон вағайраро надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ адолати иҷтимоӣ миёни онҳо зуҳур нахоҳад кард. Аз ин рӯ «хирадиноосферӣ» хеле муҳим мебошад. Бахт он гунае, ки барои мо муқаддас аст, барои дигарон низ ҳаминтавр бояд бошад. Аз рӯи мақоли “Он чӣ ки ба худ намеписандӣ ба дигарон низ маписандл” бояд рафтор намуд. Бунёди ҷомеаи баробар, ки дар он ҳар як фард мавқеи иҷтимоии воқеӣ дошта бошаду бо дигарон баробар гашта, чун шахсият эътироф шавад, нахуст талаботи замони муосир мебошад, ки бояд риоя гардад.

greenec

Дар шароити муосир ҳар як нафар бояд дарк намояд, ки ҳама халқиятҳои дар рӯи замин сукунатдошта ба ҳам тавъаманду сахт аз якдигар бастагӣ доранд ва бидуни муносибати байни ҳам ақаллан як сония ҳам зиста наметавонанд. Ҳамзамон, бояд фаҳмид, ки муаммоҳои муосири экологӣ нафақат ба як халқу давлат, баки ба ҳама банни башар таъсир дорад ва маҳз ба ҳамин хотир мо худро ҳар лаҳза дар ҳолати омодашавӣ қарор диҳем, то хатарҳои таъкиднамудаамон ба сарнавишти халқамонтаъсири манфӣ нарасонад. Дар масири ҳаёт ба ҳар як фарди аҳли илм лозим аст, ки ба ғояи худсозӣ ваиқтидори экологиву захиравии кишвари худ ҷиддӣ такя намояд. Бояд гуфт, ки қисми зиёди муаммоҳоба тамоми сокинони сайёра маълуманд ва ҳамаи давлатҳо барои бартарафнамоии онҳо муборизамебаранд, вале дар ин раванд ҳастанд муаммоҳои ифшоношуда

Инсоният тавон ва ҳуқуқи эҷод намудани ҳама гуна арзишҳоро дорад, аммо бояд ба ихтирооте, ки башарро «як қадам ба пеш, вале сад қадам ба қафо мебарад» ҳаргиз набояд даст занад. Агар инсониятмиёни худ бо сулҳ зистанро наомӯзад, ҳатман ҷои онро ба ҷанг медиҳад ва пайваста дохили низоъ умр ба сар мебарад. Халқе, ки ба сарнавишти наслҳои оянда беэътибор аст, асло бахшида намешавад.Инсоният бояд дарк намояд, ки ҳар амали нисбати табиат анҷомдодааш рӯзе ҳатман ба худашбармегардад. Ин ҳақиқатест бебаҳс.

Мирсаид Сатториён