Боғдорӣ.

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои баланд бардоштани сатҳи
зиндагии мардум ёрии калон мерасоанд. Барои саломатии одамон меваҷот кумаки калон мерасонад, чунки дар таркиби мевагиҳо бисёр маводҳои зарурӣ ба монанди витиаминҳо, сафедаҳо, ангиштобаҳо, чарбҳо, қанд ва ғайраҳо мавҷуд мебошад. Мувофиқи Барномаи стратегии тараққиёти ин соҳа дар муддати то солҳои 2005 ва минбаъда баф ҳар сари аҳолӣ бояд 92 кг мева истеҳсол шуда, истеҳсоли он ба зиёда аз 680 ҳазор тона расонида шавад. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии боғот бояд чунин корҳоро ба ҷо овард: хушсифат тайёр намудани замин, шинондани ниҳолҳои ҷавон, буридан ва шаклдиҳии дарахтон, нарм кардани назди дарахтон, ғизодиҳӣ, муборизаи зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон ва ғайра. Дар фасли зимистон ва аввали баҳор гузаронидани баъзе аз чорабиниҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили хубу хушсифат
кўмаки калон мерасонад. Дар фасли зимистон ва аввали баҳор гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ ба
монанди буридани шохҳои хушку зиёдатӣ, нуридиҳӣ ва муборизаи зидди касалиҳо ва ҳашароти дарахтон аҳамияти калон дорад. Дар ин давра инчунин ( моҳи март) гузаронидани ғизодиҳии дарахтон бо нуриҳои минералӣ ( ба миқдори омехтаи 250 грамм суперфосфат , 100грамм калий хлор ва 200грам аммиачная селитраро бо ҳамроҳии 2-4кг поруи пўсида ба як дарахти мевадиҳанда дар масофаи 1,5 – 2,0 метр аз танаи дарахт дар чуқурии 25-40 см гузаронидан лозим аст. Омехтаи ин нуриҳои минералӣ ва органикиро ба воситаи кандани чуқури дар масофаи 1,5-2,5 метр аз танаи дарах ё ин ки бо ёрии сурохие ки бо ёрии лом дар замин карда мешавад, андохтан лозим аст. Дар давраи гулкунии боғ додани оби аввали баҳор аҳамияти калон дорад. Дар фасли тобистон ба боғ дар мудати 10-12 рўз бояд як маротиба об дод. Дар маҷмўъ ба боғ бояд дар давраи вегетацияи дарахтон 6-8 маротиба об додан лозим аст. Дар бунёди боғи нав гузаронидани шудгории замин дар чуқурии 60=80см аҳамияти калон дорад. Дар чунин майдони боғи нав пеш аз шудгор пошидани 20-40 тона пору, 70-80 кг суперфосфат ва 50- 60 кг калий ( ба намуди моддаи таъсиркунанда) аҳамияти калон дорад. Ҷои ниҳолҳои навро аз руи схемаи 70Х70Х50 см чуқури канда, ба ҳар чуқури 5-10-кг поруи пўсида, 400-500 грам супурфосфат ва 200-250 грамро калийро омехта карда андохтан лозим аст. Аз болои ин нуриҳо 5-8 см хок партофта баъд ниҳолро шинондан лозим аст. Ниҳолхои навро мумкин аст, ки аз тирамоҳ ё ин ки аввали баҳор ба замин мешинонанд. Барои муҳофизати ниҳолҳои ҷавон аз хояндагон танаи онҳоро бо маҳлули 20 % оҳак ва даҳони фаранг (перманганати калий ) сафед кардан зарур аст. Ин амалро аз аввали зимистон то даромадани тобистон давом додан ба фоидаи кор мебошад.