Ёдам мекунӣ?

Гар шавам аз интизорат хок , ёдам мекунӣ?
Гар бимирам бо дили садчок , ёдам мекунӣ?
Ёд кун вақти ғуруб аз субҳи ишқоғози ман,
Ёри ман он лаҳзаи ғамнок , ёдам мекунӣ.
Гар равам аз пеши ту оинасон покам макун,
Эй ба покӣ з-оина ҳам пок , ёдам мекунӣ?
Зиндагӣ заҳрист қотил бе ту бовар мекунӣ?
Ту ба ҳар талхи маро тарёк , ёдам мекунӣ?

Бурд аз ҳам дур моро гардиши шому саҳар,
Ту ба рағми гардиши афлок , ёдам мекунӣ?
Шояд аз баҳре, ки худро бе ту кайҳо сӯхтам,
Ҳамчу як дилдодаи бебок , ёдам мекунӣ?
Фозил изҳори таманно буд, ин гуфторҳо,
Ман киям, гӯям, ки аз ҷон пок , ёдам мекунӣ?