Навбаҳор

Табиат аз нафаси навбаҳор зинда шавад,
Чу доғҳои дилам лолазор зинда шавад.

Баҳор барфи саморо ба хок дафн кунад,
Ки рудҳои сари кӯҳсор зинда шавад.
Хуш аст омаданат, эй баҳори роҳатрез,
Ба мақдами ту ҳазор обшор зинда шавад.

Биё — биё ба заминҳои хушк, ишқмисол,
Тапишхурад чу дилу сабзазор зинда шавад.

Ҳузури ту кунад эҳёи орзу дар дил,
Як орзу набувад сад ҳазор зинда шавад…

Гилеми сабз бияндози дашту саҳроро,
Ки майли дидани он шоҳкор зинда шавад.

Ҳамон қадар ба нигаҳ нашъабахш меоӣ,
Ки аз видоъи ту чандин хумор зинда шавад.

Баҳор омада хандону шод гӯ, Фозил,
Чу доғҳои дилам лолазор зинда шавад.