Дониш хоҳӣ, такрор кун!

Пас, бисёр кӯшиш мебояд, то ҳар вақт омӯхт. Агар манбаи омӯзишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омӯхт ва бо чашми дил ба ӯ нигарист ва бо басорати ақл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хоҳад буд. Бо омӯхтани алфози наве бо омӯхтани маънии дигаре барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекӯшад. Зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истад. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард. На пайи тамаъи молу мулк. Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо нерӯ мебахшад. Шахсе, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангушт намоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад.
Зеро мегӯянд, ки:

 

Илм чандон ки бештар хонӣ,
Чун амал дap тy нест нодонӣ.

 

Донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолатҳои бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатҳоро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Вале шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунад. Агар ба марги аблаҳон танҳо фарзандонашон бигирянд ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд.
Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро манбаи ҳамаи омӯзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.

 

Рӯй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир,
To ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.

 

Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст. Зеро гуфтаанд:

 

Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,
Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.