Тоҷикистон — Ватани азизи ман

Силсилакӯҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои Осиёи Марказианд, дараҳои зебоманзар, водиҳои дорои вазъи иқлимии мӯътадил, ки дар онҳо киштҳои пахта, ангурзорҳо, боғҳои меваҳои шаҳдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳое, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нестанд, ҳамагӣ дар ҳудуди Чумҳурии Точикистон воқеъ гардидаанд. Табиати афсункораш ҳар як бинандаро волаву шайдои хеш месозад. Сабк ва тарҳҳои меъмории муосир ҳамакнун чӣ шаҳрҳои бостонӣ: Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Кўлоб ва чӣ шаҳрҳои нав, аз қабили Хоруғ, Бӯстон, Норак, Роғун, Сарбанд ва амсоли онҳоро оро додаанд. Шаҳри Душанбе — қалби Чумҳурии Точикистон бузургтарин шаҳри кишвар буда, теъдоди аҳолии он қариб ним миллион нафаранд. Шаҳри Қайроқум бо қолину фаршҳои зебову мунаққашу марғуби худ хеле машҳур аст. Шаҳри Норак бо банди об ва нерӯгоҳи обию барқии беназири худ шӯҳратёр мебошад. Чакану фалаку гулбаст, ки ҳамагӣ рамзи Кӯлобшаҳр аст, имрӯз вориди рӯйхати мероси фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО гаштаа. Дар ҳар нафасу ҳар қадам эҳсос мешавад ҳунармандии афроди ин сарзамин. Ҳамин буд, ки Кӯлобро ба муддати 5 сол чун  пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ интихоб намуданд. Ҳисор бо қалъаи таърихӣ, Роғун бо НБО — и Роғун, Панҷакент бо бузургонии худ нуфузи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон гаштаанд.

Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои нерӯи обӣ — барқӣ дар чаҳон садрнишин аст. Баъди ба охир расидани сохтмони нерӯгоҳҳои барқию обии Сангтӯда ва Роғун дар дарёи Вахш Чумҳурии Точикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохилии худро ба нерӯи барқ таъмин мекунад, балки метавонад ба бозори чаҳонӣ низ онро барорад. Муддати беш аз 20 сол аст, ки нерӯгоҳи барқию обии Норак — ин мӯъҷизаи нерӯофарин маҳалҳои аҳолинишини водии Ҳисор, корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода, муҷтамаъи тавлидии барқ ва кимиёии Ёвонро бо нерӯи барқи арзон таъмин мекунад.

Кишвари мо чун давлати ҷавон дар миёни дигар мамолики сайёра имрӯзҳо бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию ҳунармандии хеш шуҳратёр гардидааст. Тоҷикон аз азал чун қавму миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолор ва ҳунарманду адабиётдӯст миёни халқиятҳои дигар нуфузу мавқеи хосаро соҳиб буд. Ин нуфуз ба мо маҳз тавассути соҳибқаламону фарҳангиён ва истеъдодҳову аҳли ҳунарамон ба даст омадааст ва рисолати аслии мо ҳимояи он ва мерос гузоштанаш ба ояндагон аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо вуруди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба хоки Тоҷикистони соҳибтамаддун аст. Маҳз ҳамин ҷанбаро ба инобат гирифта солҳои 2019 — 2021 бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Агар як сабаби пешниҳоди мазкур рушду пешрафти деҳаву маҳаллаҳо, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва равнақи соҳа бошад, ҷанбаи навбатӣ бешак намоиши ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи ҳунарҳои зудудашуда ва муаррифии бештари ҳунармандони кишвар аст. Ҳарду ҷанба низ мувофиқ ба табиати Тоҷикистон аст ва маҳз бо шарофати эълони мазкур маҳсулоти дастии ҳунармандони мо аллакай вуруди рақобатҳои бозори ҷаҳонӣ гаштаанду ҷаҳониён эътирофамон менамояд.

Мавзеҳое, ки бо ҳунармандони чиррадасти хеш нуфузи Тоҷикистонро дар ақсои олам муаррифӣ менамоянд ин шаҳрҳои бостонии Кӯлоб, Хуҷанд, Ҳисор Хоруғ, Истаравшан, Конибодом, Бохтар ва дигарон аст. Кӯлоб тибқи ҳафриётҳои бостоншиносон дорои таърихи беш аз 2700 сола мебошад, Ҳисор 3000 сола, Истаравшан 2500 сола. Сарнавишти сокинони Тоҷикистон ниҳоят рангин аст ва онҳоро аз қадим чун халқи ҳунарманд эҳтиром менамоянд. Ҳамин ҳунармандии онҳо боис гардида, то дар дохили кишвар маҳаллаҳое ба вуҷуд биёянд, чун Чармгарон, Заргарон, Кулолгарон, Чеварон, Бофандагон, Зардӯзон ва амсоли инҳо. Ин мадорик гувоҳи он аст, ки ҳунармандӣ пешаи аслии тоҷикон буда, он чун василаи асосии рӯзгузаронӣ истеъмол мегардад ва аз насл ба насл омада расида. Дӯзандагону пазандагон, раққосону навозандагон, бофандагону созандагон ва дигар ҳунармандони забардаст, ки шӯҳраташон оламгир гаштааст, сокини Тоҷикистонанд: Бобоҷони Азизу Давлатманди Хол, Ҷӯрабеку Ҷонибок Муродовҳо, Афзалшоҳ Шодиев, Парда Қосимов, Файзалӣ Ҳасанов, Гулчеҳраи Содиқу Зафар Аюбӣ, Сурайё Қосимова ва Шабнаму Фарзона, Нигинаву Зулайхо, Муқаддасу Кароматуллои Қурбону Хосияти Зарафшонӣ ва амсоли ин афрод. Инҳо ҳунрмандони асиланд, ки имрӯз исми муборакашон бо некӣ вирди забони хосу ом аст.

Тоҷикистони ҷавони моро айни ҳол кулли мамолики кишвар ба расмият шинохтаву эътироф намуда. Оҳ, чӣ зебост ватанам!? Ҳамин зебоии мафтункунанда боис гардида, ки ҳар сол теъдоди барзиёди сайёҳн аз он дидан месозанду хотироти некеро бо сокинони ин сарзамин бо худ ба дуриҳои дур мебаранд. Чашмаҳои шифобахшу, гиёҳҳои муолиҷавӣ, ки ҷумагӣ табиианду дархӯри дарди мардум ёфт мешавад маҳз дар Тоҷикистон. Меҳмондории боварнокарданӣ, эҳтироми хосу ом, сухандонии олимонаву шоиронаву адибона, забони ширину фасеҳ, зебоии бемислу монанд, ки ҳамагӣ зебу ороиши тоҷиконанд. Ҳунарманданду адабиётдӯст, сухандонанду соҳибистеъдод. Табиати афсункор тоҷиконро чунон офарида, ки бо вижагиҳои хеш тафовут доранд аз дигар халқиятҳо.

Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонову Ҷомӣ, Камолу ҳазорон ҳазорон гузаштагони адабиёти мо бо абёти пандуандарзии хеш замони ҳаёт ҷомеаи ҷаҳониро ба роҳи ростӣ даъват намуданд ва то ҳол ворисони онҳо, яъне тоҷикони асил дар ҳар нафас аз ин мероси бой фаровон истифода мекунандку мекӯшанд то гуфтаҳои ин бузургони калому адабро сармашқи кор қарор созанд. Ҳошим Гадо, Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Қурбони Собир, Муҳаммадҷони Шодӣ, Тоҳири Собир, Лутфуллои Давлат ва ҳазорони дигарро ном гирифтан мумкин аст, ки тавонистанд театру кинои тоҷикро муаррифӣ созанд ва соҳибшӯҳрат гардонанд дар байни хосу ом.

Хуллас, Тоҷикистон арзанда ба ҳама каломи булуғу фасеҳ аст, аммо ҳамакнун дигар ҳоҷат ба муаррифӣ нест, зеро худ муаррифӣ шуда. Месазад гуфт, чашмаи ҳунару истеъдод, малакаву маҳорат ва таҷрибаи ғиноии тоҷикон маншаъ аз гузаштагон гирифта, саршори меҳр асту ихлосу боварӣ ва дар ҷараён ҷониби ояндагон. Бигузор ин чашма ҳаргиз хушк нагардаду чашмаҳои хурди дигар ба он зам шаванд ва он табдил ба баҳри азими ҳунару истеъдод гардида, коми оламиёнро тар ва табъашонро болида гардонад.