Диалектика – чун назарияи умумии инкишоф.

Дар мархалаи кадимтарини маданияти  инсони, ки бо «типи асотирии тафаккур» ном чиз алокаманд аст, дастури аз руи характераш идеалис-тии «чонбахшй» ба объектхои олами моддй, ба онхо нисбат додани хосиятхои психологии ба худи инсон хос асоси чахонфахмии аслан хамаи халкхои кадима карор гирифта буд. Ва­ле чунин чахонфахмии идеалистй холо ба маънои тамоми ка­лима фалсафа набуд. «Материализми стихиявй, ки дар мархилаи якуми инкишофи худ вахдатро дар байни ходисахои бех,ад гуногуни табиат бечунучаро як чизи худ аз худ фахмо дониста, ин вахдатро на аз унсури психикии идеалй, балки аз унсури якинан чисмонй мечуяд» , гахвораи тафаккури соф фалсафй буд.

Мутафаккири Юнони кадим Фалеси милетй (наздики 625— 547 пеш аз солшумори мо) идеяе баён кардааст, ки хама чиз аз об бармеояд ва ба об табдил меёбад. Ин мабдаи тибий асоси ягонаи хама чиз, хомили хамаи тагьироту мубаддалшавихо дониста мешуд. Гарчанде идеяи Фалес дар бораи мабдаъ  хозир ба назари мо соддалавхона менамояд, вале аз нуктаи назари таърихй он кариб револютсионист, зеро нуктаи «хама чиз аз об бармеояд» худохои олимпй ва дар нихояти кор тафаккури асотириро бекор карда, рохи тавзехи табиии табиатро кушод. Вориси Фалес Анаксимандр (наздики 610 — баъди 547 пеш аз солшумории мо) наягон моддаи конкретй, балки моддаи ибтидой — апейронро (ки маънояш «бехад» аст) мабдаъ медонист. Файласуфи дигари Юнони кадим Анаксимен (наздики 585 — наздики 525 пеш аз солшумории мо) гумон дошт, ки хаво мабдаи хамагон аст.

Гарчанде аз замони антикии Аврупо кадре дертар бошад хам дар маданияти Шарки Кадим низ худи хамин тамоюли материалисти зухур ёфта, дар он чо хангоми пайдоиши фал­сафа мавзуъхои идеалистй зиёдтар буданд. Намояндагони материализми кадимаи Х,индустон — локаятикхо чунин мепиндоштанд, ки чор унсур: замин, об, оташ ва хаво мабдаи олам аст. Ин унсурони хатмию доимй ба хам пайваста, мабдаи ин­кишофи олам мегарданд. Мутафаккирони Хитои Кадим об, сташ, чуб, фулузот, заминро чунин унсурони асосй медонистанд.

Омезиши мураккаби тамоюлоти асотирӣ ва материализми стихиявй дар мархалаи аввалаи пойдоршавии фалсафа кабл аз хама дар он зухур ёфт, ки афкори инсоният то давраи муайян (дар таърихи фалсафаи Аврупо фалсафаи Сукрот чунин дивра буд) ба идеализм аник мукобил гузоштани материализмро намедонист. Дойр ба ин давраи ибтидой факат аз аф- палпят доштани тамоюлоти материалиста ё идеалистй сухан рондан мумкин аст. «Стихивияти» материализми антикй махз хамин аст, ки нуктахои мазмунан материалисти аксаран дар шакли идеалистй (асотирй) ифода ёбанд хам низои байни тавзехи идеалиста ва материалистии олам хануз хамон вакт воситаи ботипии водоркунандаи инкишофи фалсафа буд. Ин низом пихони, аз чумла, дар ташаккули диалектикаи антикй низ ифода ёфт.

Ҷанини диалектика, ки он хам хануз характери стихиявй дошт, дар таълифоти нахустии мутафаккирони хам равияй материалистй ва хам равияи идеалистй зикр ёфта буд, ки онхо тагйирпазирии умумии чизхо ва мубаддашавии шайъро таълим медоданд. Чунончй, файласуфи Хитои кадим Ло-цзы (асри- VII пеш аз солшумории мо) таълим медод, ки хар чиз ба зинаи муайяни тараккиёт расида, ба чизи акси худ табдил меё бад: нопурра пур мешавад, кач рост мегардад, холй пурра ва пурра холй мешавад. Ин ивазшавии тазодхо конунияти уму­мии харакати шайъ, мачрои ягона, пайдоиш ва бархамхурич абадй дониста мешуд.

Гераклита Эфеси (наздики 520—460 пеш аз солшумории мо) диалектики бузурги олами антик,й буд. Тамоми мавчудот, таълим медод вай, доимо аз як холат ба холати дигар мегу- зарад: «хама чиз чорист, хама чиз тагьир меёбад»; «ба худи Хамон дарьё ду бор даромадан мумкин нест…»; дар олам ягон чизи бехаракат нест: сард гарму гарм сард, тар хушку хушк тар мешавад. Пайдоиш ва бархамхурй, хаёт ва мамот, тавлид ва халокат — хастй ва нестй — ба хам алокаманданд, шарти хамдигаранд ва ба якдигар мегузаранд. Ифодаи ифроти идеяи чараёни муттасил дар замонхои антикй ба релятивизми мутлаки Кратил (асри V пеш аз солшумории мо) оварда расонд, ки вай мегуфт: ба худи хамон дарьё на факат ду бор, балки як бор хам даромадан мумкин нест. Агар хама чиз фак,ат мачро буда, ягон чизи пойдор набошад, пас фикр ба чизе карор намегирад ва маърифат номумкин будааст. Харакати берун аз сукунат ин тарафи дигари метафизика аст. Вале худи Герак­лит мефахмид, ки дарёи равон «дар аснои тагирот сукунат меёбад». Мувофики акидахои вай ходиса аз як холат ба хола­ти дигар тавассути муборизаи тазодхо табдил меёбад, ки онро у «логоси умумии» абадй, яъне конуни ягонаи барои тамоми мавчудият умумй меномид. Гераклит таълим медод, ки олам ягона буда, онро худое ё касе аз одамон наофаридааст, балки оташи абадзинда буд, хает ва хохад шуд, он конунан аланга мегираду хомуш мешавад. Муосирон диалектикаи Гераклитро, ки хар ду тарафи ходиса—тагьирпазирй ва табиати бетагьири онро ба назар мегирифт, як хел кадр накарданд ва худи замонхои антикй дучори танкиди мухталиф шуда буд. Агар Кратил ба инкор кардани чихати устуворй даъват мекарда бошад, пас элеатхо — Ксенофан (наздики 570—478 пеш аз сол­шумории мо), Парменид (охири асри VI—V пеш аз солшумо­рии мо), Зенон (миёнаи асри V пеш аз солшумории мо), баръакс, диккатро ба чихати устуворй чалб намуда, Гераклитро барои муболига кардани роли тагирпазирй мазаммат менамуданд. Элеатхо икрор буданд, ки олами маълумоти хиссй ноустувор ва тагьирпазир аст (гох тавлид меёбад, гох мешукуфад, гох нобуд мешавад) ва ба ин олами номуайяну ноустуво-ри хиссй олами ягонаю бехаракати хастиро мукобил мегузоштанд, ки факат хаминро хастии хак,икй донистан лозим будааст. Стихиявияти материализми элеатхо, ба олами моддй мукобил гузоштаии тафаккур моил будани онхо ба чунин холат оварда рамонид, ки ончо диалектикаро нисбат ба олами беруна дастгирй кунанд хам, дар баробари хамин олами идеалиро салтанати оромии метафизики эълон мекарданд. Онхо абадиятро унсури хоси хакконият медонистанд. Дар рохи инкишофи маърифат як холати фочиавй пайдо шуд: якехо оламро дар алангаи оташ мегудохтанд, дигарон бошанд онро як навъ чавхари санги сукуту бехаракат меномиданд.

Ба ҳамин тарик, хануз дар таълифоти мутафаккирони ка­дима чанини на факат диалектика, балки метафизика хам дида мешуд, ки ин окибати ба хам мукобил гузоштани олами материя ва тафаккур буд.

Антика сарчашмаи равияхои хам материалистй ва хам идеалистии фалсафа буда, он замон кушишхои аввалини дар доираи системаи фалсафии ягона оштй додани онхо низ пеш гирифта шуда буданд. Таълифоти Арасту (384—322 пеш аз солшумории мо) дар ин бобат аз куллахои афкори фалсафии Юнони К,адим мебошад. Дар акидахои Арасту, ки комёбихои илми атикиро чун энциклопедия дар худ тачассум кардаанд, хам идеяхои амики материалистию диалектикй ва хам унсурони идеализм баён шудаанд. Арасту акидахои фалсафии худ­ро бар акси идеализми Афлотун баён мекард (хикмати «Афло­тун дустам бошад хам хакикат азизтар аст!» махз ба Арасту мансуб дониста мешавад). Арасту дар асархои нахустинаш танкиди идеализмро вусъат дода, кушиш мекард, ки чудоии афлотунии олами чизхои эхсосй ва олами идеядоро бартараф кунад». Арасту эътирофи мавчудияти объективии материяро ба асос гирифта, онро абадй, офариданашуда ва фанонаёбанда модонист. Материя аз хеч пайдо шуда наметавонад, мегуфт вай, микдори он на зиёд мешаваду на кам. Вале дар асархои охиринаш вай ба эътирофи олами идеяхои Афлотун, ки идея­ро асоси аввалини олам медонист, кисман бармегардад. Арас­ту мегуфт: материя худ ба худ пассив аст. Материя факат кувва имкоиияти) пайдоиши шаклхои хакикатан хам сершумори чизхоро дорост, чунонки дар мармар имконияти хайкалсозй ифода ёфтааст. Барои он ки ин кувва ба феъл (во- кеият) табдил ёбад, ба материя шакли муайян бахшидан лозим аст. Вазифаи шаклсозиро акл — мухаррики аввал б,а чо меорад. Арасту шакл гуфта омили фаъолу эчодии пеш аз чизро мефахмид, ки ба туфайли он чиз вокей мегардад. Шакл ин воситаи хавасмандкунанда ва максад, образи идеалй, сабаби аз материяи якшакла пайдо шудани чизхои гуногуншакл буда, материя бошад, як навъ лой аст. Барой он ки аз лой чизхои гуногун пайдо шаванд, «кулоле» — худо (ё акл — му­харрики аввал) лозим аст. Худо махаррики асосии олам буда, чун шакли хамаи шаклхо, сабаб ва дар баробари хамин куллаи бинои олам дониста мешавад. Ба хамин тарик, Арасту дар охири умраш шакли чизхоро аз худи чизхо чудо карда, онро аз руи намунаи идеяхои Афлотун ба чавхари мустакил табдил дод. Вале дар гносеология Арасту акидахои материалистиро собиткадамона мухофизат мекард. Омузиши олам кашфи шаклхост, вале барои муваффак шудан ба ин мо бояд на худи шакл, балки вокеиятро асос шуморем. Шайъхои чузъи, мегуфт вай, тагирпазиранд ва шаклхои чузъии онхо бетагиранд — дар ин даъвои Арасту диалектика ва матафизика ба хам пайваста- аст. Дар баробари хамин Арасту яке аз аввалин мутафаккиронест, ки таснифи муфассалтарини шаклу тарзхои тафаккури ратсионалиро эчод кардааст. Таълимоти вай дар бораи мафхумхо ё категорияхои умумитарини фалсафй камм (микдор), кайф, (сифат), изофа (нисбат), чавхар (мохият), маро (вакт), айни (фазо) ва гайра, ки у диалектикаи хастй ва тафаккурро бо ёрии онхо ифода карданй мешуд, ба назарияи маъри­фат сахми бузурге буд. Арасту асосгузори мантики шакли мебошад, айнан мисли он ки Афлотун асосгузори мантики диалектикист.

Фалсафаи антикй, ки дар он тимсоли хамаи хелхои асосии чахонбинии дар давоми тамоми асрхои баъдина тадкикшуда зикр ёфтааст, тантанаи олии рухи инсоният ва бинобар хамин ахамияти бузурги он дар пеши назари инсонияти мутафаккир хеч вакт паст нахохад шуд.

Таҳияи Мирсаид САТТОРИЁН

Барои фармоши мавзӯъҳо: 915 – 77 – 66 — 06