Маълумоти умумӣ дар бора и эҷодиёти шоир

Мӯъмин Қаноат

Мўъмин Қаноат шоири сермаҳсул аст. Ҳанўз маҷмўаи аввалини ў соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд. Имрўз бошад, зиёда аз 12 маҷмўаи ашъори Мўъмин нашр шудаанд. Дар байни солҳои 1980-1982 осори мунтахаби ў дар ду ҷилд ба хонандагон дастрас шуд. Дар ҷилди аввал ашъори лирикии адиб ва дар ҷилди дуюм достонҳои шоир гирд оварда шудаанд. Ашъори Мўъмин Қаноат бо санъати баланд иншо шуда, дили хонандаро ба шўру ғалаён меоварад. Дар ҳар як асари адиб набзи ҳаёти имрўза эҳсос мешавад. Бисёр шеъру достонҳои адиб ба забонҳои гуногуни халқҳои дунё, аз ҷумла немисӣ, булғорӣ, чехӣ, маҷорӣ, англисӣ, полякӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, юнонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Дар ашъори адиб мавзўъҳои мухталифи рўзгори мо инъикос ёфтаанд. Шоир кору зиндагӣ, шодию фараҳ, барору нобарориҳои инсонро мақсади хеш қарор дода, дар асарҳои худ ҳаққонӣ тасвир намудааст. Мўъмин Қаноат дар силсилаи «Ситораҳои замин», ки ном ҳам маҷозан омадааст, зиндагию набард, қаҳрамонию фидокории занони меҳнатдўст, духтарони мубориз ва модарони мушфиқу меҳрубонро нишон додаст. Шоир бо муҳаббату самимият модари аввалин зани кайҳоннавард Валентина Терешковаро ситоиш менамоянд. Барои он таҳнияту офарин мегўяд, ки чунин фарзандро тарбия карда ба камол расонидааст. Духтар дар Кайҳон парвоз дорад, вале модар дар Замин пой мегузораду дар изтироб аст.
Мўъмин Қаноат ҷоннисории занону духтарони меҳнатқаринро низ дар ин силсила хеле пурҷозиба тасвир намудааст. Духтарон чун ситораҳо пах-тазорро нурборон мекунанд. Шўҳрату шон, сарбаландию ифтихори мардуми мо аз меҳнату заҳмати онҳост. Вале бо ҳамаи ин бузургӣ онҳо хоксоранд. Маҳз ҳамин хусусият бузургӣ, латофати онҳоро даҳчанд боло намудааст. Аз ин шоир мефахрад ва бо камоли ифтихор мегўяд:

Он ки бо ҳурмат, ба ихлоси тамом,
Мепарастад зиндагиро, корро,
Саҷда меорад замину обро,
Ҳар ниҳоли пахтаи нурборро.
Номдорӣ, номдорӣ мекунад,
Аз бузургӣ хоксорӣ мекунад.

Дар «Силсилаҳои Карпат», ки аз шаш шеър иборат аст, дўстию рафоқати халқи тоҷик бо халқи Украина ифода ёфтааст. Махсусан идеяи дўстии халкҳо, ҳамраъйӣ ва ҳамфикрии онҳо дар шеъри «Машъали ҷовидон» ба хубӣ инъикос ёфтааст.
Мўъмин Қаноат дар силсилаи «Созҳои Шероз» ва силсилаи шеърҳои «Покистон», ки маҳсули сафарҳои хориҷаи шоиранд, идеяи сулҳу амонӣ, бародарӣ, муҳаббату садоқати одамони Тоҷикистонро нисбат ба Ватан басо самимӣ ситоиш намудааст. Образи каҳрамони лирикӣ дар ин шеърҳо равшану возеҳ аст ва ҳамчун шахси ватандӯст ва гуманист ифода ёфтааст. Ӯ нобаробариҳои иҷтимоии ин кишварҳоро дида, дилаш ба дард меояд. Шоир дар шеъри «Чашмаи Дарвоз ё Шероз» бо камоли эҳтиром таъкид мекунад, ки мо бо ҳам ҳамзабон ва ҳамрангем, вале ҷудо ҳастем. Ба ҳамин хотир аз лабҳоят ҳавои ғусса меояд. Барои ҳамин мехоҳам, ки бо ҳам бошем, якдилу якҷон гардем, барои ободӣ, хушбахтии халқдмон бо ҳам саъю талош кунем:

Забон як, достон як, рўю мў якранг,
Ба чашми ҷавҳарӣ ҳастем аз як санг.
Ба рўят субҳ рўи хеш мебинам,
Ба мўят ранги мўи хеш мебинам.
Ҳамехоҳам барорам моҳро аз пардаи мушкин.
Ва хуни ҳамчу лаъламро диҳам кобин.
Ва дастам меравад чун панҷаи хуршед,
Ки созам субҳи чодарпўшро испед.

Албатта, чунин андешаҳои гуманистии шоир қисмату арзиши ин силсиларо боз ҳам зиёд кардаанд. Мақсаду мароми халқи мо, кишвари соҳибистиқлоли мо, Тоҷикистони шўҳратёри моро гӯё адиби нуктасанҷ чанд сол пеш эҳсос карда, ҳамин идеяи олиро дар ин силсила илқо намудааст.
Мўъмин Қаноат дар асарҳои лирикии худ фидокорӣ, ҷоннисорӣ ва муборизаи беҳтарин фарзандони халқро, ки барои озодӣ, барои саодату баробарии мардуми оддӣ сина сипар намуда, ҷонбозиҳо кардаанд, ситоиш мекунад. Шеъри «Қатли Восеъ», «Хоби қаҳрамон», «Гули бодом» ва ғайра намунаҳои хубанд. Адиб дар «Қатли Восеъ» марги беҳтарин фарзанди халқро басо му-ассиркунанда ба қалам додааст. Восеъ мағлубнашаванда аст. Мисли чанор аз боду бўронҳои даҳшатнок наметарсад, устувор аст. Маҳз дар шеър ҳамин салобат ва ҳашамату бузургии Восеъ хеле табий тасвир ёфтааст.
Асосан эҷодиёти Мўъмин Қаноатро достонҳо ташкил дода, онҳо ба мавзўъҳои гуногун бахшида шудаанд. Мўъмин Қаноат бо достонҳои «Мавҷҳои Днепр»,«Достони Оташ», «Китобҳои захмин», «Тоҷикистонисми ман», «Падар» ва «Гаҳвораи Сино» дар таҳаввулу ташаккули жанри достон дар адабиёти тоҷик саҳифаҳои навро кушодааст.
Як ҷиҳати муҳимтарини достонҳои шоир, пеш аз ҳама, дар он аст, ки агар мавзўъҳои таърихиро интихоб кунад ҳам, онҳо бо рўзгори мо алоқаи ногусастанӣ доранд. Масалан, дар достони «Мавҷҳои Днепр» пайванди наслҳо зимни образҳои асосии асар амиқу равшан ифода ёфтааст. Қаҳра-мони лирикӣ пас аз солҳои мадид ба Украина меравад. Дар он ҷо бародараш Абдулло ҷангидааст, мактуби охиринашро аз ҳамин ҷо гирифтаанд, аммо дигар ў барнагаштааст. Аз ин ҷост, ки қаҳрамони лирикӣ ба ҷустуҷўи бародар омадааст. Ҳарчанд ҷустуҷў мекунад аз бародар нишонае пайдо карда наметавонад. Вале дар ҳар қадам, дар ҳар як шаҳру деҳоти Украина бародарони нав пайдо мекунад. Шоир аз ин мефахрад, шоду масрур мегардад. Албатта, ин образҳо типиянд ва қаҳрамони лирикӣ онҳоро дар симои бародари беному нишонаш ҷамъбаст кардааст. Дуруст аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ садҳо, ҳазорҳо фарзандони тоҷик дар набардҳои шадид ҳангоми озод намудани Украина ҷоннисорӣ кардаанд ва бисёри онҳо аз дасти фашистони лаин беному нишон гаштаанд. Тасвири ҳолатҳои рўхӣ ва дунёи ботинии қаҳрамони лирикӣ дар достон ва маҳз дар «Мавҷҳои бародарӣ» басо пурдомана ва дар ҳадди эътидол аст. Амиқу возеҳ нишон додани таърихият ва реалият драматизми асарро боз ҳам қавитар кардааст.
Дар набарду муборизаҳои шадид ҳамбастагии ин ду халқ боз ҳам мустаҳкамтар шуд. Охир мақсаду мароми ин ду халқ як аст. Идеяи дўстӣ, бародарӣ, ҳамфикрӣ, ҳамраъйӣ дар ин достон баланд садо медиҳад. Агар қаҳрамони лирикӣ дар аввал ошуфтахотир, аз наёфтани бародараш парешон бошад, баъдтар дар ҳар хонадон бародарҳо пайдо карда, шоду масрур мегардад. Албатта, ин ҷанбаи оптимистонаи асар аст. Мулоҳиза кунед:

Замини Украинаро зи қадду бар қадам задам,
Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам.
Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту,
Бикофтам, наёфтам нишони ноаёни ту.
Бародарам, Бародари ба ҷону дил баробарам!
Ба вақти ҷустуҷўи ман ба сўи ман. ба рўи ман,
Кушода буд ҳар даре, ба ҳар даре бародаре!
Агар туро наёфтам, биёфтам дар ин макон,
Ҳазорҳо бародарон, бародарии ҷовидон!
Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Мавзўи «Достони оташ» кор ва зиндагии коргарони ГЭС-и Норак аст. Адиб дар ин сохтмони азим ташаккул ва пайдоиши одами навро мавриди тадқиқ қарор додааст. Дар достон образу характерҳои қаҳрамонҳо дар амалиёт кушода дода мешаванд. Шоир дар образи Нур Аҳмадов, Лена, Морози қадбаланд ва махсусан Мавҷигулу Ёр хислатҳои беҳтарини коргарони меҳнатқаринро инъикос намудааст. Мавҷигул тимсоли одами нав аст. Ў бо меҳнати ҳалоли худ дар байни коллектив соҳибиззат гаштааст. Мавҷигул сохибихтиёр аст. Ў ба сохтмон мувофиқи раъйи волидайн меояд ва бо хоҳиш ва амри дил ба ёраш мерасад, Маҳз дар инкишофу рафти ҳамин масъалаҳо симои хақиқии образ кушода мешавад.
Мавзўи дўстии халқҳо дар достон мавқеи асосӣ дорад. Пўшида нест, ки дар сохтмони Норак зиёда аз 49 намояндагони халқу миллатҳо дўстона кор кардаанд. Маҳз ҳамин дўстии онҳо буд, ки сохтмони ГЭС пеш аз мўҳлат ба анҷом расид. Мўъмин Қаноат, албатта, чанд муддат кору зиндагии коргаронро омўхт ва пас дар асоси маводи мушаххас достонро офарид. Шоир эҳсос кард, ки сабаби ҳамаи ин комёбиҳо дўстист ва бо як ҳиссиёти баланд ин дўстиро дар достон тараннум кардааст:

Субҳидам, Дар сар кулоҳи оҳанин,
Медарояд Нур дар зери замин.
Ҳамраҳи ў чор ёри кўҳкан
Чор тан аз чор ҷои як ватан:
Аз канори Волга, аз паҳнои рус,
Аз лаби дарёи дарёҳои рус,
Аз Енисей, аз муҳити нурхез,
Аз Днепрогес, аз номи азиз,
Аз хурўшу ҷунбиши ороми Дон,
Аз лаби рўди равон, ороми ҷон.
Сўи Вахш омад баҳори аввалин
Чор марди хокии нурофарин.
Чор дарё ёри як дарё шуданд,
Ҳамчу Нури норакӣ таҳҷо шуданд.

Достони «Китобҳои захмин» характери тарҷумаиҳолӣ дорад. Шоир айёми мактабхонӣ, солҳои аввали ҷангро тасвир кардааст. Дар достон азо-бу машакқати мардуми ақибгоҳ ва меҳру муҳаббати шогирдон нисбат ба омўзгор хеле барҷаста тасвир шудааст. Дар достон омадааст, ки устоди қаҳрамони лирикӣ ба ҷанг рафта, корнамоӣ нишон медиҳад. Мактубҳояшро мутолиа намуда, шогирдонаш аз корнамоиҳои устод шод мегарданд ва хубтару беҳтар мехонанд. Вале дере нагузашта мактуби сиёҳ меояд. Шогирдон ва муаллима, яъне завҷаи муаллимашон, аз марги муаллим ашки ҳасрату надомат мерезанд. Мардуми деҳа ғамгин мегарданд. Даҳшати ҷанг, оқибати мудҳиши он дар асар реалӣ инъикос ёфтааст. Қаҳрамони лирикӣ дар анҷоми достон қадрдонӣ, сипосгузории шогирдон ва аҳли деҳаро нисбати устод хеле самимӣ ва бо ҳаяҷон баён намудааст:

Муаллима «Карам» гуфту фиғон бардошт,
Қаборо чок зад, сад парда аз захми ниҳон бардошт.
Сарои ишқи яздонӣ — азохона,
Ба гирди хонааш будем парвона…
Давидам аз миёни селаи занҳо
Гузаштам аз миёни оҳу шеванҳо.
Гирифтам аз кафи сарди муаллима сияҳнома,
Сабо будӣ сияҳкоса, Замин будӣ сияҳҷома,
Ба мактаб тохтам, нашнохтам онро,
Бидидам синфҳои гирдгардонро,
Хати манҳусро бо дасту дандон пора бинмудам,
Ва бо ин маргро бечора бинмудам.
Китоби захмдорамро ба рўи сина бинҳодам,
Бурун рафтам. Ба ёдам ёди устодам.
Ба дил меҳри паризодам, Ба гўшам охирин овоз
Чу занги охирин будӣ танинандоз.

 

Мақсади шоир аз иншои ин достон дар чист? Ба ин савол адиб дар анҷоми достон ҷавоб гуфтааст. Барои хушбахтӣ ва саодати имрўзаи мо басе ҷонҳо нисор шуданд, номаҳои ошиқона нохонда монданд, ба хотири шаҳидоне, ки ҳанўз ҳам барнагаштаанд, ба ёди устоди қаҳрамони лирикӣ адиб достони худро иншо кардааст, то ки аз он насли имрўза ва оянда ибрат гиранд, қаҳрамонӣ, ватандўстӣ омўзанд:

 

Ба ёди рўзҳои рафтаю монда,
Ба ёди номаҳои ишқи нохонда,
Ба ёди захмҳои дар ҷигар монда,
Ба ёди мурдаҳои дар сафар монда,
Ба ёди ҳар ду устодам,
Зи дунёи дарунам роз бикшодам.

 

Дарду алами шоир хеле зиёд буд. Ҷанги хонумонсўз даҳшати зиёд ба сари халқ овард. Барои рафъи душмани ғаддор фарзандҳои барўманд қаҳрамонӣ нишон дода, ғалаба карданд. Махсусан муҳорибаи Сталинград дар таърихи башарият беназир буд. Мўъмин Қаноат ҳам доир ба ин муҳориба маводи фаровонеро мутолиа кард, санадҳои гуногунро омўхт, ба Сталинград рафт, бо иштирокчиёни ин муҳориба вохўрда, сўҳбатҳо доир намуд ва пас дар солҳои 1965-1970 достони «Сурўши Сталинград»-ро иншо намуд.