Аз омаданат

Чун баҳори туву эҳё шавам аз омаданат,
Теппаи хокаму зебо шавам аз омаданат.
Рафтаи бе ҳаракат, лой шудам чун мурдоб.
Ту қадам зан, ки мусаффо шавам аз омаданат.
Сахттар аз саратон дарди ҷудоӣ будаст,
Зуд о, то, ки мудово шавам аз омаданат.

Пош хурдаст хаёлу дилу ақлам ҳар сӯ,
Ҷамъ чун об ба якҷо шавам аз омаданат.

Барг аз бод кунад рақсу ман аз накҳати ту,
Ба чӣ тадбир шикебо шавам аз омаданат?
Мисли дарҳо зи назарҳо-т, туро бишносам,
Маҳзи оғӯш шуда во шавам аз омаданат.
Шаб ҳам аз омаданат бар мани Фозил наврӯз,
Маҳви дидору тамошо шавам аз омаданат.